Рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷиткистон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ҷушу хурӯш ҷараён дорад. Бо мақсади шафоф баргузор шудани озмун масъулони он барои волидон ва иштирокдорон дар ҳар як номинатсия мониторҳо гузоштаанд, ки рафти озмун пурра мустақиман пахш ва аз ҷониби тамошобинон назорат карда мешавад. То кунун ягон шикояте ворид нашудааст. Барои иштирокчиён ва аъзои ҳакамон дар бинои Китобхона ду вақт кофе брейк ва як маротиба ҳангоми нисфирӯзи хӯроки гарм ташкил карда мешавад.
То ин дам аз рӯи 5 номинатсияи озмун бештар аз 160 довталабро доварон аз вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон шуниданд.
Ба иттилоъи Фирдавс Аминов масъули озмун дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик”, то нимаи рӯзи панҷуми озмун (11-декабр) дар номинаи мазкур 43 нафарро шунидаанд, ки аз он 2 нафар аз вилояти Бадахшон, 15 нафар аз вилояти Суғд ва 26 нафар аз вилояти Хатлон будаанд. Бояд гуфт ба номинатсияи мазкур 67 нафар довталаб роҳхат гирифтаанд.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик бошад, то ин замон аъзои ҳакамон 34 нафар - 2 нафар аз вилояти Бадахшон, 13 нафар аз вилояти Суғд ва 19 нафар аз вилояти Хатлон будааст. Дар номиани мазкур 62 нафар роҳхат гирифтаанд.
Дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик” то нимаи аввали имрӯз ҳайати ҳакамон 39 нафар: 3 нафар аз ВМКБ, 17 нафар аз вилояти Суғд ва 19 нафар аз вилояти Хатлонро шунидаанд. Ба ин номина 54 нафар роҳхат гирифтаанд.
Дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” бошад доварон 35 нафарро аз тамоми ҷумҳурӣ шунидаанд, ки шумораи умумии доваталабони ин номинатсия 61 нафар мебошанд.
Дар номинатсияи “Шоирӣ” бошад то ин дам 12 нафар баромад намудааст, ки шумораи умумии довталабони он 23 нафар мебошанд.
Бояд гуфт дар озмун довталабон аз рӯи номинатсияҳои интихоб кардаашон рӯйхати асарҳои хондаашонро ба ҳакамон пешниҳод мекунанд ва 7 нафар аъзои ҳакамон аз ҳамон рӯйхат ба довталаб суолу ҷавоб мекунанд. Тавре аъзои ҳакамон иброз медоранд, омодагӣ нисбати соли аввал хеле хуб аст, вале ҳанӯзам камбудиҳо дар пешниҳоди рӯйхати асарҳо ба назар мерасад, ки аз надонистани низомномаи озмун мебошад.
Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 7 декабр шуруъ гардид ва то 15 декабр идома меёбад. Ба даври ниҳоӣ 267 нафар иштирокчӣ аз вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифтааанд.
Бояд зикр намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Амри Президенти мамлакат ба муносибати 30 солагии ҷашни Истиқлолият соли дуюм аст доир мешавад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи матбуоти даврӣ.