Боймурод Шарифзода: Ба хотири шафофият доваталабонро бештар аз як соат ҳам мешунавем
Нашр шуд 2020-12-10 13:08
Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба иди воқеии китоб табдил ёфтааст, зеро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳӯрӣ беҳтарин китобхонҳо ҷамъ омадаанд то донишҳои андӯхтаи хешро ба ҳакамон пешниҳод намоянд. Масъулини озмун шароити беҳтаринро чӣ барои довталабон ва чӣ барои ҳакамону волидон муҳаё кардаанд. Ба қавли аъзои ҳакамон чеҳраҳое пайдо мешаванд, ки бо нутқи буррову андешаҳои созандаашон қалбҳоро тасхир месозанд, вале акси ин ҳолат низ ҷой дорад. Ҳастанд чеҳараҳое, ки дар бораи асари хондаашон чизе гуфта наметавонанд, шояд аз ҳаяҷон аст ё шояд тасодуфан ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтаанд, вале ин ҳама аз назари ҳакамон дур намемонад.
Дар рӯзи чормуи озмун бо садри аъзои ҳакамон аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик Боймурод Шарифзода суҳбат кардем. Мавсуф гуфт озмуни имсола тобиши дигар дорад, довталабон бо ҷиддият омадаанд. Ду рӯзи аввали озмун бо шунидани довталабон аз вилоятҳои Бадахшону Суғд сипарӣ шуд. Дар рӯзи семюм намояндагони вилояти Хатлонро шунидем, ки шояд имрӯз ва фардо низ намояндагони ин вилоятро шунавем. Ба иттилои Б. Шарифзода аз вилояти Бадахшон ду нафар дар номинатсияи мазкур ширкат варзиданд. Намояндагони вилояти Суғд хеле фаъол буданд, барои мисол як хонадаи синфи 7 беш аз 76 повест, 36 роман, 1000 –ҳо байтҳо аз ёд кардааст. Як нафаре, ки ҳамагӣ 12 сол дорад ва дар сатҳи маърифтаи ӯ дарк намудани ин миқдор осор хеле гарон аст, аммо боваршуданист. Мо бо ӯ суҳбат кардем санҷидем ва ба суолҳои мо хеле посухҳои мушаххас дод- гуфт Боймурод Шарифзода. Ба андешаи ӯ доваталабон аз вилоти Хатлон омодагияшон нисбатан сусттар аст. Чунин ба назар мерсад, ки гӯё бо низомномаи озмун ошно нестанд. Бо вуҷуди ин озмун дар сатҳи хуб ҷараён дорад.
Натиҷаи 3 рӯзи озмун нишон додаст, ки баъзе довталабон рӯйхати адабиётҳои зиёдеро пешниҳод кардаанд, вале ҳаноми пурсиш лаҳзаҳои асар ё қаҳрамонҳои асарро намедонанд. Ба гуфтаи Боймурод Шарифзода ин гурӯҳ доввталабон шояд мазмуни асарро аз куҷое шунидаанд, ё аз китобҳои таъирихи адабиёт таҳили мундариҷавии онро хондаву мехоҳанд дар ин ҷо баромад кунанд, ки аъзои ҳакамон ба ин чизҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва ба хотири шафофоияти озмун ва пайдо кардани чеҳраҳои воқеии китобхону, суханвар ҳар як довталабро бештар аз як соат ҳам пурсуҷӯ мекунанд.
Роҳбари аъзои ҳакамон аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, мегӯяд омӯзгороне, ки дар мактабҳои миёна ба таълиму тадрис машғуланд, бояд худ огоҳ бошанд, худашон асарҳои бадеиро мутолиа кунанд ва асарҳоеро ба шоигрдон тавсия диҳанд, ки хеле арзишманд аст. Зеро дар озмун баъзае довталабон дар рӯйхати асарҳои мутолиакардаашон аз адибони асили адабиёти муосири тоҷик чизеро наовардаанд. Онҳо асарҳоеро хондаанд, ки дар даст доштаанд, бештари асарҳои хондаашон асарҳои адибони маҳалист, адибонест, ки дар ҷумҳурӣ онҳрор хеле кам мешиносанд ё шояд намешиносанд. «Бояд омӯзгорони макатбҳо пеш аз он, ки шоигрдонашронро ба озмун мефиристанд, бо омодагии пухта ва ҷиддӣ бо онҳо кор кунанд, худашон китобҳои зиёд хонанд, пурсиш кунанд ва баъад ба озмун фиристанд», гуфт Боймурод Шарифзода.
Маврид бар зикр аст, ки то соати 10 рӯзи чоруми озмун, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик аъзои ҳакамон 27 нафарро шуниданд, ки намояндагони вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон будаанд. Дар маҷмуъ ба даври ҷумҳурӣявӣ аз рӯйи номинатсия мазкур 62 нафар роҳхат гирифтаанд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи матбуоти даврӣ.