«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Рӯзи аввал дар номинатсияи «Шоирӣ». Доварон 3 нафарро шуниданд

Рӯзи дуюм аст, ки  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷараён дорад. Дар рӯзи нахустин аз рӯйи номинатсияи «Шоирӣ» аъзои ҳакамон 3-нафарро аз вилотяи Сӯғд: Мафтуна Нозирова, Сафар Абдураҳимов ва Мадина Қодироваро шуниданд. Имрӯз ширкаткунандагон аз вилояти Хатлон шунида хоҳанд шуд.

Ба итттилоъи Хайриддини Хайрандеш аъзои ҳакамон аз номинатсия «Шоирӣ» дар рӯзи аввал тавонистанд чеҳраҳои нави эъҷодкорро кашф намоянд. Ба андешаи Хайрандеш ҳарчанд дар навишту эъҷодиёти нахуситин баромадкунандандагон каму костагӣ ба назар мерасид, вале дар маҷмӯъ метавон гуфт миёни иштирокчиён чеҳараҳои нави суханвару сухандон зиёд аст.

Рустам Ваҳҳобзода сардори гурӯҳи ҳакамон аз номинатсияи «Шоирӣ» гуфт барояшон муайян кардани ғолибон аз рӯи ин номинатсия хеле душвор аст, зеро иштирокчиён бо тайёрии пухта омадаанд ва гузашта аз ин аз рӯйи номинатсияи «Шоирӣ» танҳо 3 ҷойи итфихорӣ муқарар шудааст, ки муайян кардани беҳтаринҳо кори онҳоро душвор месозад. Ҳар  чеҳрае, ки ин ҷо омадааст, бо эҷоду суханаш аз ҳамдигар фарқ мекунад ва мутмаинам, ки соли оянда ба номинатсияи мазкур тағйиротҳо ворид гардида, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ бештар карда мешаванд.

Мафтуна Нозирова иштирокчии аз шаҳри Панҷекат, ки нахустин шуда назди доварон баромад кард, зимни суҳбат бо мо гуфт: “Ҳаяҷону  тӯғёне, ки вуҷуди маро форо гирифтааст, аз тӯғёни дарёи Зарафшон ҳам пурҷӯштар аст, ифтихору муҳаббате, ки дар вуҷуди ман аст, ба фарози қуллаҳост, зеро ман аз даври вилоятӣ ғолиби ҷойи аввал гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтам, ки ин орзуи садҳо нафар буд. Ман худро масъул медонам, ки истеъдоде, ки Худованд дар вуҷуди ман ҷой ниҳод, нишон диҳам худро муаррифӣ кунам. Умеди ман аз ин озмун он аст, ки бардоштҳои ман беҳтар аз бештар хоҳад буд. Дастоварди ман аз ин озмун шеърҳое, ки бо воситаи  ҳамин озмун навиштаам, муҳаббате, ки ман ба Ватан баён кардаам ин беҳтарин дастовардест, ки ман дар даври ҷумҳуриявӣ назди устодони сухан баён кардам”.

Ёдовар мешавем, ки дар номинатсияи шоирӣ 23 нафар аз вилоятҳои Суғду Хатлон,  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат меварзанд.

Ғолибонро аз рӯйи ин номинатсия барои ҷойи якум 25 000 ҳазор сомонӣ, ҷойи думюм 20 000 ҳазоро сомонӣ ва ҷойи сеюм 15 000 ҳазор сомонӣ интизор аст.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Шуъбаи матбуоти даврӣ.

Барчаспҳо: