Бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО китоби "Нома ва номанигорӣ дар "Шоҳнома"- навиштаи шодравон доктор Ҷурабек Назрӣ ва доктор Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ мунташир шуд. Ин китоб солҳои 1999 ва 2014 дар шаҳри Душанбе (бо хати кириллӣ) ва соли 2001 дар Теҳрон бо хати форсӣ чоп шудааст. Муаллифони китоб таъкид мекунанд, ки башар аз ҳамон ибтидо, ки соҳиби тафаккур, забон, хату савод ва коғазу давот гардид, барои рафъи тараддуд ва ташвишҳояш дар зиндагӣ ва интиқоли эҳсосоту дархостҳояш аз гӯшае бар гӯшае, аз кишваре ба кишваре ба фиристодани пайғому нома зарурат пайдо кард ва минбаъд фиристодани нома ба ҳукми суннат даромад, ки пайку қосидон ин масъулиятро бар дӯш доштанд.
Дар идома нависандагони китоб муруре доштаанд бар мазмуну муҳтавои номаҳои "Шоҳнома" ва низ ба баррасии фармонномаҳо, фатҳномаю сулҳнома, аҳднома, пирӯзиномаю андарзнома ва аҳволномаҳо пардохтаанд.
Бо қалами сипаҳсолори сухани форсӣ дар шоҳкори шоҳвораш ҷамъулҷамъ 120 нома миёни шоҳону паҳлавонон, хешовандон радду бадал мешавад, аммо номаҳо аз матну батни достон ҷудо нестанд, гӯӣ бахше аз онанд ва донои огоҳи Тӯс бо ҳамон килки зарнигор одобу русум, суннат, пешинаи афрод, ҳатто ранги аспу муҳри нома, рӯҳияи дабиру номанавису номабару номагирро ончунон бо зарофат менигорад, ки ҳамаи ин тасвирҳо бо паёми нома даст ба даст медиҳанд ва хонандаи закию огоҳ аз ин назокати кори муаллифи "Шоҳнома" ба ин нукта пай хоҳад бурд.
Китоб дар 200 сафҳа бо ҷилди захим ва бо эҳтимому вироиши Ҳасани Қарибӣ - муҳаққиқи эронӣ ба форсӣ баргардон шуда ва аз сӯи интишороти "Орван" ба табъ расидааст.
Шоҳмансури Шоҳмирзо