Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Мирзоазим Сомии Бўстонӣ (Аз тумани Бухоро, вафот—1325 ҳиҷрӣ)

(Аз тазкираи Афзал)

Дам ғанимат дон, зи чархи бемадор андеша кун,

Магзарон имрўз, аз анҷоми кор андеша кун!

Дидаҳои дом орад бар замин мурғ аз ҳаво,

Чашми худ бикшо, зи чашми интизор андеша кун!

Ҳеҷ медонӣ, ки сомони ту ранги рафта аст,

Эътиборе гир, эй беэътибор, андеша кун!

Чун шукуфтӣ, баргрезиҳои гулшан ёд ор,

Аз дами боди хазон андар баҳор андеша кун!

Чун хаёлу хоб ҳаҷру васл яксар бигзарад,

Ин ҳама ҳеч аст, эй ғафлатшиор андеша кун!

То ба кай нозӣ ба сомони ғурур, эй бевафо,

Оқибат бингар, зи ҷаври рўзгор андеша кун!

Мебарӣ аз дил қарору мекунӣ аз ман канор,

Мешавӣ рўзе чу Сомӣ беқарор, андеша кун!

***   ***   ***                                    

Фард

Нест танҳо ростӣ ин ҷо далели эътибор,

Қимати сўзан зи сўрох аст, не аз ростӣ.

Фард

 Гармии ҳангомаи дунё ба дунон бастаанд,

З-он ки ин ҳаммомро ҷуз хас намеояд ба кор.

Мирзоазими Сомӣ яке аз пурдонони аҳди худ буд. Дар вақти амир Музаффар ва авоили аҳди Абдулаҳмад дар дарбор ба иншонависӣ машғул буд. Аммо аз ин ҷо, ки (чунончи дар ашъораш ишора рафт) вазъияти дарбори амир ва муомилаи сипоҳиёни ўро бо раъият ҳеҷ намеписандид, биттабъ аҳли дарбор ҳам ўро ўро намеписандиданд. Ҳар қадар ки фасоди амиру аҳли дарбор бештар мешуд, забони танқиду шикояти Сомӣ ҳам дарозтар мегардид.

Рафта–рафта аз дарбор мардуд ва ваҷҳи маошаш мақтўъ шуд, ба ҳадде, ки дар ҳоли ҳафтодсолагӣ бисёр хориҳо дид. Афроди хонаводааш панҷ—шаш нафар буданд, аммо чизе надошт,ки фурўхта, барои эшон нон тадорук кунад. Илова бар ин, дар ҳолати пириву нотавонӣ аз нури биниш ҳам ҷудо шуд. Амиру вазир, ба ҷои он ки ҳуқуқи собиқаашро дар назар гирифта,ба ҳолаш тараҳумме намоянд, «кўрнамак охир кўр шуд» гуфта, хурсандӣ мекарданд.

Таълифоти Сомӣ ба қарори зайл аст:

Ба номи «Туҳфаи шодӣ»- таърихи амирони манғит;

Такмили «Дахмаи шоҳон»-и Мирзо Содиқи Муншӣ, манзум ба вазни «Шоҳнома»;

«Танзеҳ –ул –иншо »-дар руқъаву муросалот;

«Миръот-ул-яқин»;

«Маношир-ул-аълом » - дар ярлиғу маншурҳо;

«Мафотиҳ-ул -ибар» - шарҳи «Масоҳибу-л-фикар» ;

Тарҷумаи «Аълом-ун-нос»;

«Тазкират-ул-фузало» ва баъзе чизҳои парешон.

Абёти Сомӣ хонандаро ҳаяҷони бадеӣ намебахшад, аммо қимати адабияи назму насри ў дар ин ҷост, ки бисёр сода менависад ва бебокона танқид мекунад. Дар замоне, ки ҳама соҳибқаламони дарбор дар мадҳи амиру вазир қасидаҳо иншод мекарданд, Сомӣ қабоеҳи аҳли ҳукумактро ошкоро ба рўяшон мезад. Ин аст ҷасорати адабия.

Таҳияи Уғул Бобораҳимова,

мутахасиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.     

Садриддин Айнӣ.

“Намунаи адабиёти тоҷик”,

Душанбе соли 2010.