Рӯзи дарҳои боз ба ҷашни ҳақиқии китоб табдил ёфт

Тавре қаблан иттилоъ дода будем ба муносибати Рӯзи китоб ва Рӯзи истиқлолияти давлатӣ аз субҳи баврақт дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»  «Рӯзи дарҳои боз» оғоз гардид, ки интизор меравад то 3 сентябр идома ёбад. То кунун садҳо нафар донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ташриф оварданд, ки онҳоро кормандони Китобхонаи миллӣ  ба толорҳои хониш раҳнамоӣ намуда, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон додан два онҳоро  бо намудҳои хизматрасониҳои гуногуни китобхона аз наздик ошно намуданд.

Муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова зикр кард, ки чорабинии «Рӯзи дарҳои боз» тулии ду рӯзи дигар низ идома меёбад ва ҳар нафаре, ки ба ин ганҷинаи гаронбаҳои миллат қадам ранҷа мекунад роҳбаладони махсус онҳрор  роҷеъ ба таърихи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, хизматраосниҳои муассиса ва дар бораи осорхонаҳои Китобхона  маълумотҳои муфассал медиҳанд. Ба иттилоъи муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ дар муассиса курсҳои забономӯзи ба роҳ монда шудааст ва хоҳшмандон имкон доранд то худро дар курси забонҳои англисӣ, русӣ, немисӣ, арабӣ, куриёгӣ ва чиноӣ  номнавис кунанд.

То соати 11-30 диқаи имрӯз алакай донишҷӯёни донишгоҳҳои Миллӣ, Санаъта ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, Техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, Сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ташриф оварданд, ки   дар бораи ганҷинаи пурғановати меҳан  Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ гирифтанд.

Чорабини ё худ  Рӯзи дарҳои бозе, ки дар Китобхонаи миллӣ ба муносибати Рӯзи китоб ва ҷашни умумимиллии Истиқлол роҳандози шудааст ҷашнгоҳи воқеии китобро мемонад. Аз донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар устодон донишҷӯёне, ки соли ҷорӣ номи пуршаварфи донишҷӯиро соҳиб гардидаданд ба ин даргоҳ омада аз наздик бо хизматрасониҳои Китобхона ва адабиёти тозанашри ин муассиса ошнои пойдо мекардаднд. Зафари Шариф декани факулелтети китобдоорӣ ва иттилооотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон аз зумраи устодоне буд, ки бо шогирдони хеш аз ҷашни китоб диданд мекардаднд. Мавсуф зимни суҳбат баён дошт, ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи китоб ва ҷашни умуми миллиии Истиқлолияти кишвар дар Китобхонаи миллӣ баргузории чорабиниҳои мухтлаифу мизҳои мудаввар ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин ҷанш иди мо китобдорон мебошад ва ҳамасола бо донишҷӯёни факулта ташриф меоварем то аз навгониҳои соҳа ва китобҳои тозанашр огоҳи пайдо намоем.

Чун гуфтем чорабиние, ки ба ифтихори Рӯзи китобу ҷашни Истиқлол роҳандози шудааст дар он намоиши китобҳои тозанашри ҷумҳурӣ ва китобҳое, ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ба маърази дид гузошта шудаанд. 

Китоби «Бохтар»  аз ҷумлаи осори тозанашре мебошад, ки дар доираи силсилаи «Тоҷнома» ба тозаги рӯйи чоп омадааст ва ба марази тамошо гузошта шудааст. Ин китоби тозанашр аз ҷониби Маркази Тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳия ва ба нашр расидааст. Тавре Манижабону Убайдуллоева сардори Маркази Тоҷикишиносӣ иттлоъ дод, ин китоби дуҷилда бо андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Дар ҷилди аввали он бахше аз китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба ҷои сарсухан ва дар ҷилди дуюм бахше аз китоби “Забони миллат - ҳастии миллат” ба ҷои пешгуфтор оварда шудааст.  Қисматҳои баъдӣ аз осори муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ аз ҷумлаи Б. Ғафуров, Ю. Яъқубшоҳ С. Назарзода, А. Лаълзод, В.М.Массон., В.И. Сарианидӣ., И.Р. Пичикян., Л. Т.Пянкова., И. В. Пянков., И.М. Оранский., ки марбут ба фарҳангу забони бохтарӣ аст, фароҳам омадааст. Ин қисматҳо як даврони комили таърихии фарҳанги миллати тоҷикро дар бар гирифта, аз маълумотҳои зиёди судманд оид ба расму ойин, урфу одат ва маданияти шаҳрдории тоҷикон дар асрҳои дур бо шавоҳиди таърихӣ ба таври возеҳу равшан  иборат аст. Тавре Манижа Убайдуллоева баён дошт яке аз ҳадафҳои Маркази “Тоҷикшиносӣ” низ таҳия ва ба нашр расонидани силсилаи китобҳои «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) мебошад, ки мероси хаттии тоҷиконро аз аҳди бостон то даврони истиқлоли Тоҷикистон ва таҳқиқоти дар мавриди таърихи тоҷикон анҷомёфтаро дар бар мегирад. Силсилаи мазкур бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп мерасад.

Бояд гуфт мақсад аз баргузории Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва  китобхонӣ аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар саросари Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз 12 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад» Аз он ба баъд ҳамасола дар ҷумҳурӣ Рӯзи китоб бо шукуҳу ҷалоли хоса таҷлил карда мешавад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Шуъбаи матбуоти даврӣ

Барчаспҳо: