Ба муносибати «Рӯзи китоб» ва ҷашни умумимиллии «Истиқлолият» дар Муассисаи давлатии Китобхонаи милллии Тоҷикистон аз 1 то 3 сентябр рӯзи «Дарҳои боз» баргузор карда мешавад. Ин як анъанаест, ки ҳамасола баргузор мешавад ва тӯли ин се рӯз садҳо нафар ба Китобхонаи миллӣ меоянд, аз толорҳои он дидан мекунанд, бо фаъоляти китобхона аз наздик ошно мешаванд.
Новобаста аз он, ки дари ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон бозанд, вале дар ин рӯзҳо рӯзи ошноии хонандаҳое ба Китобхонаи миллӣ мебошад, ки бори нахуст ба остонаи он по мегузоранд. Дар «Рӯзи дарҳои боз» кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми меҳмонону хонандагоне, ки ба Китобхона ташриф меоваранд ба толорҳои хониш раҳнамоӣ намуда, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд, бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавии Китобхона шинос мекунанд ва роҷеъ ба таърихи ин ганҷинаи меҳан иттилоъ медиҳанд.
Бояд гуфт дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 3 толори намоишгоҳ фаъолият мекунад, ки дар фонди он китобҳои нодир, дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ, толори намоиши китобҳои даварони истиқлол ва дигар маводҳои гаронбаҳои таърихии меҳан ба намоиш гузошта шудааст. Ба он меҳмонону сайёҳоне, ки дар рӯзи «Дарҳои боз» ба китобхонаи миллӣ ташриф меоранд, оиди фонди тиллоӣ ва маводҳои гаронбаҳо маълумоти муфассал дода мешавад.
Дар ин рӯзҳо ташкил ва баргузории намоишҳои китоб дар назар гирифта шудааст, ки китобҳои тозанашри ҷумҳурӣ ва китобҳое, ки аз ҷониби Муассисаи Давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳамзамон аз ҷониби Шуъбаи матбуоти даврии Китобхона намоиши рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашре, ки мавзӯҳои «Истиқлол», «Китобу китобдорӣ» дар саҳфаҳои он инъикос шудааст, ба намоиш гузошта мешавад.
Мақсад аз баргузории рӯзи «Дарҳои боз» ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва китобхона аст. Таъкид мекунем, ки роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони кишвар имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик ошнои пайдо намоянд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи матбуоти даврӣ.