Номаҳои бетаҳрир
Нашр шуд 2020-08-10 15:48
Ба мо бештар аз тариқи саҳифаи Китобхонаи миллӣ дар Фейсбук менависанд ва оянда талош хоҳем кард онҳоро низ ин ҷо орем.
Инак, номаи Дилноза Қурбонова:
Ассалом Директор ва коркунони Китобхонаи миллӣ!
Ман мехоҳам дар ин нома миннатдории худро ба шумо изҳор кунам. Чунки шумо дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт яъне дар давраи пандемия тайёред, ки ба донишҷӯён ва мизоҷон хизмати пуршарафонаи худро аз таҳти дил расоне ва иҷро карда истодаед.
Мо медонем, ки манбаи дониш ва илму маърифат ин китоб мебошад. Дар ин кор саҳми шумо хеле муҳим аст.
Чи хеле ки дар як китоби қадим шоҳи хирадманд Сулаймон навиштааст: Аз некӣ кардан ба мӯҳтоҷе даст накаш, вақте ки карданаш аз дасти ту ояд.
Шумо дар зоҳир кардани руҳияи фидокорӣ барои пешрафти ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода истодаед. Шуморо барои меҳнати садоқатмандонаатон ба ин мактуб миннатдории худро баён месозам.
Бо эҳтиром: мизоҷи шумо
Қурбонова Дилноза, вилояти Хатлон, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳаи Гулобод, ҷамоати Қ. Гиёев.