Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Аввалин василаҳои осори хаттӣ: ПЕРГАМЕНТ

 Пергамент дар авҷи инкишофи масолеҳи хаттии папирусӣ ба вуҷуд омадааст. Вай ба муносибатҳои доду гирифти байни Сурия ва Миср алоқаманд буд. Садаи 2-юми пеш аз мелод шоҳаншоҳи Сурия Евмани II дар пойтахти худ (шаҳри Пергам) барои офаридани дастхатҳо харидани папирусро аз Миср раво донист. Вале шоҳаншоҳи Миср аз мақсаду орзуҳои Евман огоҳ шуд. Ӯ нахост, ки шуҳрати китобхонаи Искандарияро аз даст бидиҳад. Бинобар он, ба Сурия фурўхтани папирусро рухсат намедод.

Пас, Евман роҳи дигар ҷўст. Донишмандонро ҷамъ кард, ки роҳу воситаҳои офаридани асарҳо ва бунёди китобхонаро биёбанд. Инак, баъди ҷустуҷӯю озмоишҳо масъала сари пӯсти ҳайвонот қарор гирифт. Дар пўсти гўсфанду гўсола ва гавазну маркаб навиштани китобҳо пешкаш шуд. Нисбати навиштану тайёр кардани пӯст ин тавр қарор доданд: пӯстро дар оби маҳлулшудаи оҳакдор андаке хобонда, хушк мекарданд ва пас онро ба чорчўба кашида, ҳарду тарафашро харошида тоза мекарданд. Баъд пӯстро зери санги сабук гирифта соиш медонанд. Билохир, ба рўи пўсти суфшуда ранги тунуки равғанин мемолиданд.

Ҳамин тавр, масолеҳи хаттӣ бо номи пергемент шурўъ мешавад. Китобҳои нахустини дар пўст таълифшуда ба лўлакитобҳои папирусӣ шабоҳат доштанд. Онҳоро мисли китобҳои папирусӣ мепочонданд ва дар рафҳои махсус нигоҳ медоштанд. Навиштаҳо баъдтар ба ҳукми дафтар даромаданд. Саҳҳофӣ шўҳрат гирифт. Саҳҳофон навиштаҳоро ба шакли дафтар ҷузъбандӣ мекарданд. Барои безарар нигоҳ доштани матни китобҳо саҳҳофон аз тахтачўби суфташуда истифода мебурданд ва пас, рўи муқоваро бо пўсти ошдодаи зебо ва ё бахмалу сатин мепўшонланд. Он давраҳо чунин китобҳоро «кодекс» ҳам меномиданд. «Кодекс»-ҳо ба китобҳои ҳозира монанд буданд.

Азбаски аз пўст тайёр кардани масолеҳи хаттӣ бори аввал дар шаҳри Ам расм шуда буд, китобҳои дар ин ашё таълифшударо “Пергпмент» номидаанд. Баҳсу баҳодиҳӣ ба папирус ва пергамент садаҳои зиёд тўл кашидаанд. Ниҳоят садаи VI-уми мелодӣ қонун мебарояд. Мувофиқи он пергамент баҳои сазовор мегирад. Аз рўи ин қонун минбаъд ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ҳам дар пегамент сабт мешуданд.

Садаи IХ истеҳсоли папирус рафта-рафта паст мешаванд. Папирус аз байн меравад. Ин дар инкишофи фарҳанги замон душворӣ пеш меорад. Зеро лўлакитобҳои папирусӣ арзон буданд. Бо вуҷуди пурбардоштии пергамент барои навиштани китобҳои калон, ҷилдҳои давомдор, нусхабардорӣ аз баҳри рамаю пода баромадан лозим меомад. Дар 500-1000 пўст навиштани китобҳо баҳо надоштанд. Ин гуна китобҳо фўрухта намешуданд. Онҳоро бештар ба гарав мегузоштанд ё ҳамчун моликияти давлатӣ боқӣ мемонданд. Баъзе чунин китобҳоро дар қатори рафҳои китоб занҷирбанд ҳам мекарданд.

Замонҳои қадим китобҳои дар пергамент таълифшуда ҷиҳатҳои манфӣ ҳам доштанд. Эҳтимол, ин ба қимати арзиши пергамент алоқаманд буд. Аксаран таълифотҳо пинҳон мемонданд ва котибон ё навиштаҷотро харошида нопадид мехостанду ба ҷойи он матни китоби навро менавиштанд. Баъдтар замони китобҳои хеле боифтихору аҷоиби паргаментӣ ҳам фаро расид.

Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.