Муаррифӣ: Ҷамшед Исмоилов. Истиқлоли ватан

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов силсилаи сурудҳои худро ба нота даровардаву онро бо номи “Истиқлоли Ватан” дар шакли як китоби бузургҳаҷм интишор додааст. Ин корест, ки кам андар ками сарояндагони мо анҷом медиҳанд. Дирӯз чанд нусха аз ин китоб ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд ва акнун хонандагон, ҳаводорони таронаҳои Ҷамшед Исмоилов, ки шуморашон ҳисоб надорад, имкон доранд дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ин китобро мутолиа кунанд.

Профессор Иброҳим Усмонов як сарсухани басо мухтасаре навиштаву мӯшикофона ва олимона таронаҳои Ҷамшед Исмоиловро арзёбӣ кардааст. Устод Усмонов аз ҷумла навиштааст: Санъати сарояндагӣ санъати воқеан халқӣ, санъати воқеан қадимӣ ва санъати аз ҳама ба дил наздиктар аст,ки тамоми инсоният дар ҳамаи давру замон ба вай рӯй овардааст. Шояд касе набошад, ки замоне ҳадди ақал як байтро,ҳеҷ набошад зери лаб барои шавқи дили худ, барои ғами дили худ насароидааст, зеро суруд касро ором мекунад,рӯҳро ифода мекунад. Санъати сарояндагии тоҷикон дар тӯли асрҳо номҳои бузург ва ҳунари волои  садҳо нафар фарзандони халқро ба мо расонидааст. Он хоҳ халқӣ буданд, хоҳ касбӣ талаботи рӯҳонии мардумро қонеъ мекарданд. Дар сурашон, дар мотамашон, дар танҳоиашон ё дар ҷамоа чизеро мегуфтанду  медоданд, ки он барои ҳамон лаҳза, барои ҳамон рӯз ва барои ҳамон аҳвол малҳам буд. Ҷамшед Исмоилов монанди ҳар навмашқи дигар ба сурудҳои  фольклории тоҷик, ба оҳангҳои дилкаши насли калонсоли ҳунармандони тоҷик,ба ҳунанари сарояндагии тоҷикони Афғонистон ва Эрон такя карда, ба камол мерасид.

Барои ҳамаи ҷавонон мавзӯи ишқ сардафтари эҷод аст. Дар сурудҳои Ҷамшед ҳам ишқ хамчун рамзи покиву муҳаббати инсонӣ, ҳамчун дарди таппиши дил баланд садо медиҳад. Масалан, дар яке аз сурудҳояш мехонад «Рафтиву дар хотири ман чашми зебои ту монд» ва ё дар дигаре ҳамин ҷудоӣ ба зебоӣ ифода мешавад :

Ин даври фалак доди маро бурд ба гардун,

Ин чашми тарам ашки маро рехт ба Ҷайҳун.

Аксарияти сурудҳои  Ҷамшед содаанд, аммо образҳои равшан ва ба ақлу фаҳм наздик доранд. Ин равияро, махсусан, дар  «Модарнома»-и вай баръало дидан мумкин аст. Ман бо калимаи «Модарнома» на танҳо суруди «Модар», «Эй модари ман», “Модари ман», “Фарёди модар» барин эҷодиёти ӯро дар назар дорам, балки ҳамчунон “Марсияи Хуршед”, “Ҷони бобо” ва сурудҳои дигари дар итн равия навишташуда ҳам ба ҳамин гурӯҳ тааллуқ доранд. 

Ман қурбони сару пойи ту мешам, модари ман,

Фидои қалби зебои ту мешам.модари ман.

Вақте «Суруди Ҷамшед» мегӯянд, ман танҳо ӯро дар назар надоранд, балки ҳамчунон оҳангашро низ ёд меорам, зеро аксарияти ин оҳангҳоро худаш эҷод кардааст ё ба завқи худ мутобиқ намуда,такмил додааст. Ҳатто шеърро ҳам бо диди худ кӯтоҳ мекунад.

Чун ҳунарвари имрӯз, чун сарояндаи сурудҳои замона, албатта мавзӯи Ватан аз мавзӯҳои ниҳоят муҳимми сурудаҳои Ҷамшед аст. Дар сурудаҳои ӯ, ки ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд, оҳанг ба марш, ба ҳолати тантанавӣ, ба ҳолати шодиёна  ишора мекунад ва дар овоз ифтихори ватандор хеле равшан  ифода мешавад. Овоз ҳам чун мусиқӣ ва чун матн тантана дорад.

 Сурудҳои Ҷамшед Исмоиловро аз рӯйи нота метавон ба барномаҳои  дарсии донишгоҳҳои санъат дохил кард кард. Онҳоро хонда, омӯхта, насли нави эҷодкорро ба камол расонем, аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Ин китоб ба сарояндагони халқҳои дигар, ки ба санъати миллии мо таваҷҷӯҳ дорад, имконият медихад, ки аз ин муъҷизахои ин санъаткори  тоҷик ба осонӣ  истифода баранд.

 Таҳияи Саодат Набиева,

Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.

 
Барчаспҳо: