Китоби нав: “Достони гандум”
Нашр шуд 2020-05-21 14:32
Муаллифи ин китоб Эмомалӣ Андалеби Хатлонӣ буда, ҳоло 65 сол дорад. Хатмкардаи Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва мактаби олии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошканд мебошад.
Китоб фарогири ривоятест машҳур, аз сарзузашти пурмоҷарои зироати қиматтарин барои инсон-гандум, ки чун зари холисаш низ ном мебаранд ва бешак, маводест пурҳикмату хонданбоб.
Андалеб, аслан шоири достонсарост ва тавре худи ў мегўяд, шояд ин ҷавҳар аз таъсири достонҳои “Ҷони ширин”-и устод Турсунзодаву “Хирадномаи искандарӣ”-и Мавлоно Ҷомӣ, инчунин ашъори баландпарвози Фирдавсию Аттор ва Мавлавию Саъдӣ бошад.
Ду достонаш аллакай чоп шудаву дар дасти ихлосмандони назми воло қарор дошта, боз панҷ достони дигар, бо номҳои “Курсӣ” ба куҷо, ки намебарад”, “Аҳдшикан руйи ҷаннатро мебинад?”, “Падари бозаковат ва писари бофаросат”, “Табиб ва бемористон”, “ Оёти мансух” ва боз ду китоби шоир бо фарогирии шеърҳои ирфонӣ, рубоиёту ғазалиёт ва ашъори бачагона омодаи нашранд.
Тавре худи ў изҳор намудааст, иншои боз як достони дигар бо номи “Марди мусофир ва падари бетақдир” дар арафаи анҷомёбист. Дар чакидаҳои хомаи ў таъсири осори гузаштагони хирадмандамон бармало ба мушоҳида мерасад.
Китоби “Достони гандум”, ки ба тозагӣ нашр шудааст, ҳоло дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.
Файзидин Қурбонов,сармутахассиси шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ