Пирӯзӣ дар ҷанг. Ҳазорон тоҷикистонӣ дар сафи пеши ҷабҳа буд

Ғалаба бар фашизм чашни мукаддас буда, инсониятро  огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад. Бо гузашти замон беш аз пеш аён мегардад, ки ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромўш кардани оқибатҳои ҷангу хунрезиҳо, саҳифаҳои талхи таърих ва гузаштаи фоҷиабори худро надорем.

                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

  Ҳамасола 9-уми май рўзи ғалаба  дар тамоми ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Ҳар қадар, ки солҳои тўлони аз ин ҷанг гузаштааст, корнамоиҳои ҷанги мардуми шўравӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин солҳои прошўб боз ҳам аёнтар мегардад.    Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз саҳифаҳои  пурфоҷеа   ва ҳамзамон пур аз корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатии фарзандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор  меравад.  Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рўи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.

      Солҳои 1941 - 1945 Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС бар зидди таҷовузи Олмони Фашистӣ рӯй додааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри дифои Ватани азиз бар зидди истилогарони фашистӣ бархестанд.

Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Вобаста ба вазъияти ҳарбӣ - сиёсӣ ва талаботҳои ҷанг бо супориши Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 ноябри соли 1941 дар қаламрави Тоҷикистон барои ташкили қисмҳо ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ иҷозат дода шуда буд. Ба сафи ин қисмҳо беҳтарин фарзандони Ватан интихоб ва дохил карда мешуданд. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳи декабри соли 1941 ва марти соли 1942 дивизияи 104-уми кавалерии тирандоз ва 88-уму 99-уми бригадаҳои тирандоз ташил ёфта буданд. Баталёни инжинерии дар аэродроми Ленинобод ташкилёфта низ, дар майдонҳои ҷангӣ корнамоиҳои зиёд нишон дода, то ба пойтахти Олмони фашистӣ шаҳри Берлин рафта расида буданд. Корномаи ватандӯсти тоҷик Саидқул Турдиев намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудааст. Дар саршавии ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш депутати Совети Олӣ, ҷонишини Комиссариати кумитаи замин буд. Аз шахсони баландмартаба ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтан карда буд. Саидқул Турдиев дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, соли 1944 ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» мушарраф гардонида шудааст. 

Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан -Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат ҚаробоевҲодӣ КенҷаевТӯйчӣ ЭрҷигитовСафар АмиршоевҲайдар ҚосимовИсмоил ҲамзаалиевЭргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони Тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Ба шароитҳои ниҳоят вазнини корӣ нигоҳ накарда, меҳнаткашон тамоми қувваи худро ба он равона намуда буданд, ки қатор-қатор вагонҳои пурбор шабу рӯз аз Тоҷикистон ба сӯи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озӯқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизотҳои гуногуни таъиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Армияи Советӣ фиристонда мешуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сўм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сўм ҷамъоварӣ намуданд.

      Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб ЮсуфӣҲалим КаримЛутфулло БузургзодаАбдушукур Пирммуҳамадзода ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд. Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард. Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷангиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Малика Абдуллоева,

мутахасси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.