Зарфи чор моҳи ахир беш аз 30 ҳазор нафар вориди Китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ шудаанд
Дар 4-моҳи соли 2020 аз Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар 30 - ҳазор хонанда истифода бурдааст. Мутахассисони шуъба мегӯянд шаҳрвандоне, ки ба шабакаи ҷаҳонии интренет дастрасӣ доранд, баъд аз сабти ном дар сомона имкони дастрасӣ ба беш 321 ҳазор китобро пайдо мекунанд. Кормандони шуъба талош доранд то ҳарчӣ зудтар шумораи адабиётҳоро ба фонди китобхонаи электронӣ бештар созанд.
Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 27 апрел то 10 майи соли 2020 муваққатан таътил эълон гардида буд. Ҳамзамон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд. Барои донишҷўёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4 майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти имтиҳоноти давлатии хатм то 15 майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.
Масъулони Вазорати маориф ва илм мегӯяд агарчӣ хонандагон дар давраи таътил аз дарсҳо дур бошанд ҳам, омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд. Тавре маълум аст бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад.
Дар давраи таътил хонандагону донишҷӯён имкон доранд ба мутолиаи бештари китоб машғул гардида, ба озмуни дар пеш истода омодагии хуб гиранд. Бо ҳамин мақсад масъулони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи махсуси электрониро ташкил кардаанд, ки то имрӯз дар фонди он бештар 321 ҳазор адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудааст.
Зимни суҳбат бо мо муовини сардори Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллӣ Акбари Муҳиддин иброз дошт, ки дилхоҳ хонандае, ки ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ дорад метавонад тариқи сомонаи www.nlt.tj китобҳоро дастрас намояд. Ба иттилои ин мутахассис, китобҳо дар шакли PDF ҷойгир карда шудаанд, ҳамзамон метавон дар дохили сомона низ китобҳоро мутолиа кард. Тариқи телефони мобилӣ, ки ба интернет пайваст мебошад, китобҳо дастрасанд.
Ба гуфтаи Акбари Муҳиддин он китобҳое, ки барои мутолиа дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавсия шудааст, дар китобхонаи электронӣ ҷой дорад ва хонандагон имкон доранд аз дилхоҳ гӯшаи дунё мутолиа намоянд.
Дар 4-моҳи соли 2020 аз Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар 30 - ҳазор хонанда истифода бурдааст. Мутахассисони шуъба мегӯянд шаҳрвандоне, ки ба шабакаи ҷаҳонии интренет дастрасӣ доранд, баъд аз қайд дар сомона имкони дастрасӣ ба беш 321 ҳазор китобро пайдо мекунанд. Кормандони шуъба талош доранд то ҳарчӣ зудтар шумораи адабиётҳоро ба фонди китобхонаи электронӣ бештар созанд. Истифодабарандагон ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ метавонанд ба телефони 37 2210620 (шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон) муроҷиат намоянд.
Инчунин дар Китобхонаи миллӣ шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо фаъолият мекунад, ки барои асперантон, унвонҷӯён, магистрантон кормандони соҳаи илм ва кормандони мақомотҳои давлатӣ китобҳоро барои мутолиа дар хона ва ҷойи кор ба муҳлати то 14 – рӯз пешниҳод мекунанд. Бино ба иттилои сардори шуъбаи мазкур Гулҷаҳон Асоева шуъба аз оғози сол то кунун ба беш аз 5 ҳазор хонанда тибқи дархосташон 6200 китоб пешниҳод кардааст. Ҳамзамон шуъба бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар робита буда, пайваста ба онҳо тибқи дархосташон адабиёт ирсол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамарӯза дари Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои хонандагон боз буда, барои хонандагон хизматрасонӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба пурзур намудани тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории корнавирус низоми вуруд ба Китобхона тағйир ёфта, қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам хонандагон аз санҷиш мегузаранд ва сипас бо маҳлулҳои кимиёвӣ дастони худро мешӯянд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ