Баҳодур Миралибеков: ҳунарманд, коргардон, омӯзгор
Дар спектаклҳои «Ғуруби аҷам», «Кабки қафас», «Сайхуни мафтуншуда», «Куруш ва Томирис», дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳои «Шабпаракҳои озод», «Бедонаҳо», «Соҳибаи меҳмонхона», «Тахайюли бешагӣ», «Ишқи парӣ», «Шаби охирини Суқрот», «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Маро танҳо магузор», «Ишқ ва шамшер», дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ «Отелло», «Амир Исмоил», «Шоҳ Носири Хусрав» ба саҳна гузошт.
Миралибеков Баҳодур 21 апрели соли 1950 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Ҳунарманд ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2012), дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ (2010).
Баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1973) дар Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Лоҳутӣ ба фаъолият оғозид ва аз саҳнаи он дил наканд. Эҷодкори ҷўянда аст, саргарми муваффақият намешавад, хаёлоташ рангин, тафаккураш фалсафист. Дар саҳна нақшҳои Ҳамлет, Чатский, Орест, Астров, Родриго ва Тибалтро офарид, ки кори саҳл набувад. Ҷаҳонаш саҳна асту саҳнааш ҷаҳон.
Дар коргардонӣ ҳам дасташ болост, дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковский, Театри мусиқӣ – мазҳакаи шаҳри Хоруғ спектаклҳое рўи саҳна овард, ки муҳокимаҳои гарм, баҳсу андеша, хулосаҳо, ҷунбишҳо ба вуҷуд овардаанд.
Изи дасташро дар кинои тоҷик низ гузоштааст. Ба сифати устоди Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода шогирдонро маҳорати актёрӣ омўзондааст. Дар спектаклҳои «Ғуруби аҷам», «Кабки қафас», «Сайхуни мафтуншуда», «Куруш ва Томирис», дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳои «Шабпаракҳои озод», «Бедонаҳо», «Соҳибаи меҳмонхона», «Тахайюли бешагӣ», «Ишқи парӣ», «Шаби охирини Суқрот», «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Маро танҳо магузор», «Ишқ ва шамшер», дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ «Отелло», «Амир Исмоил», «Шоҳ Носири Хусрав» ба саҳна гузошт.
Дар кинои тоҷикӣ «Садои суруди рўи барф», «Ашк ва шамшер» (4 қисм), «Ҷанҷолҳои хурди шахри калон», дар киностудияи дигар давлатҳо: «Одаме, ки мусоҳиба мегирифт», «Нома», «Шабпараки шабона» (ҳар се «Белорусфилм»), «Афғонписар» (киностудияи ба номи Довженко), «Гумшуда дар Сибир» («Мосфилм»), «Ҳалима» («Туркманфилм») ва ғайра нақш бозидааст.
Дар дубляжи беш аз 500 филм ба забони тоҷикӣ иштирок намудааст.
Дар бораи ҳунарманди маъруф дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Ҳисориев, А. Саҳнаи зиндагӣ: Дар бораи актёри ҷавони Театри академӣ драмавии ба номи Лоҳути Баҳодур Миралибеков // Комсомоли Тоҷикистон. – 1982. – 22 сентябр.
Содиқ, М. «Бигзор Чатский ҳамқадами замон бошад…»: Нақл дар бораи актёри кино Баҳодур Миралибеков // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 27 август.
Фармони Президенти ҶШС Тоҷикистон дар бораи додани унвони фахрии Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон ба Миралибеков Баҳодур актёри Театри давлатии академӣ драмавии ба номи Лоҳутӣ // Ведомостҳои Совети Олии ҶШС Тоҷикистон. – 1991. – №7. – С. 52.
Гаҷиева, А. Ў қабл аз ҳама актёр аст…: Оиди ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Б. Миралибеков // Тоҷикистон. – 1992. – №2. – С. 28.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонӣ бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» ба Миралибеков Баҳодур – режисёри театри русии ба номи В. Маяковский // Садои мардум. – 1999. – 23 сентябр.
Миралибек, Б. Тавонгарӣ ба ҳунар аст: Мусоҳибаи Ш. Додарбек бо ҳунарпешаи Театри академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Б. Миралибек // Ҷаҳони паём. – 2000. – 10-16 ноябр. – С. 5.
«Эҳёи театр инқилоб мехоҳад»: Мусоҳибаи О. Меҳрафзун бо саркоргардони Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Лоҳутӣ Баҳодур Миралибеков // Чархи гардун. – 2004. – 5 ноябр.
«Темурмалик» Ағбаҳои душворро убур кард: Мусоҳибаи О. Меҳрафзун, бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков // Чархи гардун. – 2005. – 15 июл.
Театр даргоҳи муқаддас аст: Мусоҳибаи М. Хайриддин бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков // Фирўза. – 2010. – №4. – С. 10-11.
Ватаншоев, М. Замоне Камол Айнӣ барои ин ҷавон сўхта буд…: Оиди кор ва фаъолияти щунарманди шинохтаи театр ва кино Баҳодур Миралибеков // Чархи гардун. – 2017. – 1 март.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ