Баҳор фасли зебост ва зебогиро дӯст дорад. Тозагиву низофат яке аз вижагиҳои Баҳор аст. Мебояд атроф мисли гулҳову сабзаҳои аввалбаҳорӣ ҳамеша тозаву пок бошад. Рӯзи шанбеи гузашта барои кулли кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат буд. Онҳо атрофи бино ва ҳотаи онро тоза карданд, гулҳои рангоранг шинонданд.
Алафҳои расидаро дарав карданд, бехи ҳолҳоро нарм намуданд. Ҷӯйборҳо аз ҳар гуна хасу харубаҳо тоза карданд, то дар мавсими обёрӣ об тавонад бе мамониат сабзаҳро, гулҳоро, дарахтонро шодоб гардонад.
Ин гуна рӯзҳои тозагиву покӣ ҳамвора баргузор мешаванд ва ба сони як анъанаест, ки ҳамагон омодаанд барои шукуфон мондани боғи Китобхона талош кунанд.