«Забони миллат – ҳастии миллат». Китоби дуюм: “Забон ва замон”

Ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ба нашр расид, ки ифодагари таҳаввули навине дар таърихи забони тоҷикӣ ва баёнгари азамату бузургии ин забону ин миллати куҳанбунёд мебошад.

Масъалаи забони тоҷикӣ ва ҷойгоҳи он дар зиндагии миллати мо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат мебошад. Дар сарсухани китоби чунин омадааст:

«Китоби дувуми «Забони миллат – ҳастии миллат» бо номи «Забон ва замон» давраи густариши забони тоҷикиро аз замони пурпечу фарози турктозиҳои пурвусъат, ки аз ҳуҷуми муғул шурўъ шуда, бо аз байн рафтани охирин дудмони туркнажод дар Осиёи Миёна – сулолаи манғитиён анҷом меёбад, фаро мегирад.

Ҳадафи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» низ таъкиди ҳамин ҳақиқат аст, то ҳамватанони азиз, махсусан насли ҷавони кишвар, аз таърихи пурфарозу нишеби забони модарии хеш ва аз ниёкони муваффақашон дар таърихи замони худ дарси пирўзӣ ва ватанпарастиву бунёдкорӣ омўхта, иштибоҳоти ҷавонони бетаҷрибаву фирефтаи солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор накунанд ва нерўи бузурги ҷавониро дар роҳи растохези миллӣ, ободиву тараққӣ ва сарфарозии халқу Ватани хеш сарф намоянд».

Ва китоби мазкур китоби дуюми силсила аст. Аз нигоҳи сохторӣ китоби дар баробари сарсухану хулоса ва китобнома фарогири 7 боб мебошад, ки ҳар бобе аз 4 то 8 фаслро дар бар мегирад. Он танҳо як навиштае дар бораи таърихи забони тоҷикӣ нест, балки доиратулмаорифест, ки бо такя ба сарчашмаҳову марҷаъҳои муътамади илмии ватаниву хориҷӣ, қадимиву имрўзӣ рўйи коғаз омадааст.

Боби I китоб «Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон», боби II «Забони тоҷикӣ дар Нимҷазираи Ҳиндустон», боби III «Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри ХVI», боби IV «Забони тоҷикӣ дар асрҳои ХVII-ХVIII», боби V «Забони тоҷикӣ дар асри ХIХ», боби VI «Вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон» ва боби VII «Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри ХХ» ном дошта, назару ақидаҳои муаллифро дар бораи давраи асрҳои миёна ва охири рушди забони мо ҷамъбаст менамояд.

Китоби дуюми «Забони миллат-ҳастии миллат» – «Забон ва замон» аз падидаҳои хушоянду муҳими ҷомеаи илмиву фарҳангии имрўзи мост ва туҳфаи арзандаест баҳри ҳаводорони забони тоҷикӣ ва таърихи он.

  Дар охир боз ҳам ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат рў меорем, ки мефармояд:

«Миллати тоҷик хуб медонад, ки кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст. Бо талошу заҳмати шахсиятҳои бузурги илму адаб забони тоҷикӣ дар сайри таърихии хеш давра ба давра ташаккул ва таҳаввул пайдо карда, куҳантарин ва асилтарин унсурҳои таърихӣ ва миллии худро аз қаъри асрҳо то кунун ҳифз намуда, имрўз чун ганҷинаи гаронбаҳо ба ёдгор мондааст».

Ҳайдаралӣ Аюбов,

Сардори Маркази “Конуни забони тоҷикӣ”.