Дӯсти дар Ҷопон таҳсилкардаам гуфт: Дар тамоми ҷойҳои серодами кишвари мавриди назар, мониторҳои калон насб шудаву тавассути онҳо навгониҳо ва ихтироъкориҳо таблиғ карда мешавад. Дар ин росто ҳамчунин доир ба китобҳои тозанашр иттилоъ дода шуда, китобхонӣ низ ба таври хеле густурда таблиғ мегардад.
Мушоҳида намудам, ки дар марказҳои маъмурии ағлаби шаҳрҳои мо низ чунин мониторҳо насб гардидаанд, вале аз онҳо хабарҳои бозиҳои варзишӣ, анвои мухталифи маҳсулот (ба ҷуз китоб) тарғибу ташвиқ мешавад. Дар нақлиёти мусофирбари хусусӣ бошад, тавассути телевизорҳо клипҳои овозхонҳои беҳунар, саҳнаҳои ҳаҷвии аз зарофату ҳаҷв фарсахҳо дур пахш мегарданд. Ба наздикӣ як ҳолат бисёр сахт нигаронам намуд: писарам аз ҳамин гуна намоишҳо як калимаи аз доираи адабу ахлоқ берунро ёд гирифтаву онро ҳар замон ба забон меорад. Чун барояш фаҳмондам, ки ин ҳарфро ба забон овардан айб аст, ин дашному ҳақорат аст, ҳайрон шуда эътироз намуд, ки модоме айб бошад, чаро касе аз мусофирон бо шунидани он эътироз нанамуданд? Ростӣ, дар посух лол мондам. Худи ронандаҳо бояд пеш аз ҳама онро андеша намоянд, ки дар хидмати мардум қарор доранд, воситаи нақлиёти онҳо макони ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад ва риояи адабу дигар аркони ахлоқӣ бисёр зарур аст. Мо мусофирон низ бетарафӣ зоҳир месозем. Бетарафии мо оқибати хуб ба бор намеорад. Набояд бо дидани камбуд чашм пӯшему худро нодида вонамуд созем.
Баъдан, дӯстам аз банда савол намуд, ки оё намешавад, ки дар ҳошияи суханронии Президенти кишвар, ки дар робита ба китоб дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ садо дод, бо корбурд аз технологияи иттилоотии замони муосир (манзур ҳамон мониторҳо) ба таври ҳамешагӣ китобу китобхонӣ таблиғ карда шавад?
Эроди дӯстам бамаврид буд. Воқеан ҳам, ҳар лаҳза аз китоб ёд бикунем ҳам, кам аст. Мусаллам аст, ки чунин усули тарғибу ташвиқ аз манфиат холӣ нест. Умуман имрӯзҳо родиёву телевизорҳои кишвар низ дар ин самт корҳои назаррасро роҳандозӣ карда истодаанд. Ба андешаи ҷониби мо дар баробари пиёдасозии чунин усули таблиғ ҳамзамон шароити дастрасӣ ба китобро барои мардум беҳтару хубтар гардонидан лозим аст. Ин қабл аз ҳама бо мувофиқ гардонидани нархи китобҳо ба имконоти мардум ва бо роҳи кушодани нуқтаҳои китобфурӯшӣ дар марказҳои ҷамоатҳо, ҷойҳои серодами ноҳияҳо ва шаҳрҳо муяссар мегардад. Дигар ин ки муассисаҳои нашриявӣ ва муаллифон низ барои таблиғи маҳсулот ва осори худ ҳамеша дар такопу бояд бошанд. Касе инкор намекунад, ки таблиғи китобҳои тозанашр хеле суст ба роҳ монда шудааст. Модоме хабари нашри китоб эълом нагардад, рӯнамоии он сурат нагирад, хонанда аз куҷо воқиф мешавад, ки чӣ китоб рӯйи чоп омада? Бо роҳандозии чунин иқдом метавонем, ақида бикунем, ки ҷиҳати оммавигардонии мутолиа кореро анҷом додаем. Дилпур бошем, ки бо оммавӣ гардонидани мутолиа метавон як ҷомеаи маданӣ ва фарҳангиву илмӣ сохт. Дар ин самт истифода аз шабакаҳои иҷтимоии Интернет ба мақсад мувофиқ аст. Масалан, фейсбук минбари озоди аҳли эҷод аст, вале дар он шоирон дар қиёс ба нависандаҳо хеле фаъолтаранд. Ашъори ҷолиб зиёд гузошта мешавад, аммо наср аҳёнан. Ба ҷуз ду-се нафар аз нависандаҳои мо касе аз ин имконияти хуб истифода намебарад. Замони мо замони иттилоот аст, ҳамқадами замон бояд буд, бо корбурди муносиб ва саривақтӣ аз иттилоот ҳама ҳадафи судмандро, минҷумла дар самти таблиғ, эълом, фурӯш ва дарёфти китоб низ метавон анҷом дод.
Зафари Гулмурод,
муовини сардори Шуъбаи
илмӣ ва тадқиқотӣ