Ин китоб бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода нашр шудааст.
Муаллифон:
Шарофзода Г., Матробиён С., Шодиев Р. Бобоназаров Б.. Зулфониён Р.. Исмоилов Ш., Маҳмадҷонов О., Мирбобоев А., Мирзоев С.. Муҳтарам Ҳотам, Назарзода С., Офаридаев Н., Рустами Ваҳҳоб, Султонов М., Тураев Б., Ҳомидов Д.
Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ-Душанбе: 2019, 280 саҳ.
Бо Қарори мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми апрели соли 2019, №1 ба чоп тавсия шудааст.
Номҳои ҷуғрофӣ маъхази муътамади таърихию забонӣ ба ҳисоб рафта, ба таъриху забони ҳар қавму миллат алоқамандии ногусастанӣ доранд. Дар номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он раванди ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ дар марҳилаҳои таърихии рушду инкишофи он ба хубӣ мушоҳида мегардад.
Илова бар ин, дар номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон дар баробари номҳои асили тоҷикӣ, номҳои боқимонда аз давраи қадим ва миёнаи забонҳои эронӣ (забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, сакоӣ, хоразмӣ ва ғ.) ва забонҳои шарқии эронии давраи нав: забони яғнобӣ (яке аз лаҳҷаҳои забони суғдӣ) забонҳои бадахшонӣ (вахонӣ, ишкошимӣ, шуғнонӣ, рушонӣ, язғуломӣ ва ғ.) ба мушоҳида мерасад.
Умуман дар фарҳанги забони тоҷикӣ меъёрҳои муайян вуҷуд дорад, ки бояд имрӯз ба фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ низ як қолаби муайян мавҷуд бошад.
Китоби “Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ” ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шуд ва ҳоло барои мутолиа дастрас шудааст.
Файзидин Қурбонов,
шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.