Мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ бо Сафири Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд 2020-01-16 15:33
16-уми январи соли равон мулоқоти Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк доир гардид.
Ҳадаф аз ташрифи Сафири тозаинтихоби Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ бо кори Китобхонаи миллӣ, боздид аз бойгонӣ, феҳрист ва баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои соҳавӣ байни китобхонаҳои пешрафтаи Украина ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, такмили ихтисоси кормандон, мубодилаи китобҳо, тарҷумаи шоҳасарҳои классикони ду кишвар бо забонҳои тоҷикӣ ва украинӣ ибрози назар намуданд.
Ҷонибҳо хостори он шуданд, ки барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва ҷиҳати ошноии мардумони ду кишвар бо гузаштаву имрӯзи фарҳанг, рушди илм ва ғайра дар китобхонаҳои миллии ду кишвар гӯшаҳои китоб ифтитоҳ шаванд, то хонандагон имкони бештари ошноӣ бо тамаддуни ҳамдигар дошта бошанд.
Дар фарҷоми мулоқот Директори Китобхонаи миллӣ меҳмони олиқадрро аз таърихи бунёди Китобхона, шароити он, толорҳои хониш, бойгонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайра ошно намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаи китобу китобдорӣ иброз намуд.
Умаров Фаёз,
сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ