«Маркази такмили ихтисос»

  Яке аз омилҳои калидии боло бурдани маҳорати касбии китобдорон ва тарғибу татбиқи усулҳои босифату навгонии таълим ва технологияи муосир баланд бардоштани сифати таълим дар курсҳои бозомўзии Маркази такмили ихтисос маҳсуб меёбад. Ҳадаф ва вазифаҳои Маркази такмили ихтисос дар ташкил ва таҳия намудани мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва такмили сатҳи дониши касбии кормандони китобхонаи муосир мебошад, ки ба мутахассисони рақобатпазире ниёз дорад ва дар баробари донишҳои вижаи китобдорӣ  таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

 Дар шароити имрўза бо ба назар гирифтани пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир ва сифати таҳсили системаи омўзиши такмили ихтисос имкон медиҳад, ки китобдори имрўза бо истифодаи навгониҳои технологияи иттилоотӣ- коммуникиатсионӣ ва шаклҳои нави хизматрасонӣ ба хонандагон хубтар хизмат мерасонад. Марказ дар самти ташкили курсҳои кўтоҳмуддати такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба масоили омўзиши таҳлили таҷрибаи муфиди китобдорӣ аҳамияти махсус медиҳад. Аз ин ҷост, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва Қарорҳои Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дар бораи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дарҶумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”,«Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» қабул карда шудааст, ки самтҳои асосии рушди фаъолияти китобдориро муайян менамояд. Зеро китобхонаҳо дар ҳама давру замон ва таърихи ташаккули худ нерўи пешбарандаи ҷомеаи мутамаддин ва соҳибмаърифат ба шумор мераванд ва дар ин росто нақши такмили ихтисос боз ҳам муҳимтар арзёбӣ мегардад. Аз ин рў, баланд бардоштани сифати курсҳои такмили ихтисос дар шароити имрўза вазифаи муҳим мебошад.

Бояд қайд намуд, ки сифату самаранокии курсҳои такмили ихтисос аз нишондиҳандаҳое ба шумор меравад, зеро такмили маҳорати касбии китобдор, ки омили муайянкунандаи беҳтар намудани сифати таълим аст, аз сифату самаранокии курсҳои такмили ихтисос пурра вобаста мебошад.

Бо дарназардошти ин масъалаи мубрам дар Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи китобдорӣ бо касби таҷрибаи китобхонаҳои кишварҳои пешрафта ҷиҳати баланд намудани сифати курсҳои такмили ихтисос якчанд навгониҳо амалӣ карда шудаанд:

  • муҷаҳҳаз намудани синфхонаи таълимии Марказ бо тахтаҳои электронӣ ва баргузор намудани машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос тавассути истифодаи васеи технологияи китобдорӣ-иттилоотӣ ва китобхонаи электронӣ;
  • пешниҳоди фикру андешаҳо аз ҷониби шунавандагони курсҳои такмили ихтисос бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии шунавандагон ва омўзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами соҳаи китобдорӣ.

Имрўз яке аз масъалаҳои дигаре, ки садди роҳи омўзишҳо мегардад, ба тариқи ғайриихтисос кор кардани мутахассисон дар китобхонаҳои оммавӣ-давлатӣ мебошад. Бо ин мақсад ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани бозомўзии китобдорон нақши Маркази такмили ихтисос назаррас аст.

Китобчаи “Маркази такмили ихтисос” ҳамин сислсила масъалаҳоро дар бар гирифтааст.

Мураттиби китоб Маҳмадшариф Каримов, муҳаррирон Гадобек Маҳмудов ва Юлчибой Мўсоев.

Китоб зери назари профессор Абдусалом Мирализода интишор ёфтааст. 

Хотун Файзмамадова

 
Барчаспҳо: