Ганҷи сухан”: Ёди Устод Абдулманнон Насриддин

 

 Дар нишасти 177-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дӯстону ҳамкорон, шогирдону ихлосмандони донишманди шодравон, бунёдгузори маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” Абдулманнон Насриддин дар толори факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омада, бо маърӯзаҳои илмӣ, шеърхониву суханрониҳо руҳи эшонро шод намуданд.

 Маҳфилро роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо китобҳои тозанашр ошно кард. Сипас зимни суханронии худ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шогирди устод адабиётшиноси маъруф Тоҷибой Султонзода дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдулманнони Насриддин аз оинаи хотироташ нақлҳои ҷолиб кард. Ӯ гуфт,ки мактаби устод Насриддинов мактаби одамият ва илми асил буд,ки суннат ва анъанаҳои онро мо шогирдон бояд идома бахшем. Муовини раиси КИҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон баромад карда гуфт,ки ҲХДТ ҳамешагӣ ба афроди фарҳехтаву донишманд арҷгузорӣ мекунад. Аз ҷумла- илова намуд ӯ – муқаррар намудани ҷоизаҳо ба номи донишмандон ва қаламкашони асил аз ҷумла ҷоизаи Абдуманнон Насриддин дар риштаи адабиёт дар КИҲХДТ ифодагари эҳтироми ҳизб ба аҳли илму адаб мебошад.

 Дар маърӯзаи Субҳони Аъзамзод- номзади илмҳои филология, мудири кафедраи адабиёти муосири ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров “Нақши Абдулманнон Насриддин дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ оид ба як ҷанбаи муҳими фаъолияти муҳаққиқ нигориши мақола сухан рафт.Ӯ гуфт,ки “ Номи Абдулманнон Насриддинов дар арсаи адабиётшиносӣ ва матбуоти миллии тоҷик бештар аз миёнаҳои солҳои 80-ум, хоса дар давраи дигаргуниҳои давраи бозсозӣ боз ҳам бештар сари забонҳо қарор гирифтааст. Пайванди Абдулманнон Насриддинов бо ҳалқаи равшангарӣ ва раванди худшиносиҳои милливу маънавии ин давра ва нашри мақолоти арзишманди ӯ дар заминаи фарҳангу адаби тоҷик ин маҳбубиятро бештар кард. Дар баробари пардохтан ба мавзӯи таҳқиқ дар гузориши матолиби муҳими марбут ба худсозӣ, худшиносӣ ва маънавиятгароӣ дар ҷомеаи тоҷик саҳим шуданд ва дар ин самт кам кам ҷомеият пайдо карданд. Мақолаҳои муҳимтарини Абдулманнон Насриддинов оид ба умдатарин масъалаҳои маънавиятгароӣ, таълими адабиёт дар макотиби оливу миёна ва куллан шеваҳои баҳрамандии замона аз адабиёти гузаштаву имруза, масъалаҳои забони миллӣ номи ӯро дар радифи зиёиёни номии ин давра қарор медиҳад. Алоқамандии муаллим бо мавзӯи шарҳнависӣ барои дар ҳалқаи зиёиёни тоҷик эътироф шудани эшон низ мададрасон будааст. Насриддинов дар ин радиф бо ҷусторҳои донишманди номии тоҷик Муҳаммадҷони Шакурӣ ва дигар зиёиён ҳамоҳанг буданд.”

 Субҳони Аъзамзод мақолаҳои илмии Абдуманнон Насриддинро аз назари мавзӯъ ва мундариҷа дастабандӣ намуда, моҳияти онҳоро дар такмили таърихи адабиёт ва нақду сухансанҷии тоҷик беназир арзёбӣ намуд.

 Баъдан яке аз шогирдони устод, адабиётшиноси дақиқназар, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ Шарифҷон Тоҷибоев, ки чанде пеш аз сафари илмиву омӯзгорӣ аз шаҳри Фарғонаи Ҷумҳуриии Ӯзбекистон баргашт аз бардоштҳои хеш аз ин сафар нақл кард. Ӯ гуфт,ки такмил бахшидани ҳамкориҳои минбаъда бо Донишгоҳҳои кишвари ҳамсоя,ки ба шарофати дӯстиву ҳамдигарфаҳмии сарварони ин ду кишвар ба даст омадааст айни матлаб хоҳад буд.

 Нақлҳои ибратбахши донишманди маъруфи тоҷик Мирзо Шукурзода аз таърихи дӯстиву ҳамкориҳои хеш бо шодравон Абдулманнон Насриддин писанди ҳозирин гардид. Ӯ силсилаи китобҳои навашро ба китобхонаи “Ганҷи сухан” ҳадя намуд.

 Дӯстону ҳамкорон ва шогирдони устод Абдулманнони Насриддин олимону адибонн Усмонҷон Ғаффоров, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Нуралӣ Нурзод, Додохон Эгамзод, Мирзоҳайдар Умарзод,   Баҳром Раҳматзод бо баёни хотираҳо ва қироати шеърҳои нав хотири ҳозиинро шод намуданд.

  Дар поёни маҳфил ифтихорномаҳо ба донишҷӯёни фаъол, ки дар маҳфилҳои илмӣ пайваста ширкат меварзанд ва баромад менамоянд супорида шуд.

Фарзона Алиева

 

 
Барчаспҳо: