Олими варзида, фотеҳи майдони ҷанг, ватандўсти асил
Солӣ ҷорӣ ба мавлуди профессор Додоҷон Тоҷиев 104 пур шуд, аз даргузашташ 32 сол сипарӣ гардид. Яке аз чеҳраҳои маъруф дар забоншиносии замони Шӯравии Тоҷикистон аст. Муаллифи даҳҳо китобу садҳо мақолаҳои илмиву пажӯҳишист. Шарафи ҳамнишинӣ бо олимони варзидае чун И. И. Зарубин, А. А. Фрейман, Е. Э. Бертельс, И. И. Мешанинов, С. Г. Бархударов доштааст ва аз ликсияву суҳбатҳояшон баҳраҳои комил бардоштааст. Муддати 30 сол сарварии бахши забон дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро ба уҳда доштаву даҳҳо тан худро аз шогирдони ростини профессор Тоҷиев медонанд.
Додоҷон Тоҷиев 22-юми марти соли 1915 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Забоншиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1972), профессор (1967), Муаллими Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1965), Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон (1960). Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1944. Соли 1941 Университети давлатии Ленинградро хатм кард.
Мудири сектори забон ва адабиёти Институти тадқиқоти илмии мактабҳо, директори Институти такмили ихтисоси муаллимон (1946-1947), мудири сектори забони Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон (1951-1953), мудири кафедраи забони тоҷикии УДТ (1953 -1987) буд. Аввалин асари илмияш «Калимаи «об» дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (1952) мебошад. Тоҷиев доир ба масъалаҳои забоншиносии тоҷик, пайдоиш ва инкишофи забони тоҷикӣ, пайдоиш ва инкишофи забони адабии тоҷик, бобҳои алоҳидаи грамматикаи забони тоҷикӣ – сифати феълӣ, феъли ҳол, масдар, ҳол, ҷумлаҳои мураккаб, ҷумлаҳои пайрав ва ғайра тадқиқот бурдааст. Мавзўъҳои дигари таҳқиқоти Тоҷиев масъалаи инкишофи забони адабии тоҷик дар давраи шӯравӣ, муносибати мутақобилаи забони русӣ ва забони тоҷикӣ («Забони русӣ – забони муҳовира ва ҳамкории халқҳои СССР», соли 1964) аст.
Профессор Д. Т. Тоҷиев ба маънои аслӣ омўзгори ҳақиқию олими варзида буд. Фаъолияти меҳнатии ў ибратомўз ва файзбахш мебошад.
Солҳои донишҷўӣ Додоҷон Тоҷиев аз лексияву суҳбатҳои олимони машҳури шарқшинос, чун И. И. Зарубин, А. А. Фрейман, Е. Э. Бертельс, И. И. Мещанинов, С. Г. Бархударов ва дигарон баҳравар гардида, доираи дониши худро васеъ намуд ва ба тадқиқу омўзиши масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ рағбат пайдо кард. Ў азм дошт, ки дар илми забоншиносии тоҷик саҳми босазо гузорад, аммо Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ин имкон надод.
Фаъолияти илмии Додоҷон Тоҷиев қариб ҳамаи соҳаҳои илми забон: луғат, сарфу наҳв, таърихи забон, услубшиносиро дар бар мегирад.
Додоҷон Тоҷиев дар хусуси тозагии забон ва маданияти нутқ низ кўшишҳои зиёде карда, барои пешрафти ин соҳаи забон ҳиссаи босазое гузоштааст.
Профессор Д. Тоҷиев барои рушду камоли илми забоншиносии тоҷик, баланд гардидани сатҳи сухандонию сухансанҷии мардум саҳми пурарзиш гузоштааст.
Феҳрасти асару мақолаҳои муаллим бештар аз 100 номгўйро дарбар мегирад ва зиёда аз 60 асар аз тарафи вай таҳрир шудааст. Баробари пеш бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ Додоҷон Тоҷиев оташи муҳаббати илму донишро дар дили шогирдон – забоншиносони оянда афрўхта тавонистааст. Таҳти роҳбарии профессор Д. Т. Тоҷиев зиёда аз 20 нафар олимон рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ намудаанд.
Д. Т. Тоҷиев на фақат устоди олимони ҷавони аспирантон ва донишҷўён буд, балки омўзгори хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ низ ба шумор мерафт. Онҳо дар синфи сеюм доир ба забони модарии худ аз китоби дарсии ў дониш меомўзанд.
Профессор Д. Т. Тоҷиев ҳамчун олиму омўзгори шинохта зиёда аз 30 сол сарварии кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба ўҳда дошт ва ба туфайли кўшишҳои зиёди ў кафедраи мазкур бо донишгоҳу донишкадаҳои олии марказӣ ва ҷумҳуриҳои бародар, бо муассисаҳои тадқиқоти илмии умумииттифоқ робитаю ҳамкорӣ дошт.
Профессор Додоҷон Тоҷиев 6 - уми январи соли 1987 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик ». – Душанбе, 1987. – Ҷ. 7. – С.393.
Муаллиф Ф. Хоҷаев. Аз матбуоти даврӣ низ истифода шуд.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Додоҷон Тоҷиев ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед бихонед:
Тоҷиев, Д. Забони тоҷикӣ: Синфи III . – Душанбе: Маориф, 1985. – 160 с.
Тоҷиев, Д. Забони тоҷикӣ. Грамматика, имло, ва инкишофи нутқ: Барои синфи 3. – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963. – 119 с.
Тоҷиев, Д. Забони тоҷикӣ барои синфи 3 // Мактаби советӣ. – 1971. – № 9. – С.58 – 60.
Тоҷиев, Д. Ҷумлаи мураккаби омехта // Ахбороти АФРСС Тоҷикистон. Отд. Общ. наук. – 1966. – Вып. 3. – С.69 – 82.
Тоҷиев, Д. Ҷумлаҳои мураккаби тобеи бепайвандак // Мактаби советӣ. – 1971. – № 10. –С.22 – 25.
Тоҷиев, Д. Ҷумлаҳои мураккаби тобеи сетаркиба / Муҳаррир С. Ҳалимов. – Душанбе: Ирфон, 1967. – 40 с.
Тоҷиев, Д. Ҷумлаҳои пайрави тарзи амал // Мактаби советӣ. – 1966. – № 6. – С.17 – 23.
Тоҷиев, Д. Ҷумлаҳои пайрави миқдору дараҷа // Мактаби советӣ. –1966. – №7. – С.18 – 23.
Тоҷиев, Д. Манбаи кадрҳои баландихтисос: Нақли профессор, доктори илмҳои филологӣ // Маориф ва маданият. – 1974. – 8 август.
Тоҷиев, Д. Гаҳвораи филологияи тоҷик //Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 27 май.
Дар бораи олими варзида:
Қосимова, М., Хоҷаев, Д., Абдулазизов, В. Ҷашни фархундаи забоншинос: Бахшида ба 100-солагии профессор Додоҷон Тоҷиев // Омўзгор. – 2015. – 20 март.
Ҳомид, Д. Ёди олими забоншинос: Бахшида ба 75-умин солгардизодрўзи профессор, шодравон Додоҷон Тоҷиев // Паёми Душанбе. – 1990. – 14 апрел.
Камолиддинов, Б. Самараи рамзи устод: Дар бораи профессор Д. Тоҷиев // Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 28 март.
Зикриёев, Ф. Олим, ҷанговар, ватандўст: Ба муносибати 70-солагии мудири кафедраи забони тоҷикии Университети давлатии Тоҷикистон, профессор Д. Т. Тоҷиев // Ҳақиқати Ленинобод. – 1985. – 17 апрел.
Ҳусни нави олим: Забоншиноси тоҷик, профессор Д. Тоҷиев // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 11 апрел.
Камолиддинов, Б.,Хоҷаев. ва диг. Сухан монда аз ў ёдгор: Ба ёди профессор Додоҷон Тоҷиев // Омўзгор. – 1990. – 27 март.
Хоҷаев, С. Лексияҳои пурбаракат: -и муаллими кафедраи забон ва адабиёти УДТ ба номи В. И. Ленин профессор Тоҷиев Д. // Газетаи муаллимон. – 1983. – 24 май.
Неъматов, А. Панҷоҳсолагии олим // Тоҷикистони советӣ. – 1965. – 31 март.
Ҷураев, Р. Олим, педагог, ҷанговар: Ба муносибати 50-солагии зодрўзи Д. Тоҷиев // Комсомоли Тоҷикистон. – 1965. – 31 март.
Қосимова, М., Камолиддинов, Б. Олим ва омўзгор: 50-солагии зодрўзи Д. Тоҷиев // Маориф ва маданият. – 1965. – 27 март.
Таҳияи Сафарбӣ Қурбоналиева,
мутахассиси пешбари Маркази
«Конуни забони тоҷикӣ» ва
омўзиши забонҳои хориҷӣ.