Назаре ба китобхонаҳои бузурги гузаштаи Шарқ
Нашр шуд 2019-10-10 16:56
Дар тули 2500 сол андўхтани дониши башарӣ фақат дар инҳисори китобхонаҳо будааст. Ба қавли яке аз мутафаккирони Ғарб Томас Мор «Рўҳи тамоми гўзашта дар китобхонаҳо оромидааст». Дар сартосари таърих китобхонаҳо барои таблиғи афкори хос хидмат мебурданд. Ин нишондиҳандаи таъсиргузории сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии китобхонаҳост.
Аз он ҷо ки меъёри асосии рушди фикрӣ ва фарҳангии ҷомеаро масрафи коғаз ва китобдорӣ муайян месозад, аз ин рў зарур меояд, ки назаре ба китобхонаҳои бузурги Шарқ дўхта бошем, то бидонем, ки гўзаштагони мо дар тули таърихи шукуфоии тамаддуни худ то чӣ андоза аз ин неъмати азим баҳравар буданд.
Агар дар ин аср, ки асри технология ва фаровонии коғаз аст, чор миллиард ҷилд китоб дар 750 ҳазор китобхонаҳои бузурги ҷаҳон вуҷуд дошта бошад ва танҳо дар китобхонаи Конгреси Амрико шумори 45 миллион китоб ва санадҳои таърихӣ маҳфуз бошанд, хеле аҳамият нахоҳад дошт, чун ин аср асри имконот аст.
Башар бо васоили ҳозиразамоне, ки дар ихтиёр дорад, метавонад соате миллионҳо ҷилд китоб ва нашрия чоп карда, ба мутолиаи умум пешниҳод намояд, вале дар он замон, ки васоили табодул афкор бисёр маҳдуд буду китобҳо бо даст навишта мешуданд, гузаштагони мо китобхонаҳои дорои чанд миллион ҷилд китоб таъсис намуда, беҳтарин ва муҷаҳҳизтарин китобхонаҳоро ташкил доданд, шоёни аҳамият аст.
Аз қабили китобхонаи Байту-л-ҳикма ё Хизонату-л-ҳикмаи Бағдод дорои чор миллион ҷилд китоб, китобхонаи Қоҳира шомили се миллион нусха китоб ва ғайра, ки шомили ҳазорҳо нусха китоб буданд.
Нахустин китобхонаи умумие, ки дар он давр бино гардида буд, ин ҳамон китобхонаи Байту-л-ҳикмаи Бағдод аст, ки аз тамоми кишварҳои фатҳгардида ба он ҷо китоб оварда мешуд ва донишмандону мутахассисон дар он ба кор ҷалб гардида машғули таълифи китоб ва таҳқиқи масоили илмӣ буданд.
Хушбахтона, имрўз мо назири онҳоро дар Китобханаи миллиамон мебинем. Агар аз ин низ баҳравар набошем, гўристони китоб хоҳад буд.
Назира Мерганова,
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”