Саҳми ховаршиносон дар муаррифии фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик
Шарқшиносӣ» ва «Ховаршиносӣ» тарҷумаи истилоҳи инглисии «Orientalism» мебошад. Гарчи вожаи «orient» ва «east» ҳар ду ба маънии «Шарқ» аст, аммо «east» ғолибан ба маънии ҷиҳати шарқии ҳар чиз ба кор меравад ва гоҳе мумкин аст ба маънии «Машриқзамин» истифода шавад. Калимаи «orient» бошад, ба маънои сарзаминҳои воқеъ шуда дар шарқи Баҳри Миёназамин ва Аврупо аст. Шояд ба ҳамин ҷиҳат шарқшиносӣ ва мусташриқ аз калимаи дуввум иқтибос шуда, истилоҳҳои «Orientalism» ва «Orientalist» ривоҷ ёфтаанд
Аз осори гузаштагон маълум мегардад, ки пайдоиш, тараққӣ ва ташаккули «Шарқшиносӣ» ё худ ховаршиносӣ ба умқи таърих мерасад. Дар умум ибтидои «Шарқшиносӣ»-ро ба замони ҳокимияти Ҳахоманишиён марбут донистан мумкин аст. Ба ин давлат зиёда аз 27 кишвари ҳамонвақтаи Шарқи наздик ва Шарқи Миёна дохил мешуданд, ки ҳар яке дорои фарҳангу тамаддуни махсуси худ буданд.
Дар бораи зуҳури шарқшиносӣ аз китобҳои Ҳеродот, муаррихи асри V-и пеш аз мелод, Галинӣ, муаррихи румии асри II-и мелодӣ маълумот гирифтан мумкин аст. Ривоҷи ин илм бошад, ҳангоме, ки доираи хилофати араб бузург мешуд ва дар кори он донишмандони Эронитабор аҷдодони тоҷикон ҷамъ мешуданд, бо возеҳияти том ба мушоҳида мерасад. Тавре муҳаққиқи ҷавон, Ҷовид Дўстов дар рисолаи «Дидгоҳи араб ба шарқшиносӣ» менигорад, ки ба ҳайати хилофат ворид шудани мардумони мухталиф чунин талаботеро ба миён овард, ки бояд табиати ин мардумон, чигунагии урфу одат ва динҳояшон назди кишваркушоёни араб ва пешвоёни Ислом маълум бошад. Ба ин хотир донишмандони Эрону Шом ва Мисрро, ки аз аҳли хатту савод буданд, ба ин кор ҷалб сохтанд. Равнақи ин кор дар замоне буд, ки дар садри идории ҳокимият хонадони тоҷикии Бармакиён қарор гирифта буданд ва халифа Ҳоруннаррашидро ба ин кор ҷалб сохтанд, то ў ба омўзиши густурдаи атрофи кишварҳо шурўъ намояд. Сипас, дар замони ҳукмронии писараш Маъмун, ки иддае тавлиди ўро аз модари тоҷик медонанд, ин фанну илм ба авҷи аълои рушди худ расидааст. Дар «Дору-л-ҳикмат»-и Аббосиён бошад, асосан омўзиши илмҳои дақиқ ва таъриху ҷуғрофиёи кишварҳои мусалмонӣ омўхта мешуд. Ин асарҳо бо омўзиши Шарқ дар маънои васеи он поя гузоштанд.
Роҷеъ ба оғози шарқшиносии ғарбиён дар миёни донишмандони дигар фикрҳо гуногунанд:
Гурӯҳе бар онанд, ки шарқшиносии расмӣ аз асри XVIII оғоз шудасст. Зеро вожаи «Orientalism» дар нимаи асри XVIII дар фарҳанги кишварҳои ғарбӣ ворид шуд. Бархе бар он боваранд, ки шарқшиносӣ аз асри XVI дар Аврупо оғоз шудааст. Зеро ниҳодҳои шарқшиносӣ дар кишварҳои Аврупо ва Амрико дар тӯли чаҳор қарни охир таъсис шудаанд.
Гурўҳи дигари донишмандон мегӯянд, ки Ғарб аз асри XIV пас аз ҷангҳои салибӣ ба фикр уфтод, ки ба ҷои ҷанги низомӣ ба шиносоии фарҳанги машриқзамин бипардозад, то бар асоси дастовардҳои пажӯҳишии шарқшиносӣ роҳҳои воқеъбинонатареро барои таомул бо Шарқ дошта бошад.
Баъзе аз шарқшиносон бар онанд, ки Ғарб дар асри XII шукуфоии тамаддуни исломиро дар Андалус ва интиқоли илмҳои Юнон ва Рум ба уммати исломиро мушоҳида кард, ба тарҷумаи китобҳои арабӣ, исломӣ ва умуман Шарқ иқдом намуд, то аз дониши азим баҳраманд шавад.
Ва иддаи дигаре аз донишмандон пайдоиши фаъолиятҳои шарқшиносиро дар асри XI медонанд.
Бояд гуфт, ки мафҳуми «шарқшиносӣ» зодаи илми аврупоист ва дар робита ба тадқиқи кишварҳои Шарқ ва амалӣ сохтани сиёсати ғарбиҳо ба вуҷуд омадааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки аввалин шарқшиносони аврупоӣ ва рус бештар шахсони низомӣ буда, иттилоотӣ ҷамъовардаашон бештар барои таҳияи барномаҳои низомӣ истифода мешуд.
«Шарқшиносӣ» ва «Ховаршиносӣ» тарҷумаи истилоҳи инглисии «Orientalism» мебошад. Гарчи вожаи «orient» ва «east» ҳар ду ба маънии «Шарқ» аст, аммо «east» ғолибан ба маънии ҷиҳати шарқии ҳар чиз ба кор меравад ва гоҳе мумкин аст ба маънии «Машриқзамин» истифода шавад. Калимаи «orient» бошад, ба маънои сарзаминҳои воқеъ шуда дар шарқи Баҳри Миёназамин ва Аврупо аст. Шояд ба ҳамин ҷиҳат шарқшиносӣ ва мусташриқ аз калимаи дуввум иқтибос шуда, истилоҳҳои «Orientalism» ва «Orientalist» ривоҷ ёфтаанд.
Вожаи «Orientalist» соли 1766 дар Донишномаи лотинӣ дар бораи «падар Булинус» ба кор бурда шудааст. Тибқи назари бархе нависандагон ин вожа аввалин бор дар соли 1779 ё 1780 дар Англия ба истифода шудааст. Соли 1812 ба Фарҳанги Оксфорд ва соли 1838 ба Фарҳанги академии Фаронса ворид мегардад.
Тибқи таърифи Фарҳанги Оксфорд ҳадафи «шарқшиносӣ» Ховари дур, Чин ва Ҷопон аст. Аммо тибқи таърифи дигар, илми «шарқшиносӣ» тамоми кишварҳои Машриқзамин ва Осиё, чӣ Ховари Миёна, Дур ва Наздик, ки дар шарқи Аврупо ва Баҳри Миёназамин қарор доранд, чӣ кишварҳои исломӣ ва ғайри исломиро ба унвони арсаи шарқшиносии ғарбиён муаррифӣ мекунад.
Максим Рудинсон, шарқшиноси бузурги арси ХХ «шарқшиносӣ» -ро чунин таъриф кардааст:
«Ҷиҳатгирии илмӣ барои баррасии сарзаминҳои исломии Шарқ ва тамаддуни онҳо».
Дар аввалҳои асри - XVII алакай дар кишварҳои ғарбӣ чун Бритониё, Фаронса, Олмон, Ҳоланд, Итолиё, Маҷористон марказҳои шарқшиносӣ боз гардиданд. Ин мактабҳо ба гуфтаи шарқшинос, арабшинос, доктори улуми филологӣ, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ ду ҳадаф доштанд:
1) Таъмин кардани давлатҳои мустамликадор бо мутахассисоне, ки забону фарҳанг ва диёнати кишварҳои мустамликашударо бидонанд;
2) Мутахассисони мухталифи соҳаи арабшиносӣ ҳамчун илм.
Дар бораи ҷанбаҳои мусбат ва манфии шарқшиносӣ сухан хоҳем гуфт, чун дар ин бора ақидаҳо гуногунанд, ки дар ҳар кори бад ҳикмате низ нуҳуфтааст ва дар ин ҷо танҳо бо овардани фикри устод Саидраҳмон Сулаймонӣ дар ин бора кифоят мекунем:
«Ҷанбаи манфии ховаршиносӣ барои мардуми ин кишвар (араб) аз он иборат буд, ки аксари истеъморгарон на танҳо захираҳои моддии ин кишварҳоро аз они худ карданд, балки захираҳои зиёди маънавӣ ва фарҳангии ин кишварҳоро низ ба коми худ фурў бурданд ва дар натиҷа осори маънавӣ, дастхатҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва бисёр чизҳои маънавии дигар аз кишварҳои арабӣ бурда шуданд.
Ҷанбаи мусбати ховаршиносӣ дар ин аст, ки дар таърихи илми «Арабшиносӣ» ба як илми ҷомеъ ба майдон омад, ки он дар пешрафт ва шукуфоии илму фалсафа ва фарҳанги ҷаҳонӣ як нақши қобили мулоҳиза гузоштааст».
Шарқшиноси рус Б.В. Лучин дар китоби «Средняя Азия в дореволюционном и советском востоковедении» гуфтааст, ки ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Русия боиси омўзиши таърихи маҳал ва фарохии доираи илми шарқшиносии рус шуд. Ҳамзамон он замони тоинқилоб шарқшиносони рус ҷиддан ба ин амал даст назадаанд, ки он ба он норасоии сарчашмаҳои таҳқиқотӣ, дур будани марказҳои илмӣ аз фанҳои омўзишӣ боис гардидааст. Аз масъалаҳои мубрами мавҷуда дар канор будани таҳқиқотчиёни рус мушоҳида мегардад, ки ин омил боиси бархўрии онҳо вақти фаъолият рух додааст. Бо ин сабаб диққати асосӣ дар шарқшиносии он айём ба омўзиши таърихи асрҳои миёна, зиндагии халқҳо ва расму оин нигаронида шудааст.
Дар ин ҷо тасмим гирифтем, ки намунаҳо аз фаъолияти мусташриқин биёрем ва дар мақолаҳои баъдӣ ин мавзуъро идома хоҳем дод.
Николай Владимирович Хаников
Шарқшинос ва дипломати машҳури рус Николай Владимирович Хаников 12 октябри соли 1822, дар вилояти Калужскии Русия ба дунё омада, 3 декабри соли 1878 дар шаҳри Рамбуйи кишвари Фаронса аз олам чашм пўшидааст. Николай Хаников дар литсейи шоҳии кишоварзӣ тарбият ёфтааст. Ў ба тариқи худомўзӣ забонҳои Шарқро аз худ кардааст ва аз ин сабаб ўро ба генералгубернатории (додситони кулл) оренбургии Перовский фиристониданд. В соли 1841 барои рафтан ба сафорати Бухоро супориш гирифт. Дар натиҷа, китоби «Тавсифи хонигарии Бухоро»-ро навишт, ки он соли 1841 дар шаҳри Санкт Петербург аз нашр баромад ва минбаъд ин китоб ба якчанд забонҳо, ба монанди забони инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайра тарҷума гардид.
Дар соли 1866 дар Вазорати умури хориҷа тағйироти кадрӣ ба вуҷуд омад, ки Хаников бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз кор озод карда шуд. Дар ҳамин сол Донишгоҳи императории санктпетербургӣ Ханиковро дар дараҷаи доктори улуми таърих ба кор пазируфт. Ва дар соли 1874 кори пурмаҳсули ў ва сармояи гаронаш бо номи «Иран» интишор ёфт. Албатта, ин китоб аз камбудӣ ҳам орӣ набуд. Дар баробари ин даҳҳо китобу ипқолава мактубҳо аз Хаников мерос мондаанд, ки арзишҳои илмӣ доранд.
Андрей Евгенй евич Снесарев
Андрей Евгенйевич Снесарев 1 декабря соли 1865 дар вилояти Воронеж ба дунё омада, 4 декабря 1937 дар шаҳри Маскав фавтидааст. А.Е. Снесарёв сардори ҳарбии шўравӣ, назоратчии ҳарбӣ, публистист, омӯзгор, ҷуғрофиядони ҳарбӣ ва шарқшиноси рус мебошад.
Ў дар оилаи рўҳонӣ ба дунё омада, дар мактабу гимназия таҳсил кардааст. Баъдан факултаи физикаву математикаи донишгоҳи ба номи Маяковскийро дар соли 1888 бо медали нуқра ба итмом расондааст. Ва соли 1889 омўзишгоҳи қушуни пиёдагарди Москва ва соли 1889 Академияи генералии шуъбаи Николаевиро хатм кардааст. Минбаъд дар вазифаҳои баланди ҳарбӣ кор кардааст.
Аз соли 1899 дар аснои адои хизмат дар округи ҳарбии Туркистон ба омўзиш ва шарҳи ҷуғрофияи ҳарбии Туркистон, Афғонистон ва Ҳиндустон пардохтааст. Дар соли 1902-1903 фармондеҳи низомии дастаи Помир буд. Соли 1920 Снесарёв ду гузориш «Адён ва одоб ва русуми мардуми Помири ғарбӣ» ва «Бедорӣ ва ҳувияти миллӣ дар Осиё» омода намуда, дар Конгреси байналмилалии XV-уми шарқшиносон дар Копенгаген суханронӣ кардааст. Соли 1921 Снесароёв менеҷери калон дар Шарқи Наздик дар масъалаҳои ҷуғрофияи ҳарбӣ ва шуъбаи омори академияи ҳарбӣ таъин гардидааст. Саҳми намоёни ў дар таъсис доданди Институти шарқшиносии Маскав мебошад, ки дар солҳои 1921-1930 ректор ва профессори ин институт буд. Дар баробари дигар осораш Снесарев «Очерки мухтасари Помир» ва «Бухорои Шарқӣ» (1906) – ро навиштааст, ки баёнкунандаи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мебошанд.
Александр Александрович Семёнов
Александр Александрович Семёнов (1873-1958) барҷастатарин шарқшиноси рус, доктори илмҳои таърих, профессор яке аз муассисони Донишгоҳи Тошканд, академики Академияи улум Тоҷикистони советӣ, аъзо-корреспонденти академияи улуми Узбакистон, директори институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографии Тоҷикистони Шуравӣ (1954). Семёнов дар деҳаи Полное Конобеево Шаскии вилояти Тамбовский ба дунё омадааст. Баъди хатми Институти муаллимии Екатеринскии Тамбови Семёнов ба Институти забонҳои шарқи Маскав дохил гардид ва онро соли 1900 ба ихтисоси шарқшинос ба анҷом расонид. Семёнов соли 1898 бо ҳамроҳии Алексей Алексейвич Бобринский ба экпедитсия ё сафари тўлонӣ, ки аз Самарқанд шурўъ гардида, ба воситаи кўҳҳои Зарафшон, Қаротегин, Дарвоз ва водии дарёи Панҷ идома ёфт, ҳамроҳӣ кард, ки идомаи сафари онҳо ба деҳаи Калъаи Хумб ва водии дарёи Яхсу буд. Онҳо тадриҷан ба рустоҳои Ҳисор ва дар анҷом ба Самарқанд расиданд. Натиҷаи сафари онҳо дар китоби «Очерки этнографии кўҳҳои Зарафшон, Қаротегин ва Дарвоз» дар соли 1903 нашр гардид.
Семёнов дар соли 1921 дар факултаи Шарқии донишгоҳии Осиёимиёнагӣ дараҷаи профессориро соҳиб гардид. Соли 1954 А.А. Семёнов ба ҳайси директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографии Академияи улуми Тоҷикистони шуравӣ буд.
Семёнов инчунин муаллифи китоби «Дар бораи пайдоиши Сомониён» ва гузориши «Нақши Осиёи Марказӣ дар паҳн намудани арзишҳои моддӣ ва маънавӣ» мебошад.
Семёнов дар яке аз корҳои таҳқиқотиаш бо номи «Осиёи Миёна», ки 1899 нашр гардидааст, дар бораи сохти иҷтимоию сиёсии Осиёи Миёна то даврони ҳамроҳшавӣ ба Русия маълумот додааст. Ў бештар дар бораи ҳаёту фаъолият, урфу одат ва расму оини халқҳои Осиёи Миёна таҳқиқот бурда, саҳми худро дар муаррифии фарҳангу маданияти ин мардум гузоштааст.
Ў дар таҳқиқоташ ҳар чи ки медиду мешунавид дар ёддошти худ навишта мекард. Барои дидан ва шоҳиди ҳоли мардум гардидан бо мардум равуо намуда, дар бораи фаъолият касбу кор, ҳолоти зиндагии мардум, ҳунару истеъдод ва фарҳангу оини мардуми тоҷик маълумти мушаххас додааст. Дар як рисолаи худ таҳти унвони «Дар сарҳади Бухоро ва Афғонистон» аз ҷумла гуфтааст: «Афғонҳо зарфҳои сафолӣ аз ҷумла, чойник ва пиёлаҳоро барои нўшидани чой, гўгирдро харидорӣ мекарданд, зеро зарфҳои сафолини мо дар қиёс бо зарфҳои истеҳсоли чину инглис арзон ва дорои сифати хубтар буданд».
Семёнов дар тўли фаъолияти беш аз 15 солаи худ, на танҳо як шахсияти сиёсӣ гардид, балки дар ин муддат ба як муҳаққиқи комил табдил ёфт ва беш аз аз 50 китоб, мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ навишт, ки аксарияти онҳо муаррифгари фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик аст.
Нил Сергеевич Ликошин
Нил Сергеевич Ликошин аз ҷумлаи дигар муҳаққиқоне аст, ки дар муаррифи фарҳанги мардуми тоҷик саҳми беандоза дорад. Ў дар виляти Смоленск ба дунё омада, гимназияи ҳарбии Петерббургро хатм кардааст. Н.С. Ликошин ба Туркистон омада мустақилона забонҳои маҳаллиро меомўзад ва ҳамзамон ба тарҷумаи осори дар китобҳо машғул мешавад. Дар натиҷаи фаъолияти худ Ликошин «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Ҳолномаи Темури ланг», «Кодекси одоб дар мусулмонони Шарқ», «Рисолаи – Тариқати Муҳаммад Мазғар-ал Аҳмад», «Девони Машраб» ва дигар китобҳоро ба забони русӣ баргардонидааст.
Н.С. Ликошин ба масъалаҳои зиндагонӣ, урфу одат ва таърихи халқи тоҷик бештар таваҷҷуҳ кардааст. Вай менависад: «Аҳолии тоҷикони деҳоти Бешкент бо халқҳои дигар якҷоя зиндагӣ доранд. Ҳар оила зимистон ва тобистон дар хонаҳои махсуси мавсимӣ умр ба сар мебаранд. Қисми берунии иморот барои қабули меҳмонон хизмат мекунад ва меҳмонхона ном дорад. Намуди бино низ оддӣ буда, одамони сарватманд шифти онро рангу бор додаанд ва хонаҳои онҳо дорои тиреза аст, ки ошиқмаъшуқ дошта, кушода мешавад. Фарши хонаро бо бурё рўйпўш карда, баъд гилем ва ё палос меандозанд. Дар даромадгоҳ ҷои махсуси кашидани пойафзол аст, ки дар он ҷо меҳмон ва каси воридшуда пойафзолашро мекашад. Дар рўи ҳавлӣ сарой месозанд, ки он ҷо меҳмонон аспро мебанданд».
Дар бораи хонаҳои мардуми тоҷик Ликошин навиштааст: «Аз рўи одат ҳар фарзанди оиладор аз падар хонаеро мерос мегирад ва зиндагии ҷудогона дошта, аз як дег хўрок мехўранд. Ин рафтор дар мардҳое, ки ду ва ё зиёда зан доранд ба назар мерасад. Ин қабил мардон вазифадоранд барои занҳои худ хонаҳо ҷудогона созанд, занҳояшон дар якҷоягӣ кор ва аз як дег хўрок мепазанд ва тановул мекунанд». Дар навиштаҳояш Ликошин гуфтааст, ки мардуми тоҷик барои пўхтани хўрок ҷойи махсус доштаанд ва барои пўхтани нон танур ва якчанд дек доштаанд. Дар бораи тозаву озода будани хонаи тоҷикон мегўяд: «Ҳамаи хонаҳои тоҷикон тозаву озода аст. Фарши хонаро ҳаррўз мешўянд, ахлотро дар чуқуриҳои махсус мегузоранд, дар фасли тобистон ҳавлиро ба хотири чанг нашудан ҳамеша об мепошанд».
Н.С. Ликошин ба сару либоси мардуми тоҷик диққат дода гуфтааст: «Тоҷикон ҷомаҳо (хилъатҳо)-и пахтагини остиндароз мепӯшанд, ки дар фасли зимистон ҷои дастпўшро мегирад. Барои дўхтани ҷома онҳо аз аз чит ва сатинҳои истеҳсоли фабрикаҳо истифода мебаранд ва либосҳои аз алоча, атлас ва беқасаб тайёршуда низ зиёд дида мешавад. Либосҳои зимистона аз тобистона куллан фарқ дорад. Онҳо аз пахта ва ё пашми шутур тайёр мекунанд. Ба сару либос каллапўш илова мешавад, ки он тоқӣ ном дошта, ба сар мепўшанд. Тоқиҳо шакли ба худ хосро дошта, бо ҷияк (шероза) дўхта мешаванд. Инсонҳои калонсол салла мебанданд, ки чанд метр дарозӣ дорад. Ин матоъро дар берун атрофи тоқӣ мебанданд. Дар бисёр ҳолат тоҷикон тоқиро чун салла истифода мебаранд. Аз сабаби он ки арзиши қимат дорад, мардуми камбағал ба ҷои он матоъҳои пахтагин ва рўймол истифода мебаранд. Ҳаҷми салла дар баъзе ҳолат мақоми инсонро дар ҷомеа нишон медиҳад. Чунон чи имомҳо, муфтӣ, қозӣ, мударрисҳо ва дигар шахсиятҳо саллаҳои боҳашамат ва мардуми оддӣ саллаҳои хурдтарро доштанд”.
Н.С. Ликошин дар пойафзол навишта мегӯяд, ки он асосан маҳсӣ буда, аз берун калуш мепўшанд ва чун ба хона ворид шаванд калўши худро дар даромадгоҳи хона гузошта, сипас ба хона медароянд.
Умед Пудинаев,
корманди
Маркази
«Тоҷикшиносӣ»