Ба пешвози муҳаббат
Нашр шуд 2019-10-10 13:59
Дафтари саввуми ашъори Иброхимҷон Дўстализода дастовези диловезест ба шодбоди милоди модар. Ин армуғони мубораки писари содиқ ба унвони модари гулпарвару чонпарварест, ки дар авроқи зарди обонмоҳу сафҳаҳои сапеди баҳман муҳри сабзи баҳорро мегузорад. Ин модари баҳорофарин дар замири фарзандаш низ баҳоргоҳи мубарро бунд кардааст, бо сабзтарин боғҳову зеботарин чаманҳо, бо осмони офтобоғўшу ҷўйборони зангўланавоз, бо хузури ҷонорою ҷаҳонорои муҳаббат.
Донишвари арҷманд устод Рустам Ваҳобзода, ки ба ду дафтари Иброҳиҷон аввалсухан навиштааст, зикр мекунад, ки «Шоири ҷавон дорои меҳвари эътиқодӣ›, суботи ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии равшану солим аст. Ҳамин чизҳост, ки шеъри ўро аз ҷавҳари мурод ва ҳадаф бархурдор менамояд».
Ҳақиқатест маълум, ки қадами аввал ҳамеша душвор аст. Хоса ин қадам на дар пайроҳаҳои кўчаки рустои азизи Варзиканда, балки дар шоҳҷодаи адабиёт ва абадият бошад.
Дар роҳи заминиву осмониву асливу маҷозиву ғайбиву воқеӣ бошад, ки аз Одамушшуаро Рӯдакӣ то устод Лоиқ онро сипардаанд ва пояи бузургии ин миллати бузургро боло афроштаанд.
Бо идроки чунин маъмурият ва масъулияти азим, Иброҳимҷони мо ба Қалам дуруд мегӯяд, ба Сухан, Модар, ба Тоҷикистон ба Ишқ ба Фардо!
Ҷавонӣ фасли ҷуръату ҷасоратҳои шигифтаангез аст. Иброҳимҷон бо чуръату ҳиммату орзуҳои наҷиб худро ба фатҳи чакодҳои сухан омода карданист. Яъне, ҳамвора меомӯзад, таҳқиқ мекунад, зи худофариниву худафрӯзӣ наметарсад, бо ормони олии инсонии имрӯзу фардо давоми роҳ мепӯяд, ёдгораҳои муқаддаси ниёконро, ки бо номи шеър тоҷаллӣ мезанад, тавоф месозад.
Барномаҳои Иброҳимҷон барои имрӯз ояндаҳои зебост. Таманно меварзем, ки қувваи ҷозибаи меҳр ҳаргиз дили Ӯро тарк насозад ва ҳамеша Ӯро пеш хонад, ба пешвози сухан, ба пешвози муҳҳабат, - ба пешвози ҳазрати Инсон.
Қуввае мекашад маро сӯят,
Ҳамчу оҳанрабой оҳанро
Олиме ку, ки ошкор кунад
Кувваи ҷазби меҳри меҳанро.
Фарзона,
Шоири халқии Тоҷикистон
Сарсухане аз устоди каломи бадеъ Фарзона ба китоби ашъори Иброҳимҷон Дӯстализода “Пайи имдоди гул”, ки ахиран дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Беҳтар аз суханони Фарзонаи арҷманд сухане наёфтем ва онро комил иқтибос овардем. Дарвоқеъ, чӣ ҳам метавон гуфт, ки болотар аз арзёбии бонуи шеъри тоҷик бошад?
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолиа аст ва умед мекунем ҳаводорони шеър аз он ташнагии маънавӣ мешикананд.
Таҳияи Меҳрангез Наврӯзшоева,
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.