Вуруди 22 хонандаи сифи якум ба Китобхона
Нашр шуд 2016-10-18 14:10
Як гуруҳи 22-нафараи хонандагони синфи якум аз мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 18, ноҳияи Фирдавсии пойтахт таҳти раҳнамоии омӯзгорашон Оламафрӯз Назирмадов ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо толори хониши кӯдакон ошно шуданд.
Толори хизматрасонӣ ба атфол дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ ҷойгир аст ва дар он асосан хонандагони синни хурд ва миёнаи мактабӣ, ҳамчунин тарбиягирандагони боғчаҳои кӯдакона китоб мехонанд.
Вуруди ин 22 нафар бо мақсади шиносоӣ бо Китобхона буд. Оламафрӯз Назирматов мегуфт, ки ин иқдом ба хотири он аст, ки атфол аз ҳамин синну сол роҳи китобхонаро донанд ва донанд, ки дар Китобхона китобро чӣ гуна ба даст меоранд ва мехонанд.
Аз таваҷҷуҳи хонандагон пай бурдан душвор набуд, ки онҳо аз тамошои толор барои худ бардоштҳои судманде карданд. Мерафтанд ва ба китобҳои дар рафҳо гузошташуда назар мекарданд, назди компутерҳо меомаданд ва тамошо мекарданд, ки бачаҳо чӣ гуна бо истифода аз компутерҳо китоб мехонанд.
Ба онҳо ҳамаи шароитҳои ин толор нишон дода шуд, мураббиёни толор атфолро бо шароити толор ошно карданд ва дар бораи китобу китобхона мутобиқ ба синну солашон суҳбат карданд.
Ин як иқдоми шоистаест, ки ба тифлон аз ин синну сол роҳи китобхонаро нишон медиҳанд. Тафаккури кӯдаконаи онҳо ва зеҳни хубашон он чизе диданд, то дергоҳ дар лавҳи хотирашон нигоҳ медоранд.
Ҳоло онҳо дар ин синну соле нестанд, ки мустақилона ба Китобхона оянд. Вале ҳамин тамошо ва сайри Китобхона барояшон як ҷаҳон таассурот гузошт.