Наврўз ва баъзе расму оинҳои он дар ноҳияи Шаҳринав

    Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор хеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврўз азизу арҷманд нест. Наврўз пайвандгари насли имрўз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

   Бо омадани фасли баҳор ва рўидани гулҳои Наврўзӣ наврасону ҷавонони муқими нохияи Шаҳринав гули наврўзиро чида хона ба хона гулгардонӣ намуда, аз омадани фасли зебоиву барно хабар медиҳанд. Ҳар як соҳибхоназан гулро гирифта зиёрат карда мегўяд: Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, сабукиҳои ту аз они ман, вазниниҳои ман аз они ту.

    Сипас ба кўдакон қанду шириниҳо дода, онҳоро низ дар ин фасли фараҳбахши сол хурсанд месозанд. Бо ана ҳамин огоҳӣ мардум якбора аз хоби ноз ба берун омада хонабуророн мекунанд. Мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврўз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпаҳою пардаҳоро мешӯянд ва хушбуӣ мезананд. Тамоми палосу курпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метакконанд. Девори хонаҳоро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иқболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирӣ, ҳамон солро бо хушу хурсандӣ мегузаронӣ.

   Дар ноҳияи Шаҳринав то нимаҳои садаи гузашта дар рўзи чоршанбеи охирони моҳи сафар занҳо ҷамъ шуда дар куча ё боғҳо се гулхани начандон калон меафрўхтаанд. Маротибаи аввал аз болои онҳо бонавбат ҷаҳида мегузаштанд, аз он тараф боз ҷаҳида бармегаштаанд. Маротибаи саввум ҷаҳида мерафтанду сипас ба қафояшон нигоҳ накарда, меомаданд ва ягон зарфи куҳна, лабшикаста,   ё сирпаридаро ба санге зада мешикастанду ба хона бармегаштанд.

   Суманак навъе аз хуриши наврўзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак низ миёни мардуми ноҳияи Шаҳринав қатори минтақаҳои дигари мардуми тоҷик чунин аст. Гандумро 3 рўз дар оби ҷуй ё оби борон тар карда, мемонданд. Баъде ки гандум неш мебарорад, ба қавли мардум рӯда шавад, онро гирифта, дар табақе ҳамвор мегузоранд ва рўяшро бо докаи тоза мепушонданд. Рўзе, ки борон борад ба берун мебароранд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, ки каси бегона ба он ҷо надарояд, мегузоранд. Вақте ки гандум сабз шуд, бояд ҳеҷ кас онро набинад, зеро ки меафтад. Ё худ дар вақти пухтан кушиш мекарданд, ки ягон каси нопок ба болои дег наояд, зеро пай меғалтад ва суманак дар дег парак-парак садо мебаровард ва аз дег заррахои суманак берун мепарид, ки рафта рафта махсули дег кам мешуд. Одамон дар ин гуна ҳолат мегуфтанд, ки суманак дар дег намеистад, пай ғалтидааст, чашми кадом нопок расидааст.

    Рўзи муайяни суманакпазӣ 3-4 нафар занҳои бо машварат дар хонае ҷамъ мешаванд. Маъмулан онҳо бегоҳӣ ҷамъ мешаванд ва суфраеро боз карда, сабзаҳоро мегузоранд, онҳоро зиёрат мекарданд, сипас ояте аз Қуръони карим тиловат карда, дар хаққи Пири Пухта дуо мехонданд ва сабзаҳоро мебуранд. Дар бегоҳирўзӣ сабзаҳои порашударо ба дег меандозанд, то чашми каси бегона набинад, то ки пай наафтад. Даста-даста занҳо ба таги дег оташ меафрўзанд, бонавбат дегро бо кафча ё кафгир мекобанд. Дар дег ҳафт адад сангча меандозанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода мекунад.

   Хўрокҳои анъанавии наврузӣ аслан ғизоҳоянд, ки аз ғалладона пухта мешаванд. Дар шаҳри Хисор, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода аз гандуми куфта, нахўд, лубиё ва баъзе гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтақаҳо далда (Кулоб), кашк, боч (Бадахшон), куча (дар Панчакент) ва ғайра меноманд. Хӯрокҳои гандумӣ рамзи фаровонии соли пав ва ғизои солимро ифода мекунад. Аз нӯшокиҳо бештар зардолуи хушк ё ғулингро дар оби ҷушида тар карда, нўшобаи ғулингоб таҳия мекунанд ва нўшидани онро дар субҳи Наврўз савоб медонанд.

   Чунин урфу одатро қариб ҳамаи шаҳру навоиҳои кишвар ба тарзи худ бо омадани баҳору Наврўз ҷашн мегузаронанд. Тамоми оинҳои наврўзӣ имрўз дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон бараъло намоён аст, ки ин шаҳодат аз ватани Наврўз будани Тоҷикистон медиҳад.         

Абдуғаюр Саломов

мутахассиси пешбари шуъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ