Ҳамкори мо барои ширкат дар сеюмин даври озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ» роҳхат гирифт

 Абдуғаюр Саломов – корманди Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ бо пирӯзӣ дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба даври сеюм роҳхат гирифт. Абдуғаюр Саломов моҳҳо талош кард, мутолиа намуд, то ба ин натиҷа расад. Омӯзишҳои пайваставу мутолиаи бардавом ӯро барои пирӯзӣ дар зинаи сеюми озмун таҳрик медиҳад.

 Маврид ба ёдоварист, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз моҳи январ то моҳи декабр дар ҷумҳурӣ озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." дар чор давра баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.  Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

 Бо шартҳои озмун шумо метавонед аз ин ҷо шинос шавед.

 Ба ҳамкорамон Абдуғаюр Саломов, ки ҷавони кӯшову пурталош аст ва  дар баргузории чорабиниҳо донишу малакаи хешро сарф мекунад ва фаъолиятҳои назаррас дорад, комёбӣ таманно дорем!

Меҳрангез Наврўзшоева