Асрори ададҳоро медонед?
Нашр шуд 2019-09-16 11:59
Агар намедонед, пас руҷуъ кунед ба китоби М.Маҳкамов ва К.Бойматов бо номи “Асрори ададҳо”, ки нашриёти “Маориф” ба тозагӣ интишор додааст. Ин китоб аслан як дастури методӣ барои хонандагон донишҷўён ва омўзгорон аст.
Дар китоби мазкур оид ба олами ададҳои шавқовар , хосият ва қонуниятҳои ададҳо, намудҳои ададҳо, сеҳри рақамҳо, асрори ададҳо , айниятҳои ададӣ, решаҳои аҷоиб, квадратҳои сеҳрнок ва ғайра маълумоти муфассал дода шудааст.
Дар китоб оид ба хосиятҳои аҷиби ҷамъ тарҳ, зарб тақсим ба квадрат бардоштан ва аз решабарории ададҳо маълумоти пурра оварда шудааст.
Инчунин дар ин китоб масъалаҳо барои тайёрӣ ба олимпиадаҳо пешниҳод шудаанд, ки оноро барои инкишофи тафаккури математики хонандагон самаранок истифода намудан имконпазир мебошад.
Китоб барои ташкил ва гузаронидани корҳои берун аз дарсӣ ҳафтаҳои математикӣ , викторинаҳо ва шабнишинҳои математикӣ ёрӣ расонида метавонад.
Китоб барои ҳамаи дўстдорони математика тавсия карда мешавад.
Меҳрангез Муҳаббатова,
Маркази такмили ихтисос