Аз даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, яке пуркортарин ва маъруфтарин олимони кишвар ҳафт сол сипарӣ шуд. Соати 3:47 дақиқаи субри рӯзи 16 сентябри соли 2012 устод Муҳаммадҷон Шакурӣ яке аз муаллифони асосии Қонуни забони тоҷикӣ дар бемористони мавсум ба Ибни Синои пойтахт дар сини 87-солагӣ аз олам даргузашт.
МУҲАМАДҶОН ШАКУРӢ 30 октябри соли 1926 дар Бухоро, дар хонадони фозил ва маъруфи тоҷик Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (вафоташ соли 1932) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1945 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва дар Донишгоҳҳои давлатии омӯзгории Кӯлобу Душанбе муаллимӣ кардааст. Баъди хатми аспирантура (1951) солҳои тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият бурдааст. Баъдан раиси Кумитаи истилоҳоти назди фарҳангистони улуми ҷумҳурӣ будааст.
Аз соли 1971 доктори илми филология, аз соли 1987 академики АИ РСС Тоҷикистон, аз соли 1996 узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон) буд, барои пешрафти савияи маърифати фарҳангӣ, равнақи худшиносии миллӣ, ҳифзу таҷаммули забони модарӣ, таҳкиму густариши равобити мардуми форсизабону ориёнтабор хизмати беназир карда, дар радифи фарзандони фарзонаи миллат мақоми сазовор ишғол намудааст.
Асарҳояш аз нимаи дувуми солҳои 40-ум ба табъ расидаанд. Зиёда аз 400 мақола ва сиву панҷ рисолаи илмӣ чоп кардааст, ки рисолаву маҷмӯаҳои пурарзиши:
«Раҳим Ҷалил» (ҳамроҳи А. Сайфуллоев, 1959);
«Сотим Улуғзода» (1961);
«Анъана, халқият ва маҳорат» (1964);
«Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ» (дар ҳамқаламии Р. Ҳодизода ва Т. Абдуҷабборов; 1964);
«Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ» (1966);
«Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад» (1968, 1985);
«Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (1973);
«Паҳлӯҳои тадқиқи бадеӣ» (1976);
«Садриддин Айнӣ» (1978, ба форсӣ);
«Пайванди замонҳо ва халқҳо» (1982);
«Мактаби одамият» (1991);
«Забони мо – ҷаҳони мо» (1991);
«Хуросон аст ин ҷо…» (1996 – ба форсӣ; 1997 – ба кириллӣ);
«Истиқлолият ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ» (1999);
«Инсонгаройии омӯзиш ва забони миллӣ (2002);
ҳамчунин, муаллифи «Садри Бухоро» (2005);
«Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист» (2006);
«Забони миллӣ ва ҷаҳонгароӣ» (2010);
«Фитнаи Инқилоб дар Бухоро»;
“Аббос Алиев» (2010);
«Пантуркизм ва сарнавишти таърихии халқи тоҷик» (2012) аз он шумуланд.
Ҷилди IV «Таърихи адабиёти советии тоҷик (насри солҳои 1945-1976)», яке аз муаллифони «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (1957; ба русӣ – Маскав, 1960) ва ғ. мебошад.
Дар таълифи китобҳои дарсӣ фаъолона ширкат варзидааст. Баёзи «Адабиёти рус» (ҳамроҳи В. Астахов ва М. Стаменова, 1957, 1958, 1960, 1963), «Адабиёти ватан» (барои синфи 7; ҳамроҳи Р. Амонов, 1962, 1965), «Адабиёти советӣ» (барои синфи 8; ҳамроҳи А. Маниёзов ва Я. Исоев; 1963, 1965), мақолаҳои гуногуни Энсиклопедияи советии тоҷик ва ғ. маҳсули заҳматҳои шабонарӯзии ӯстанд.
Дар танзим ва таҳияи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд; Маскав, 1969) иштироки фаъолона доштааст.
Солҳои 1958-1963 дар ҳамқаламии Р. Амонов намунаи «Фолклори диёри Рӯдакӣ»-ро ба нашр ҳозир намудааст.
Бисёр асару мақолаҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Русия, Эрон, Афғонистон ва мамолики дигар ба табъ расидаанд.
Асари И. Тургенев «Рудин», П. Лукниский «Тоҷикистон»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.
Дар ҷодаи интихоби парвариши олимони соҳибпеша ва муҳаққиқони ҷавони соҳа саҳми босазо гузоштааст.
Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1991), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994).
Бо чандин мукофоти давлатӣ сазовор гардонида шудааст.
Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
16 сентябри соли 2012 аз олам даргузашт.
Дар бораи Муҳаммадҷон Шакурӣ аз сомонаи Китобхонаи миллӣ боз ин мтаолибро ҳам метавонед бихонед: