Ёде аз зиндаёд Муҳиддин Фарҳат
Агар Муҳиддин Фарҳат зинда мебуд, имсол ба 95 қадам мегузошт. Вале марги бемаҳал 35 сол пеш ӯро аз ҷамъи мо рабуд. Шоири озода, достонсарои беҳамто, мутарҷими борикназар, ки як бахши муҳими ҳаёти ҷавониашро дар ҷабҳаи ҷанг алайҳи гитлерчиёни ғоратгар гузаронидаву дар озодсозии шаҳру рустоҳои зиёде ширкат кардааст, ҳамоно яке аз маҳбубтарин қаламкашони кишвар аст. Дар сомонаи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикисон дар бораи ӯ мехонем:
МУҲИДДИН ФАРҲАТ (Ҳасанов Муҳиддин) 7 августи соли 1924 дар деҳаи Хоҷанайсавори ноҳияи Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1940 вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров шуда, аз курси савум ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтааст. Чун сарбози қӯшуни пиёдагард аз Смоленск то Полша ҷангида, дар озод кардани шаҳрҳои Витебск, Шауляй ва Кёнисберг иштирок доштааст. Баъди ҷанг таҳсилро давом дода, мактаби олиро соли 1948 ба итмом расондааст. Баъдан, муддате, мудири шуъбаи адабиёту санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» буда, дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Машъал» фаъолият бурдааст, дар Донишкадаи педагогии занонаи Душанбе муаллимӣ кардааст. Муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» буда, дар таҳрири Энсиклопедияи советии тоҷик ширкат варзидааст.
Муаллифи китоби ашъори «Гулҳои шодӣ» (1948), «Дӯст медорам» (1950), «Назми озодӣ» (1955), «Тирамоҳи муҳаббат» (1962), «Рӯди кӯҳӣ», «Гелоси сафед» (1981) ва ғ. мебошад. Мавзӯи офаридаҳояш гуногун буда, асосан ба тасвири воқеаҳои замон ва тараннуми ишқу муҳаббат ихтисос ёфтаанд.
Чанд достон ҳам эҷод кардааст, ки «Чор минбар», «Салом, Пушкин», «Иқлими баҳор» ва ғ. аз он ҷумлаанд.
Достонҳои «Евгений Онегин», «Руслан ва Людмила»-и А.Пушкин, «Бородино» ва «Вопасин писар»-и М. Лермонтов, «Россия»-и А. Прокофйев, «Рӯзи охирин» ва «Хонае дар Шушенск»-и С.Шипачёв, китоби ашъори шоирони белорус Я.Колас, Я.Купала, украин Тычина, ӯзбек Ҳамза, Ғ.Ғулом, Ҳ.Олимҷон, қазоқ Г.Ҷароқов, Г. Ормонов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Ҳамчунин, тарҷумаи романи Э.Казакевич «Баҳор дар Одер» ва фоҷиаҳои В.Шекспир «Ду веронӣ», «Ричарди III» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Шеърҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ, озарӣ, туркманӣ, қирғизӣ, литвонӣ ва ғ. тарҷума шудаанд. Бисёр шеърҳояшро ҳофизон оҳанг баставу мехонанд.
Бо ордени «Шараф», се медали ҷангӣ, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
Аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1984 аз олам даргузашт.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Муҳиддин Фарҳат ин матолибро метавонед бихонед:
Гулҳои Тоҷикистон: Шеърҳо, сурудҳо, достонҳо. – Душанбе: Маориф, 1983. – 93 с.
Рамзи зиндагӣ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 335 с.
Садои шайпур: Шеърҳо ва сурудҳо. – Душанбе: Маориф, 1986. – 128 с.
Гулдаста ба модар: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1990. – 17 с.
Роҳҳои Тоҷикистон: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1960. – 14 август.
Ман аз ин ҷой боз мегузарам…; Саф кашед, эй байтҳои маснавӣ!: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1964. – 10 май.
Дилоро як Ватан дорам: Суруд // Тоҷикистони советӣ. – 1968. – 22 март.
Барфи гарм: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 26 октябр.
Ҳарифи бебаҳо: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1971. – №9. – С. 5.
Бунёди фирўзӣ: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1973. – 18 феврал.
Субҳи боғ: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1976. – 31 октябр.
Таронаи пахта: Шеър // Маориф ва маданият. – 1979. – 21 август.
Ифтихори мо: Шеър // Газетаи муаллимон. – 1981. – 7 ноябр.
Бахти дурахшон: Шеърҳо // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 10 ноябр.
Ватани сабз; Оғўши модар: Шеърҳо // Занони Тоҷикистон. – 1982. – №2. – С. 9.
Сулҳу дўстӣ: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 1 май.
Хурсандии мо; Парвин: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1982. – 17 июл.
Дар шаби Соли нав: Шеър // Газетаи муаллимон. – 1983. – 1 январ.
Боди баҳорон: Шеър бахшида ба иди Наврўз // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 20 март.
Чашмаи сидқу вафо: Шеър // Қаротегини советӣ. – 1984. – 8 март.
Суруди сулҳ мехонам; Савганд; Миннатдорӣ; Моҳи кўҳсор // Газетаи муаллимон. – 1984. – 22 апрел.
Дар паноҳи инқилоб: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 1 май.
Сарчашмаи орзу: Шеър // Машъал. – 1985. – №4. – С. 4.
Сухан мегўям аз шаъни замона; Чунин мегуфт модар; Суруди модар; Пахтачинии модар: Шеърҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1985. – 21 сентябр.
Баҳори умр: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 8 апрел.
Таронаҳои дил: Шеър // Паёми Душанбе. – 1993. – 7 июл.
Паймон кардам: Шеър // Садои мардум. – 2015. – 4 май.
Ман аскари сурх: Шеър дар васфи Ҷанги Бузурги Ватанӣ // Садои мардум. – 2015. – 6 май.
Дар бораи шоири маъруф:
Беҳбудӣ, М. Ёди шоири ҷанговар: Муҳиддин Фарҳат // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. – 29 сентябр.
Воситзода, А. Бори миннат мебарам: Бахшида ба Муҳиддин Фарҳат // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 23 феврал.
Орзу дорам, ки бинам бори дигар рўи дўст: Ба ёдбуди шоири шодравон Муҳиддин Фарҳат ва чанд шеъре аз ашъораш / Таҳияи Қосим Осимӣ // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 18 март.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ