Аз ман умри дубора хоҳад монд...
Ин мисраи устод шодравон Лоиқ ишораест ба мероси ў, ки мунтахаберо аз он дар китоби “Девони замон” мехонем. Ва дабиётшиноси маъруфи кишвар Абдураҳмони Абдуманнон сарсухани ҷолиба ба ин китоб навишта, ки ҳоло меорем.
Хуб, Лоиқ барои шеъри мо, васеътар бигирем, барои адабиёти мо ва агар боз ҳам густурдатар биандешем, барои фарҳанг ва ниҳоят, барои ҷомеаи сӣ соли охири қарни 20-ум ва баъд чӣ корҳоеро анҷом дод, ки худ бо эътимоди қавӣ «Ман намемирам, ман нахоҳам мурд!» ва «Аз ман умри дубора хоҳад монд» мегўяд?
Шурўъ мекунем аз они Лоиқ ба ҷаҳони шеъри мо чӣ гуна омаду чӣ овард. Олимони маъруф Атахон Сайфуллоев, Абдунабӣ Саторзода, Юсуф Акбарзода, Усмонҷон Ғаффоров, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар ва чанд тани дигар дар ин мавзуъ мақолаву рисолаҳои ҷолиб ба табъ расониданд.
Лоиқ ба ҷодаи шеър на аз рўи ҳавову ҳавас, балки бо истеъдоди худододу азми қавӣ, бо дилу вуҷуди саршор аз гуфтаниҳо, аз пайроҳаи худ бо диди худ ва бо ҳадафу мароми равшану бузург қадам ниҳода буд. Азмаш ин буд, ки шеъре бигўяд аз рўзгори мардум барои мардум, аз дунёи инсон барои хушбахтии инсон, аз арзишҳои азалии маънавии ҳамзамонон, аз зебоиҳои Ватан барои ободии Ватан, аз ишқи пок ба хотири покии ишқ, аз муҳаббату садоқат барои пойдории аҳду вафо, аз таърихи гузашта ба хотири имрўзу оянда, аз шахсиятҳои бузургу барҷаста барои маърифати миллат ва ғайра. Ва ин корро ў шурўъ кард аз васфи модар-оғозбахши зиндагӣ.
Лоиқ бори аввал дар шеъри тоҷикӣ симои воқеӣ ва ҷаҳони ботиниву сиришти модари деҳотии тоҷики кўҳистониро тавассути ҷузъиёти хеле гўё (кунҷи сандалӣ, ҷомадўзӣ, хобдиданҳо, орзуҳои модар дар шеъри «Ба модарам», дарду аламҳои модари фарзандгумкарда дар шеъри «Нону насиб», симои модар дар «Муноҷот ба модар», фалсафаву ҳикматҳои ҳастии модар дар «Насиҳати модар», «Ҷавҳари ҳастӣ», «Дар қиёси гўри мардон пештар», «Ҳаққи модарӣ», «Модарам, эй модари дунё надида» ва ғайра) тасвир кард, муҷассамаи воқеиву ормонии модари тоҷикро офарид. Баъдан шоирони дигари тоҷик, аз Мирзо Турсунзода то ҷавоншоирон, дар васфу ситоиши модар ва офаридани чеҳраи модар аз модарномаҳои Лоиқ таъсиру баҳра бардоштанд.
Лоиқ аз аввалин шеърҳояш майл ба тасвир дошт ва баъдан ин услуби силк дар эҷодиёти вай мавқеи хос пайдо кард. Аз шеъри «Лаҳзаи падруд» (1962) ба баъд дар чаҳорпораҳо, ғазалиёт, шеърҳои озод, рубоиву дубайтиҳо ва мухаммасу мусалласҳои Лоиқ тасвиргароӣ тасаллути комил касб мекунад ва ба як равияи услубӣ табдил меёбад.
Мероси устод Лоиқ беандоза фарогир аст ва тақрибан тамоми ҷиҳатҳо, лаҳзаҳо, пастиву баландиҳо, печутоби динамикаи зиндагии ҷомеа ва дар алоҳидагӣ ҳар фарди ин ҷомеаро дар бар кардааст.Ғаму шодӣ, ҳаяҷону изтироб, дарду алам, марому орзу, омолу ормони мову шумо аз гаҳвораву пистони модар то гўру лаҳад дар ашъори Лоиқ акс андохтаанд. Дар рўзҳои шодмонӣ, дар ҷашнҳои арўсӣ, дар маҳфилу маҷлисҳои дўстона Лоиқ бо шеъраш ҳамнишину ҳамсоғару ҳамсўҳбати мову шумост, дар лаҳзаҳои ғаму мотам, дилшикастагиву лоилоҷӣ ашъори ў бароямон тасаллиятбахшу умедзо аст. Дар изҳори ишқ, ибрози рози муҳаббат шеъру ғазали Лоиқ беҳтарин василаест барои дилдодагон. Лоиқ бо шеъраш дар дили мардумон ҷой гирифт, ҳамнафасу ҳамдам ва ғамшарику шодишарики ҳар фарди дилгоҳ шуд, шоири ормонҳои миллат гардид.
Ниҳоят, устод Лоиқ аз ибтидо то интиҳои фаъолияти эҷодиаш парчамбардори бузургтарин ғояҳои миллӣ буд. Лоиқ ҳам бо сухан ва ҳам бо чеҳраи адабиву фарҳангии худ, пеш ва беш аз ҳама, ба адибон, умуман ба зиёиёни тоҷик ҷуръат ва шуҷоати миллӣ, адабӣ ва гражданиро талқин намуд. Шуҷоати адабие, ки Лоиқ дошт, як падидаи воқеан камназирест, ки шояд худи устод хизматашро дар ин ҷода то охир эҳсос накарда бошад. Вақте, ки ў дар мавзўи миллат, ғуруру ифтихори миллӣ сухан мегуфт ё шеър мехонд, гўё оташе, ки дар дил дошт, ба забонаш меомад, сухану шеъраш ба дилҳо гармиву ба ақлҳо равшанӣ эҳдо мекард. Хизмати устод Лоиқро дар бедориву худогоҳии миллӣ ва васеътар аз ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар яке аз мулоқотҳо бо зиёиёни кишвар 20 марти соли 2001 ба таври зайл ифода карда буд: «Аз нимаи солҳои шастум адабиёти моро ҷустуҷўҳои нави эстетикӣ, рўҳияи худогоҳӣ, талқини ҳофизаи таърихии халқ, хусусан арзишҳои маънавӣ сар то по фаро гирифт. Ба адабиёт рўҳи нав дамид. Дар ин миён лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рўҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хоса ёдовар шавам».
Абдураҳмони АБДУМАННОН
Китоби абарустод Лоиқ Шералӣ “Девони замон”, ки гулчине аз ашъори пурғановати ишонро дар бар мегирад, дар толори хониши кӯдакон ва наврасон вуҷуд дорад ва ихлосмандони каломи шоири маҳбуб метавонад ҳар вақт дилашон бихоҳад аз он истифода кунанд.
Таҳияи Шаҳноза Дониёрова,
сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.