Даргаҳи меҳру вафо
Нашр шуд 2019-05-17 15:53
Китоби Насими Раҷабро ,ки дар бораи ҳавлии устод Айнист, хондам. Ин китоб ба ман маъқул шуд, ба шавқи тамом хондам. Бисёр ба меҳр навишта шудааст. Маллиф дар бораи Айнӣ ва ҳавлии ў дили пурмеҳр дорад, ки ваҷаб – ваҷаб қадамгоҳ аст, бо меҳру муҳаббат қадам меронад.
Ва умед аст, ки ин меҳри нисбат ба устод Айнӣ ба хонанда, аз ҷумла хонандаи ҷавон ҳам мегузарад, дили ўро фаро мегирад. Дар чунин мавзўъе асари шавқовар навиштан бисёр душвор буд, вале ба муаллиф, ба фикрам муяссар шудааст.
Аз ин рў лозим аст, ки ин асар ҳар чӣ зудтар чоп шавад.
Муҳаммадҷон Шакурӣ.
Ин сарсухани басо кутоҳи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба китоби Насим Раҷаб «Даргаҳи меҳру вафо». Китоб аз ду қиссаи тозаи Насим Раҷаб мураттиб гаштааст. Қиссаи аввал «Даргаҳи меҳру вафо» воқеаи даргаҳест пур аз меҳру вафои адиби оламшумул, устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд, ки ҳоло қадамгоҳи аҳли адиби ду ҷумҳурии ҳамҷавор ва зиёратгоҳи мардуми олам гаштааст. Ҳар ваҷаби ин манзили муқаддас аз зидагии хоксорона ва фаъолияти пурсамари аллома Садриддин Айнӣ ҳикоят мекунад ва онро Насим Раҷаб бо як ҷаҳон меҳру мухаббат ва ихлоси баланд ба қалам додаст.
Қисми дуюм «Таҳти нигор» ном дорад ва он достони муҳаббатест, ки дар дили ҷавони камбағал ошён гузидааст ва баҳри ба кўи мурод расидан ду дилдода чи роҳи нишебу фарози зиндагиро тай мезананд , адиби хушбаён бо сабки хоси хеш ҳикоят мекунад.
Китоб соли 2011 дар нашриёти “Истиқбол” интишор ёфтааст.
Насим РАҶАБ кист?
Насим Раҷаб нависандаи писандидаи кўдакону наврасон 8-августи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи мисгар дида ба олам кушодааст.
Соли 1960 таҳсилро дар бахши филологии Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба поён овард. Баъди хатми донишгоҳ дар рўзномаи «Анбоз» (собиқ «Пионери Тоҷикистон») кор карда, қариб паҷоҳ соли ҳаёти худро ба хидмати ин даргоҳ бахшид ва имрўз ҳам аз анбозони «Анбоз» аст.
Истеъдоду қобилияти нависандагии худро дар жанрҳои гуногуни адибӣ бисанҷид ва аз байни инҳо жанри қиссаро писандид. Бисёр ҳикояҳояш ба табъ расиданд ва дар китобҳои дарсию баёзҳои бешумор ворид гардидаанд.
Силсила қиссаҳои шавқовари ў «Ҷонам фидои яхмос!» (1990) , «Фара, Фара, Зара» (1990), «Муаттар» (1993), «Муаллими кўча» (1993), «Хонае, ки сўяш мешитобам» (1995), «Вақте ,ки театр мегирист» (1996), «Рўзномае, ки бояд навишта мешуд» 1997, «Ошиқи ситорачашм» (2000), «Асрори боғи бобом» (2000), дуҷилдаи «Асарҳои мунтахаб» (2004-2005), «Ман зебоям» (2005), «Ситораи тибби тоҷик» (2011), «Ҳикояҳо аз ҳаёти адибон» (2011) ба дасти хонандагон расидааст.
Асарҳои Насим Раҷаб ба бисёр забонҳои мардуми олам тарҷумаю нашр шудаанд. Ў худ баргузидаи осори бисёр адибони гуногунзабон, қиссаю ҳикоёти И.С.Тургенев, Ю.Сотник, Н.Носов, А.Алексин, М.Гумилевская ва бисёри дигаронро базабони тоҷикӣ баргардонидааст.
Фаъолияти серсоҳаи Насим Раҷаб дар матбуоту нашриёт ва фарҳангу адабиёти тоҷик бо бисёр нишону ифтихорномаҳои соҳавию давлатӣ ва нишони «Аълочии маъорифи СССР» қадршиносӣ шудаанд.
Хонандагони хурдсоли мо китоби «Даргаҳи меҳру вафо»-ро метавонанд аз толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоянд.
Таҳияи Фирўза Раҳимова,
мутахассиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.