Лев Толстой дар бораи ҳунар
Асаре, ки аз нависандаи ҳакими рус Лев Николаевич Толстой нахустин бор ба забони тоҷикӣ пешкаш мегардад, агарчи ба гунаи як дебоча дар муқаддимаи рисолаи нисбатан муфассали ин нависанда бо унвони “Ҳунар чист?”(“Что такое искусство?”) ҷой дода шудааст, аз назари оғозу анҷом ва таҷассуми назари мушаххас, мустақил мебошад. Дар ин матлаб нависанда дидгоҳи худро дар хусуси моҳияти асари бадеъ (умуман осори ҳунарӣ) ба сурати хеле мушаххас баён медорад ва зоҳир аст, ки масоили мавриди нигаронии нависандаи бузург махсусу мунҳасир ба замони худи ӯ набудаанд. Ин матлаб агар ҳокӣ аз дидгоҳи фаъоли амалӣ ва таҷрибии Л.Н.Толстой бошад, рисолаи “Ҳунар чист?” аз умқу паҳнои донишҳои назарии вай ва огоҳии нависандаи бузург аз андешаҳои фалсафию зебошинохтии (эстетикии) ҷаҳони муосираш дар мавриди ҳунар, адабиёт, бадеият ва дар кулл маънавият мебошад.
ДАР БОРАИ ҲУНАР
Хуб ё бад будани асари бадеӣ бастагӣ ба он дорад, ки муаллиф чӣ мегӯяд, чӣ тавр мегӯяд ва то чӣ ҳад самимона мегӯяд.
То он ки асари ҳунарӣ комил бошад, боястӣ он чи муаллиф мегӯяд комилан нав ва барои ҳамагон муҳим бошад, бояд ба зебоии тамом адо шуда бошад ва муаллиф ба хости ботин сухан гуфта бошад ва ба ин хотир комилан содиқона.
То он чи суханвар мегӯяд комилан тоза ва муҳим бошад, бояд ки муаллиф инсоне бо маърифати ахлоқӣ буда ва ба ин хотир танҳо гирифтори як зиндагии худхоҳона набошад ва дар зиндагии умумии башарият ширкат дошта бошад.
То он чи ҳунарманд мегӯяд ба камоли хубӣ баён шавад, бояд ҳунарманд бар ҳунари хеш чандон тасаллут дошта бошад, ки дар ҷараёни кор ҳарчи камтар аз қоидаҳои ин ҳунар бияндешад, он гуна ки инсон дар ҳангоми роҳ рафтан камтар аз қоидаҳои ҳаракат меандешад.
Барои даст ёфтан ба ин (поя) бояд ҳунарманд ҳеч гоҳ вопас ба кори худ нангарад, бо лаззат онро тамошо накунад, набояд ҳунармандиро ҳадаф қарор бидиҳад, он гуна ки инсоне ки дар роҳ меравад, набояд аз шеваи хироми худ бияндешад ва онро тамошо кунад.
Ва барои он ки суханвар хости дарунии рӯҳро баён созад ва ба ин хотир он чиро мегӯяд аз дилу ҷон бигӯяд, ӯ бояд қабл аз ҳама аз ҳарзаҳое бипарҳезад, ки монеъи дӯст доштане ҳақиқӣ ҳастанд, ки хосияти дӯст доштан ҳамин аст ва сониян худ бо қалби худ дӯст бидорад, на бо қалби бегонае, вонамуд накунад, ки дӯст медорад он чиро ки дигарон шоистаи дӯст доштан медонанд. Ва барои он ки ба ин муваффақ шавад, суханвар бояд кореро бикунад, ки Балъом кард, вақте ки фиристодагон назди ӯ омаданд ӯ хилват гузид ва мунтазири (амри) Худованд шуд, то танҳо онро бигӯяд, ки Худованд мефармояд: ва на он корерро бикунад, ки худи ҳамин Балъом карда буд, он гоҳ ки фирефтаи ҳадяҳо назди шоҳ рафт, баракси хостаи Худо, ки ин (хилоф) ҳатто бар модахаре, ки савор бар ӯ мерафт, ошкор буд ва онгоҳ тамаъ ва шуҳратхоҳӣ ӯро кӯр карда буд.
Баста бар он ки то чи ҳад асари ҳунарӣ дар ҳар яке аз ин се ҷинс ба камол мерасад, тафовути шоистагии (имтиёзи) ҳар асаре бар дигарӣ нашъат мегирад. Метавонанд чунин осоре бошанд:
1) муҳим, зебо, камтар самимона ва воқеъӣ; метавонанд бошанд:
2) муҳим, камтар зебо ва камтар самимонаву воқеъӣ; метавонанд бошанд:
3) камтар муҳим, зебо, самимона ва воқеъӣ ва … ба ҳамин дастур бо тартибу таносуби гуногун.
Ҳамаи ин навъи осор фазилати худро дороянд, вале наметавонанд осори комили ҳунарӣ шинохта шаванд. Асари комили ҳунарӣ танҳо он тавонад буд, ки мундариҷа (муҳтаво) муҳим ва нав бошад, ба камоли зебоӣ баён шуда бошад, муносибати суханвар ба шайъ (мавзӯъ) комилан самимона ва ба ҳамин хотир комилан воқеъӣ бошад. Ин навъ осор ҳамеша нодир буду ҳаст. Боқӣ ҳама (навъ) осор, ки дар зоти худ нокомиланд, тибқи шароити аслии ҳунар ба се ҷинси аслӣ ҷудо мешаванд: 1) асарҳои аз назари аҳаммияти мундариҷаи худ барҷаста, 2) асарҳои барҷаста аз лиҳози зебоии шакл ва 3) асарҳои аз назари самимият ва воқеъият барҷаста, вале дар он ду нисбати дигар (-и баршумурда) ба камол нарасида.
Ҳамаи ин се ҷинс наздикӣ ба ҳунари асилро ташкил медиҳанд ва он ҷо ки ҳунар вуҷуд дорад, (вуҷудашон) ногузир аст. Дар ҳунарварони ҷавон ағлаб самимият бар фақри муҳтаво ва шакли камобеш зебо бартарӣ дорад, дар солмандон баракс; дар ҳунарварони заҳматдӯсти касбӣ шакл бартарӣ дорад ва аксаран муҳтаво ва самимият намерасад.
Вобаста ба ин се ҷанбаи ҳунар ҳаст, ки низ се назарияи асосии дурӯғини ҳунар зуҳур намуда, ки бар тибқи онҳо осоре, ки он се шарт (-и баршумурда)-ро дар худ ҷамъ накарда ва бино бар он бурун аз марзи ҳунар боқӣ мондаанд, на танҳо осори бадеъ балки намунаи ҳунар ба шумор оварда мешаванд. Яке аз ин назарияҳо таъйид менамояд, ки шоистагии асари ҳунар ғолибан бастагӣ ба мундариҷа дорад, ва агарчи асар тиҳӣ аз зебоии шакл ва самимият бошад. Ин назарияи ба истилоҳ тамоюлӣ, гароишӣ (тенденсиозная) аст.
Дигарӣ шинохташ он аст, ки шоистагии осор вобаста ба зебоии шакл аст, агарчи мундариҷаи асар ночиз ва муносибати ҳунарвар нисбат ба он орӣ аз самимият бошад; ин назарияи ҳунар барои ҳунар аст. Саввумӣ бар он аст, ки асли кор дар самимият аст, дар воқеият аст ва ҳар қадр ҳам ки мундариҷа ночиз ва шакл нокомил бошад, танҳо ин ки ҳунарвар он чиро баён мекунад дӯст бидорад, асар бадеъ хоҳад буд. Ин назария назарияи реализм номида мешавад.
Ва инак, бар мабнои ин се назарияи дурӯғин он гуна ки дар қадим буд, на ин ки дар ҳар бахше як, дуто дар фосилаи умри як насл, балки ҳар сол, дар ҳар пойтахт (он ҷо ки одамони базмӣ зиёданд) дар ҳамаи бахшҳо садҳо ҳазор осори ба истилоҳ ҳунарӣ пайдо мешавад.
Дар замони мо инсони хоҳишманди шуғл ба ҳунар мунтазири он намемонад, ки дар қалби ӯ он чизи муҳим, мундариҷаи нав буруз кунад, ки ӯ воқеан дӯсташ дошта ва ин дӯст доштан боиси шакли муносиб гирифтани он гардида ва ё бар тибқи назарияи аввал, ки ба пиндори ӯ ситудаи оқилон аст, мундариҷаеро даст мегирад, ки дархӯри рӯз аст ва ҳар навъе, ки битавонад онро ба шаклҳои адабӣ медарорад, ва ё бар тибқи назарияи дувум он чизеро интихоб мекунад, ки ӯ беш аз ҳама дар он ҳунари фаннӣ метавонад нишон бидиҳад ва бо кӯшишу сабр чизеро тавлид мекунад, ки ба назараш асари ҳунар аст. Ва ё бар тибқи назарияи савум бо касби таассуроти хуш ончиро мавзӯъи асар қарор медиҳад, ки аз он хушаш омада ва мепиндорад, ки ин асари ҳунарӣ хоҳад буд, чун хушаш омадааст. Ва бад-ин тариқ теъдоди бешумори ба истилоҳ осори бадеӣ арзи вуҷуд менамояд, ки метавонанд мисли ҳар кори косибона бидуни камтарин таваққуф ва тааммул иҷро шаванд: афкори гардони мудшуда ҳамеша дар ҷомеъа вуҷуд дорад, ҳамеша бо сабурӣ метавон ҳар ҳунареро ёд гирифт ва ҳамеша ба касе кадом як чизе писанд меояд.
Аз ин ҷо (мулоҳизот) вазъи ғариби замони мо буруз мекунад, ки дар он ҷаҳони мо сартосар анбошта аз осоре муддаъии осори ҳунарӣ будан гардидааст, ки тафовуташон аз осори косибона танҳо дар ин аст, ки онҳо на танҳо ба ҳеч коре намеоянд, балки аслан зарарнок ҳастанд.
Аз ин ҷо падидаи ғайриодие рух менамояд, ки шоҳиди содиқи сардаргумии мафҳумҳо дар хусуси ҳунар аст: манзур – асаре ба истилоҳ бадеӣ вуҷуд надорад, ки дар бораи он ҳамзамон ду назари комилан мухолифи якдигар вуҷуд надошта бошад, ки аз сӯйи инсонҳои ба таври мусовӣ босавод ва боэътибор баён гардидааст.
Аз ин ҷо, ҳамчунин, он падидаи шигифтангез нашъат мегирад, ки бештари мардум дар ҳоле ки саргарм ба шуғле аҳмақона, бесуд ва ағлаб бадахлоқона ҳастанд, яъне дар ҳоле ки китоб менависанду мехонанд, наққошӣ мекунанду мебинанд, намоишномаҳо ва консертҳои театрӣ ва мусиқӣ месозанду гӯш мекунанд, самимона бовар доранд, ки онҳо як кори бисёр хирадмандона, судманд ва наҷиб анҷом медиҳанд.
Мардуми замони мо гӯё пеши худ гуфтаанд: осори ҳунарӣ хубу судманд аст, пайдост, коре бояд кард, ки онҳо бештар бошанд. Воқеан, бисёр хуб мебуд агар онҳо бештар бошанд, вале ҷойи дареғ он аст, ки бо супориш танҳо осореро мешавад халқ кард, ки дар натиҷаи набуди он се шарти ҳунар дар онҳо, дар пайи гусастани ин се шарт (унсур) аз якдигар, ба ҳадди косибӣ поин бурда шудаанд.
Аммо асари ҳақиқии ҳунариро, ки ҳовии ҳар се шароит бошад, ба ҳеч ваҷҳ наметавон бо супориш эҷод кард, зеро ки вазъи ботинии ҳунарвар, ки асари ҳунарӣ аз он метаровад, олитарин зуҳури дониш, илҳоми гушоиши асрори зиндагист. Агар чунин вазъе дониши барин бошад, пас дониши дигаре наметавонад вуҷуд дошта бошад, ки ҳунарварро барои фаро гирифтани ин дониш ҳидоят намояд.
-------
• Балъоми Боъур (Валаам) аҳли шаҳри Балқо марде буд худопараст ва мустаҷобуддаъва, ки номи бузурги худоро (Исми Аъзам) медонист ва ҳар чӣ аз ӯ мехост, иҷобат мешуд. Баъд аз Мӯсо Юшаъ ба ҷанги подшоҳи ҷаббори шаҳри Балқо шитофт. Шаш моҳ сипоҳ бар дари ин шаҳр буд ва ҳарб мекарданд. Мардумон аз Балъом хостанд, ки бо дуъо сипоҳи Юшаъро дафъ кунад ва ӯ намепазируфт ва қавми хешро ба Худои таъоло ва итоъат аз Мӯсо даъват мекард. Чун кор сахт шуд, он малик гуфт, ки агар дуъо накунӣ, туро бар дор кунам. Балъом битарсид ва ба ҷониби сипоҳи банӣ Исроил ба роҳ уфтод. Дар роҳ хари ӯ ба сухан омад ва ӯро аз ин кор боздошт. Балъом аз дуъо имтиноъ кард. Иблис ӯро бифирефт. Балъом дуъо кард ва сипоҳи Юшаъ ҳазимат шуданд. Юшаъ низ дуъо кард ва хост, ки Исми Аъзам аз ӯ бозпас гирифта шавад. Худои таъоло номи бузурги хеш ва ҳидояту тақво аз ӯ бозситонд. Балъом ҳар чи дуъо кард, суд надошт ва донист, ки Худой номи хеш аз ӯ бозгирифт… («Фарҳанги асотир»).
• Ҷинс (род) дар ин ҷо на ба маънои истилоҳии маъруфи он, балки ба маънои навъ, намуд, гуна ба кор рафтааст.
Аз русӣ тарҷумаи Рустам Ваҳҳобзода.
Соли 2014
Аз Лев Толстой ва дар бораи ӯ шумо дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед бихонед:
Толстой, Л. Бандии Кавказ: Барои бачагони сини хурди мактаби / Тарҷ.
Т.Самадӣ. – Душанбе : Ирфон, 1968. – 60 с.
Толстой, Л. Асарҳои мунтахаб иборат аз 8 ҷилд. – Китоби 1. –Душанбе , 1978. – Ҷ.1. – 438 с.
Толстой, Л. Война и мир. – Санкт Петербург, 2015. – 704 с.
Толстой, Л. Маҳкуми бегуноҳ . – Душанбе, 2017. – 228 с.
Толстой, Л. Гунҷишки посбон: Ҳикоя // Чашма. – 1993. – №3-4.
Толстой, Л. Гурбача: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷумаи Д.Нурматов // Фурўғи тарҷума. – 2011. – №1. – С. 80.
Толстой, Л. Шер ва сагча; Уқоб; Ҳазор тангаи тилло; Баробарии мерос; Се нафар дузд; Чи тавр марде сангро аз ҷояш бурд; Турна ва лаклак; Боғбон ва фарзандони ў; Гург дар даруни гарду чанг; Муш таги анбор; Ду асп; Рўбоҳ ва ангур / Аз русӣ тарҷумаи С. Неъматов // Фурўғи тарҷума. – 2011. – №1 . – С.73-80.
Толстой, Л. Дар бораи ҳунар / Аз русӣ тарҷумаи Р.Шоҳносориён // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 27 август.
Дар бораи Лев Толстой
Ҳошим, Р. Шер дар майдони адабиёт: Оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Л. Толстой // Ҳошим, Р. Солҳо дар саҳифаҳо. – Душанбе,1988. – С.170-176.
Ҳикматномаи Толстой: Ба зодрўзи нависандаи рус Л. И. Толстой 160 сол пур шуд / Аз русӣ тарҷ. М. Боқиев // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 9 сентябр.
Паҳлавонов, А. Тарбияи озод: Варақе аз рўзгори Л.Толстой // Роҳи Ленинӣ . –1988. – 17 сентябр.
Роллан, Р. Зиндагии Толстой: Дар бораи кор ва фаъолияти Л. Толстой / Таҳияи С. Аловатшоҳ, М. Шодӣ // Адаб. – 2016. – №3. – С.70-77.
Мирзозода, А «Маҳкуми бегуноҳ» - сафобахши рўҳу тавонобахши равон: Роҷеъ ба китоби нависандаи оламуумули рус Лев Толстой «Маҳкуми бегуноҳ» // Садои мардум. – 2018. – 20 март.
Номаи нотамоми Максим Горкий ба В.Г. Короленко: Дар бораи фирори Лев Толстой аз хонаводааш ва марги ў // Адаб. – 2018. – №2. – С. 64-79.
Дар бораи ҳунар: Ба муносибати 190 солагии Л. Толстой / Тарҷумаи Рустами Ваҳобзода // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 20 сентябр.
Қоидаҳои зиндагии Лев Толстой: Нависандаи бузурги рус Лев Толсой / Таҳияи Юсуфҷон Бердиев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2018. – 29 ноябр.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ