Зиндагиномаи Абдусалом Атобоев

 Абдусалом Атобоев  20 апрели соли 1934 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми Омўзишгоҳи омўзгории Конибодом чанде дар зодгоҳаш муаллимӣ кардааст. Соли 1958 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро ба поён расондааст. Муддате дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва маҷаллаи «Машъал» кор кардааст, чанде сармуҳаррири бахши репертуари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон будааст. Аз солҳои 60-ум ба кори эҷодӣ пардохтааст.

 Аввал очерку ҳикоя менавиштааст, ки чанде аз онҳо дар моҳномаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Гулистон», «Машъал» ва маҷмўаҳои дастҷамъи нашр шудаанд. Осори мансураш дар китобҳои «Вохўрӣ бо падар» (1976) ва «Шиносоӣ» (1978) ба табъ расидаанд. Муваффақияти ў бештар дар драматургия ба чашм мерасид, ки намоишномаҳои «Суруди нотамом» (1991); Иллоанта» (1972), «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (ҳамроҳи Ғанӣ Абдулло, 1975), «Телеграмма ба Ленин» (ҳамроҳи Ғанӣ Абдулло, 1976) «Имтиҳон» (1977), «Қиссаи аввалин»(1978) ва «Қиёми Лоҳутӣ» 1976  гувоҳи онанд. Матни чанде аз намоишномаҳояш дар китоби «Вохўрӣ бо падар» (1975), «Намоишномаҳо», (1977) ва моҳномаи «Садои Шарқ» ба табъ расидаанд.

Барои радио повести  Садриддин Айнӣ “Ятим» - ро инсенировка кардааст. Асарҳои алоҳидаи Ю. Бондарев, И. Вазов, О. Айлд ва И. Қосумовро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 24 апрели соли 1986 аз ҷаҳон даргузашт.

 Бозчоп аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 44.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Абдусалом Атобоев ин матолиб қобили дарёфтанд

Дидори падар: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон. – 1975. – 156 с.

Атобоев, А. Иллоанта: Маҳзака иборат аз ду қисм ва чор намоиш // Роҳи сафед. – Душанбе, 1977. – С.69-116.

Шиносоӣ. – Душанбе: Маориф, 1978. – 64 с.

Суруди нотамом. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 176 с.

Шамшери меросӣ: Маҷмўаи пессаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 320 с.

Вақти гули шафтолу: Маҷмуаи қисса ва ҳикояҳо. – Душанбе: Ҳумо, 2004. – 1973 с.

Адабиёт ва тарбияи эстетики бачаҳо: Дар бораи повестҳои бачагонаи А. Атобоев // Тоҷикистони Советӣ. – 1979. – 14 июн.

Фоҷиаи инсон: Драмма // Садои Шарқ. – 1980. – №5. – С. 41-76.

Қуллаи ўқобон : Драмма иборат аз ду қисм // Садои Шарқ. – 1982. – №11. – С. 7-33.

Хирмани оташ : Ҳикояи воқеӣ // Занони Тоҷикистон. – 1982. – №2. – С. 10-11.

Ботирқулов, Т. Бозгашт аз шикор: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷумаи А. Отабоев // Маориф ва маданият. – 1982. – 4 август.

Шабнам таравид: Шеър // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 2 декабр.

Каҷ ва сарбоз: Шеър // Тоҷикистони Советӣ. – 1984. – 9 май.

Ботирқулов, Т.       Зард ва сурх: Ҳикоя / Аз қирғизӣ тарҷумаи  А. Атоев // Адабиёт ва санъат. –  1989. – 17 август.

                                            Дар бораи адиб

Таъзиянома: Ба драматурги тоҷик аз тарафи гуруҳи рафиқон           // Тоҷикистони Советӣ. – 1986. – 30 апрел.

Тоҳирӣ, М. Рафиқ: Сухане чанд бахшида ба нависанда А. Атоев // Садои мардум. – 1991. – 23 август.

Зайниддинов, М., Гулмуродов, З.        Бадри дурахшон: Оиди хаёт ва фаъолияти нависандаи наҷиб, драмманависи боистеъдод Абдусалом Атобоев // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 24 апрел.

Таҳияи Баргигул Наботова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ