Биҳишти рўи дунёӣ, Душанбе!
Нашр шуд 2019-04-18 11:58
Имрўз ҳар як сокини ин диёр ифтихормандона аз рўзи Пойтахти зебову дилрабои хеш шаҳри Душанбе хушнуди изҳор менамоянд. Андешамандона дар дил умеди боз ҳам зебову дилоро гаштани Пойтахти тоҷикиони рўи заминро мепарваранд. Халқи тоҷик дар тўли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳрҳои зиёд бунёд кардааст, ки мавриди таваҷуҳи оламиён буданд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боќӣ мондааст.
Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, фазо, барқ, боѓу дарахтзор, гулбоѓу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳу зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароѓи сидқу сафоро фурўзон нигоҳ дорем.
Ту шаҳри илму ирфонӣ, Душанбе,
Ту шаҳре дар дилу ҷонӣ, Душанбе.
Шабеҳат нест дар дунё дигар шаҳр,
Ту шаҳре, ки гулфишонӣ Душанбе.
Душанбе шаҳри зебоманзар астӣ,
Ба чашмонам мисоли гавҳар астӣ.
Ба ҳар ҷое, ки бошам, бо ту бошам,
Баробар ту маро бо модар астӣ.
Душанбе зарфи ин чанд соли охир шоҳиди авҷи сохтмонҳо шудааст, ки симои пойтахт, аз ҷумла маркази шаҳрро дигар кард. Бархе инро аломати табдил ёфтани шаҳр ба як пойтахти муосир медонанд ва бо парчами миллии 165-метрӣ, Нишони миллӣ, Китобхонаи нави миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Боғи Рўдакию Айнӣ ва як қатор боғу майдончаҳои варзишӣ, ки комилан аз нав сохта шуд, ифтихор мекунанд. Ҳамчунин бузургтарин Китобхона дар Осиёи Миёна ин дар Тоҷикистон мебошад, ки маҳз дар маркази шаҳри азизамон иқомат ёфтааст, ки ҳусну зебоии шаҳрро бо як бинои пурҳашаматаш зинати хос медиҳад. Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландиро доро мебошад. Масоҳати умумии китобхона 44 њазору 78 метри мураббаъ мебошад.
Имрўз њамчун бошандаи кучаки ин сарзамини бузург моро лозим меояд, ки бо тамоми бузургињояш онро васфу ситоиш намоем, зеро он бузургмењанест, ки ба дилу дидањо ҷо дорад.
Душанбе маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машњуру дилорост. Биноњои серошёна, ќасру толорњои барњаво, театру донишкадањои бузург, биноњои маъмуриву фарњангӣ, илова бар њамаи ин маркази сиёсию фарњангӣ ва иќтисодӣ буданаш Душанберо дањчанд зебову овозадор мегардонад.
Душанбе фахри њар як бошандаи баору номуси ин сарзамини дилорост. Даме, ки дар эљодиёти ин ё он адиби бузург васфи ин боѓшањри дилкушоро мутолиа менамоем, беихгиёр метавон гуфт, ки Душанбе дањчанди ин ситоишњову фузунтар аз њамаи арзишњост, зеботар аз ҳамаи зебогињои олам аст, ки аќли бинандаро мафтун мегардонад.
Исроил Иброҳимов,
мутахассиси шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдор