Дар радио ва телевизиони Тоҷикистон ба мисли садои Бурҳон Раҳмон кам садое буд, ки ба аксарият ошно набошад. Шунавандагон бахши бурунмарзии радиои Тоҷикистон, ки бо ин садо хӯ гирифта буданд, дар Эрону Афғонистон ва ҳар ҷо, ки он солҳо мавҷи радиои кишвар мерасид, интизор мешуданд. Гузашта аз ҳама Бурҳон Раҳмон инсони комил буд, вай ҳамеша ба дӯстонаш ва ҳамкоронаш дасти м адад дароз мекард. Хушсухану хушсуҳбат буд. Агар зинда мебуд, аз баҳори 85-и умр гул мечид. Ёдаш ба хайр.
Бурҳон Раҳмон дар деҳаи Одешти ноҳияи Ванҷ 4 апрели соли 1934 ба дунё омадааст. Ў таҳсилоти ибтидоиро дар хонаи кўдакони Ванҷ, Тавилдара ва Ҳисор фаро гирифтааст.
Бурҳон Раҳмон фориғуттаҳсили Омўзишгоҳи омўзгории ноҳияи Ғарм ва Донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанбе буд. Баъди хатми таҳсил Бурҳон Раҳмон якуним моҳ таҷрибаомўз ва аз 15 майи соли 1957 диктор — наттоқи гуфторҳои бурунмарзии радиои тоҷик шуд ва то охири умр дар Радиои Тоҷикистон ва унвони ровии барнома ва гуфторҳо барои хориҷи кишвар фаъолият мекард.
Ў зиёда аз 60 соли умрашро дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон ва то дер боз дар шабакаи «Овози тоҷик» кору фаъолият менамуд. Инчунин ў дар телевизион барномаҳои «Аз почтаи телевизион» ва «Чашма»-ро худ менавишт ва барандагӣ менамудааст. Ў ғайр аз фаъолияти ровигӣ ҳамчунин ба сифати муҳаррир, рўзноманигор ва ҳунарманди театр низ кору фаъолият карда, дар тарҷумаи 300 филми мустанаду бадеӣ овоз додааст.
Бурҳон Раҳмон корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, ровии радио ва телевизиони тоҷик, наттоқи дараҷаи олӣ, Корманди шоистаи фарҳанги тоҷик, Аълочии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шўравӣ ва Тоҷикистон, дорандаи чандин ифтихорномаи ҳукуматӣ ва сухангўйи писандидаи мардум мебошад.
Бурҳон Раҳмон 28 декабри соли 2015 бар асари беморӣ дар синни 81-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт.
Дар бораи Бурҳон Раҳмон
Мирзоев, К. Ҳамсадои рўдҳо: Дар бораи диктори радио Бурҳон Раҳмонов // Маориф ва маданият. – 1980. – 6 май.
Исмоилова, М. Овози шинос: Аълочии Комитети давлатии телевизион ва радиошунавонии СССР, Корманди Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон, барандаи дараҷаи олӣ Бурҳон Раҳмонов // Тоҷикистони Советӣ. – 1985. – 7 май.
Сўгворӣ: Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи радио ва телевизиони Бурҳон Раҳмонов // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 31декабр.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ