Сарсухани устод Садриддин Айнӣ ба шоҳасари мардумии “Чор дарвеш”
«Чор дарвеш» бори аввал дар соли 1295 ҳиҷрӣ (1878) дар Бамбай (Ҳиндустон) дар матбааи Ҳайдарӣ чоп карда шудааст. Дар ин чоп дар варақаи унвон (титульный лист) ба китоб «Чор дарвеш» ном дошта шуда ва номи муаллиф навишта нашудааст. Аммо автори муқаддимаи ин чоп, ки Мираҳмад бинни Шоҳмуҳаммад ном касест, ин китобро ба Амир Хисрави Деҳлавӣ нисбат медиҳад ва дар як ҷои муқаддима дар бораи сабаби таълиф мегўяд (мазмунан): «Дар вақти бемории шайх Низомиддин Амир Хисрави Деҳлавӣ ин қиссаҳоро зеби рақам карда (таълиф намуда), дар ҳузури шайх хонд ва шайх ба баракати хондани ин китоб аз беморӣ сиҳат ёфт».
Ин китоб бори дуюм дар соли 1318 ҳиҷрӣ (1900) дар Бамбай дар матбааи Муҳаммадӣ чоп шудааст. Дар ин чоп «Бахтиёрнома» ном як қиссаи дигар ҳам ба тарзе, ки қиссаҳои гузаштаро пурра кунад, илова карда шудааст. Дар варақаи унвони ин чоп номи китоб ва муаллиф ба ин тариқа қайд карда шудааст: «…Боғу баҳор мабнӣ бар саргузашти Чор дарвеш маа такмилаи Бахтиёрнома мавсум ба Баҳору боғ таълифи ҳазрати Амир Хисрави Деҳлавӣ».
Дар чопи дуюм ҳам ҳамон муқаддимаи чопи якум айнан нақл ёфтааст. Хонандагони он муқаддима ва бинандагони унвони чопи дуюми ин китоб, аз ҷумла асарҳои Хисрави Деҳлавӣ будани «Чор дарвеш» - ро ба ҳеҷ шакку шубҳа бовар мекунанд.
Аммо касе, ки ин китобро бо муҳокима ва диққати дуруст хонда мебарояд, мефаҳмад, ки ин асар ба Хисрави Деҳлавӣ ҳеҷ як алоқа надорад. Чунки муаллифи ин қиссаҳо дар рафти воқеаҳо шерҳои машҳури Ҳофизи Шерозиро (баъзеҳояшро бо тахаллуси Ҳофиз), якчанд байт аз тарҷеъбанди Абдураҳмони Ҷомиро, ки сарбандаш «Биншинаму бо ғами ту созам, Пинҳон зи ту бо ту ишқ базам» мебошад ва инчунин шеърҳои Урфии Шерозӣ, Шопури Теҳронии Ҳиндустонӣ, Муҳсинни Фонии Кашмирӣ ва Ғайратӣ барин шоиронро, ки баъд аз замони Хисрав дар дунё зиндагӣ кардаанд, меорад.
Акнун мо барои равшантар муҳокима кардани масъала замони ин шоиронро бо замони Хисрави Деҳлавӣ андоза намуда мебинем.
Ба мо маълум аст, ки Хисрави Деҳлавӣ дар соли 1329 вафот кардааст. Аммо Ҳофизи Шерозӣ дар соли 1392, Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 1493, Урфии Шерозӣ дар соли 1591, Шопур дар соли 1649 ва Мўҳсини Фонии Кашмирӣ дар солӣ 1671 вафот кардааст. Ғайратӣ бошад аз шоирони давраи Муҳаммадшоҳи Темурӣ аст, ки ин шахс дар Деҳлӣ аз соли 1718 то соли 1747 ҳукум рондааст.
Аз ин ҳисоб ва андозаҳо ошкор маълум мешавад,, ки замони Хисрави Деҳлавӣ нисбат ба замони Ҳофизи Шерозӣ, ки қадимтарин шоирони дар ин ҷо номбурдашуда мебошад, 70 сол пеш буда, аз замони Ғайратӣ, ки охирини ин шоирон аст, 400 сол пеш аст.
Агар «Чор дарвеш» асари Хисрави Деҳлавӣ мебуд, лозим меомад, ки ў дар таълифи худ аз шеъри шоироне, ки ҳатто баъд аз чорсад соли вафоти худаш зиндагӣ кардаанд, фоида бурда бошад. Ин, як фарази хандовар мешуд. Бинобар ин аз ин ҳуҷҷатҳои инкоркарданошуданӣ бо камоли равшанӣ собит мешавад, ки «Чор дарвеш» асари Хисрави Делҳавӣ нест.
Акнун дар ин ҷо дар хотири ҳар кас мегузарад, ки «пас ин асар аз они кист ва дар кадом вақт таълиф ёфтааст?» Мо дар ин ҷо анна ҳамин масъаларо ҳал мекунем:
Аз услуби суханронӣ ва приёмҳои ин асар, ҳам аз мундариҷоташ, ки қисман аз ҳокимияти мутлақаи деву парӣ дар олами башарият гап мезанад, маълум мешавад, ки ин қиссаҳо афсонаҳо халқҳои қадимии Ҳиндустонанд. Аз ҷумлаи афсонаҳои қадимии Ҳиндустон будани ин қиссаҳоро аз як ҷои муқаддимаи нусхаҳои чопи Ҳиндустон ҳам пай бурдан мумкин аст: муқаддиманависи он нусҳаҳо дар як ҷои муқаддимаи худ, бо нусхаи ўрду тарҷима карда шудагӣ татбиқ карда шудани нусхаи ба чопи тайёркардаи худро қайд мекунад. Маълум аст, ки афсонаҳои қадимии Ҳиндустон дар навбати аввал ба забони ўрду навишта шуда, баъд аз он ба забони тоҷикӣ бо алифбои арабӣ нақл ёфтаанд (афсонаҳои таърихӣ ва дигарҳо, ки «Сиярулмутааххирин» дар муқаддимаи китоби худ овардааст, ба ин аҳвол мисол шуда метавонанд).
Аммо аз баъзе иштироккунандагони ин воқеаҳо, аз тасври баъзе ҷоҳо ва маишатҳо ва ҳам аз оварда шудани шеърҳои баъзе шоирони асри XXVIII (масалан Ғайратӣ) дар рафти воқеаҳо тахмин кардан мумкин аст, ки ягон автори номаълум ё ягон авторе, ки маълум кардани номи худро нахостааст, он афсонаҳоро бо таассуроте, ки аз замони худаш гирифтааст, омехта дар охирҳои асри XVIII, ё дар аввалҳои асри XIX ба қалам гирифта, ба шакли ҳозираи «Чор давеш» овардааст.
Дар рафти воқеаҳои ин китоб баъзе шаҳрҳои фарангиён, ки дар Ҳиндустон (дар наздикии Вазиробод) дар бандари дарё бино ёфтаанд, монастирҳое, ки дар ин шаҳрҳо ҳастанд, одоби муоширати европагӣ (масалан ба пеши калонон сарбараҳна рафтани духтарони фарангӣ) ва дар бандар тўп зада, киштиро аз сафар боздоштан ва монанди инҳо чизҳое тасвир меёбанд, ки то истилои калонизаторҳои европагӣ дар Ҳиндустон ин чизҳо набудаанд.
Аз баъзе ҷоҳои ин қиссаҳо ҳамин ҳам маълум мешавад, ки ин асар баъд аз пайдо шудани фикрҳои прогрессивӣ дар халқҳои маҳалии Ҳиндустон навишта шудааст. Чунончӣ: дар як ҷои ин китоб модари бараҳманон ба муносибате аз марди аҷамӣ мепурсанд: «Магар шумо занони худро пинҳон медоред?». Марди аҷамӣ ҷавоб медихад: «Бале, ин айбро мо дорем».Модари бараҳманон мегўяд: «Ин хуб қоида нест».
Ана ҳамин ин нуктаҳо бо камоли равшанӣ нишон медиҳанд, ки ин қиссаҳо дар замонҳои наздик ба мо, дар таърихҳое, ки мо дар боло тахмин карда, кайд намудем, - дар солҳои, ки Ҳиндустон аз тарафи колонизаторҳои европагӣ истило ёфтааст, ба қалам оварда шудаанд. Акнун дар ин ҷо як саволи дигар дар хотири ҳар кас мегузарад. Бо ҳамаи ин фактҳо ва ҳуҷҷатҳои инкоркарданошуданӣ, ин китоб чаро дар чопҳои якум ва дуюм ба Хисрави Делҳавӣ нисбат дода шудааст?
Аввал ин ки асарҳои номаълумавторро ба ягон одами машҳур нисбат додан, хусусан афсонаҳои дур аз ақлро барои «рост карда нишон доданд» аз шахсони маълум ривоят карданд, як одати авомонаи умумӣ аст. Аҷаб нест, ки ин китоби номаълуммуаллиф ҳам ба ҳамин ҳодиса дучор шуда бошад, ноширон ва муқаддиманавис ҳам бе муҳокима кардани мундариҷоти китоб ин ривояти даҳонакиро бовар карда, асарро ба Хисрави Деҳлавӣ нисбат дода бошанд; дуюм ин ки аҷиб нест ин кор қасдан карда шуда бошад. Чунки нисбат додани як асари номаълумавтор ба як каси машҳур қимати он асарро зиёд карда, бозорашро тез мекунад. Ноширони онвақта, ки мақсадашон фақат тиҷорат ва бозортезкунӣ буд, аз ин гуна сохтакориҳо рўй намегардонданд ва муқаддиманавис бошад, яке аз хизматгорони онҳост, ки адо кардани фармоиши онҳоро вазифаи худ медонад.
Дар сабаби таълифи ин китоб шайх Низомиддини машҳурро, ки мардуми авоми Ҳиндустон хоки қабри ўро дар дидаи худ тўтиё мекарданд, дахлдор кардан ҳам ба ҳамин мақсад аст. Автори муқаддима баъд аз он, ки «бо хондани ин китоб саҳат ёфтани шайх» - ро менависад, мегўяд… «дуо менамуданд (яъне шайх Низомиддин), ки ё раб ҳар кас, ки ин қиссаро бихонад ё бишунавад, аз иллату амроз наҷот ёбад».
Муқаддиманавис бо ин қайди худ онҳоеро ҳам, ки ба қиссахонӣ хуш надоранд, аммо ба шайхҳо ва хусусан ба шайх Низомиддин эътиқод доранд, ба ин китоб харидор мекунад, то ки онҳо «барои наҷот ёфтан аз бемориҳо» ин китобро харида бихонанд. Муқаддиманавис бо зиёда кардани «ё ба шунуд» ҳатто бесаводонро ҳам талабгори ин китоб мекунад. Бечораи бесавод ҳам як нусха аз ин китоб харида, дар ҷои дуою тўмор хонаи худ мемонад ва ягон одами саводнокро ёфта оварда, зиёфат карда «барои наҷот ёфтан аз бемориҳо» ин китобро хононда мешунавад.
Мо бояд ин нуқтаро қайд карда гузарем, ки ин асар аз Хисрави Деҳлавӣ набошад ҳам, яке аз шоҳасарҳои бисёр дилчаспи халқӣ аст, ки аз замонҳои бисёр пеш сар шуда, бо пайдо шудани ҳодасаҳои нав дар дунё, то вақти навишта шуданаш пурра ва мукаммал шуда омадааст.
Дар ин китоб воқеаҳои бисёр аҷабу ғариб бо таъбирҳои бағоят делфиреб зинату зеб ёфтаанд. Бақаламорандаи ин қиссаҳо чунон устодӣ ба кор бурдааст, ки хонанда афсона ва беасос будани инҳоро дониста истода, бовар карданаш меояд.
Ровӣ, ё автори ин воқеаҳо интригаҳоро ҳам моҳирона сохтааст, хонанда бо сар кардани хониш китобро аз даст намегузорад, тақдири иштироккунандагон ва сирри ҳодисаҳои аҷибро фаҳмидан хоста, ҳар чи қадар корҳои зарур дошта бошад ҳам, ба як сў гузошта хонишашро давом медиҳад.
Дар ин қиссаҳо ҳеҷ як иштироккунадаи бадкирдор (манфӣ) беҷазо намемонад ва инчунин қаҳрамононе, ки хонанда ба онҳо муҳаббат пайдо карда, ба болои тақдир онҳо ларзида меистанд, бисёр таҳлукаҳои фоҷионаро аз сар гузаронда, оқибат ба муроду мақсадашон мерасанд. Яъне аз ин китоб ҳеҷ навмедие дар хонанда пайдо намешавад, балки ў ҷасорат ва қаҳрамонӣ, ба ҷазобинии бадкирдорон ва ба мақсад расидани соҳибғайратони софдил боварӣ пайдо мекунад.
Дар рафти воқеаҳо подшоҳони золим, вазирони бадкирдор ва умуман одамоне, ки аъзои пўсидаи ҷамъият ҳастанд, аз тарафи қаҳрамони фидокори ҷонсупор ҷазоҳои ибратомез дода мешавад (чунончи, дар саргузашти Дарвеши дуюм, подшоҳ ҷазо мебинад, вазири золими ў аз тарафи як ҷавони каҳрамон рўйрост кушта мешавад. Беҳзодхон пиразанеро, ки ҷосуси подшоҳ буд, дар вақте мехост ду касро ба куштан диҳад, пора – пора мекунад).
Дар ин воқеаҳо ба занон ва духтарон ролҳои бисёр калони қаҳрамона дода шудаанд: чунончӣ, духтари подшоҳи Фаранг, духтари подшоҳи Шом ва духтари вазири Рум ҳама чиз, мансаб ва зиндагонии бароҳати худро дар роҳи инсоният, мурувват ва муҳаббат ва аз барои зоҳир кардани ҳақиқат қурбон ва фидо мекунанд. Ин духтарон қаҳрамониро аз мардон мегузаронанд ва ба мардон бо кирдори худ қаҳрамонӣ ва мурувват меомўзанд ва дар воқеаҳои таҳлуканоки пурхавф шахсан карда ва корҳои базургро бо ташаббуси шахсии худ пеш мебаранд. Чунончӣ, духтари подшоҳи Шом ҷомафурўши разили ҳақношиноси золими сангдилро ба дастони худ мекушад, аммо барои хотири касе, ки духтари подшоҳ будани ўро надониста истода, ба ў некӣ кардааст ва дил бастааст, тоҷу тахт ва шавкати шоҳзодахонимиро партофта, бо ў ба биёбонҳои беобу алаф гурехта меравад.
Дар зимни воқеаҳои ин китоб хурофотпарастӣ ва деву париро ҳокими мутлақи олами башария донистани халқҳои онвақтаи Ҳиндустон, ки аз ин бало табақаҳои болои онзамонии онҳо ҳам холӣ набуданд, тасвир меёбанд. Инчунин разолатҳои табақаҳои болоии ҷамъияти феодалӣ, фасодии ахлоқи онҳо, ба арақ ва шароб қаноат накарда, ҳатто ба дараҷаи кўкнорнўшӣ пастӣ карданашон, ба воситаи масхарабозиҳои беадабона ба мансабҳои калон расиданҳо ва сарват ҷамъ карданҳо дар он ҷамъият ва монанди инҳо аҳволи он замон дар воқеаҳои ин асар акс менамоянд.
Автори ҳикоя дар як ҷои китоб, дар биёбонҳои ваҳшӣ, сарупо бараҳна, бо мўйҳои жўлида ва нохунҳои расида, нахўди хомро бирён карда хўрда зиндагӣ карда гаштани аҳолии маҳалли Ҳиндустон нишон медиҳад, ки ин аҳвол баъд аз истилои калонизаторҳои европагӣ, дар Ҳиндустон дар байни деҳқонони меҳнаткаши маҳаллӣ ранги умумиятро гирифтааст.
Дар муқобили ин зиндагии фоҷеона шаҳрҳои пуршукўҳи фарангиён – шаҳроне, ки колонизатор барои худ дар Ҳиндустон бино карда буданд, тасвир меёбад. Дар ин шаҳрҳо иморатҳои олии чандошёна, хиёбонҳои пурзебу зинат ва раставу бозорҳои пурмолу матоъ ва ҷавоҳир бино ёфтаанд, ки дар он ҷоҳо фарангиён, зану мард ҳама машғули хариду фурўш ва ҳама саргарми айшу нўшад.
Аммо дар ин гуна шаҳрҳо мардуми «беруна» - ро (мардуми маҳаллиро) роҳ нест. Ҳар каси «беруна», дар ин гуна шаҳрҳо қадам гузорад, бе пурсиш кушта мешавад.
Ин аҳвол ҳам айнан ҳамон ҳолатест, ки колонизаторҳои европагӣ дар колонияҳои шарқии худ (хусусан дар Ҳиндустон) ба вуҷуд овардаанд. Маълум аст, ки империалистон дар колонияҳои худ маҳаллаҳо ва шаҳрҳои ба худ махсус бино кардаанд, ки дар он ҷоҳо қадам мондани аҳолии маҳаллӣ мумкин нест.
Бештарин иштироккунандагони ин воқеаҳо ё савдогаранд ва ё подшоҳ ва подшоҳзодагонеанд, ки дар зери либоси савдогарӣ бо корвони савдо аз паи мақсаде мераванд.
Ин ҳодиса ҳам дар замони таълиф ёфтани ин китоб як ҳодисаи хатарнок буд. Чунки дар Ҳиндустон ва умуман дар олами Шарқ баъд аз истилои колонизаторҳо, аз як тараф оммаи аҳолӣ дар зери эксплуатасияи сахти чандтарафа монда ба «нахўди хом хўрда зиндагонӣ карда» маҷбур мешавад, аз тарафи дигар табақаҳои болоӣ ба тарзи даллолӣ бошад ҳам, ба савдо ва тиҷорат машғулӣ мекарданд. Ҳатто подшоҳон ва подшоҳзодагони онҳо ҳам, ки дар аввалҳои истило бо номи «подшоҳӣ» дар зери ғуломӣ ва бандагии хўҷаинҳои европагии худ монда буданд, мехостанд бо роҳи харидуфурўш ва тиҷорат як манбае барои таъмини ояндаи худ, аз болои мардум ёбанд.
Хулоса калом аз тарафи Нашриёти Давлатии Тоҷикистони Советӣ чоп карда шудани ин китоб барои хонандагони мо, ки аз аҳволи пештараи Шарқи мустамлика кам хабар доранд, як хизмати адабии сазовори табрик аст.
Ба болои ин, ин китоб як хазинаи пурқимати забони адабии классики сода аст, ки ҷавонон метавонанд ба қадри ҳиммат ва хоҳиши худ аз ин хазина ҳиссаҳо бардоранд. Ҳарчанд ба чоп тайёркунанда ба нияти осон ва замонӣ кардани забони ин аср дар баъзе ҷоҳо ҷумлаҳоро мувофиқи хоҳиши худ ва бо забони худ таҳрир карда бошад ҳам, ҳанўз бисёр ҷумлаҳои аслии китоб, ки ба тарзи шеъри мансур тартиб дода шудааст, дар ҳолати хуб боқист.
С. Айнӣ
«Чор дарвеш. – Душанбе: «Адиб», 2009 с. – 208 саҳ»
Китоби «Чор дарвеш»-ро шумо ба осонӣ метавонед аз толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасони «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дастрас намоед.
Таҳияи Шарифӣ С.-мутахасисси шўъбаи кӯдакон ва наврасон.