Оё мехоҳед филми “Марги судхӯр”-ро дар Китобхона тамошо кунед?
Нашр шуд 2019-02-08 16:11
Филми «Марги судхӯр» яке аз муваффақиятҳои бузурги синемои тоҷик ба шумор меравад. Бо филми «Марги судхӯр» кинематографияи тоҷик бори дуввум ба эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ рӯй овард (бори аввал аз рӯи асари «Дохунда» соли 1956 филм ба навор гирифта шудааст, сенарияи И. Луковский, Т. Собиров, рассом Д. Илёбоев, бастакор З.Шаҳидӣ).
Офарандагон ҳангоми тайёр намудани сенария ва замони наворбардор манзараҳои Бухорои кӯҳна, тарзи зисти мардумро бо тазоди ҷоҳу ҷалол ва фақру бенавоии он, фазилату ҷаҳолат, одамгарию беинсофии онро ниҳоят дақиқу равшан тасвир намудаанд.
Дар сенария асарҳои дигари устод Садриддин Айнӣ «Ҷаллодони Бухоро», «Ғуломон» ва ғайра ҳам ин гуна муқобилгузориҳо истифода шудаанд. Ба шарофати ҳамин, филм бисёр пурмазмун, баркамол ва фасеҳ баромад. Коргардони нотакрор Тоҳир Собиров махсусан ба интихоби ҳунармандон диққати махсус додааст. Дар ин филм бисёр ҳунарварони саҳна ва синамои кишвар ва Ӯзбекистон муддаии иҷрои нақши Қорӣ Ишкамба шудаанд, вале дар ин озмун Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Дӯстматов ғолиб омад. Истеъдоди баланд ба ин ҳунарманди бомаҳорат имконият дод, ки образи судхӯри манфурро дақиқу равшан ва таъсирбахш офарад.
«Ҳар гоҳе, ки дар бораи офарниши образи Қорӣ Ишкамба фикр мекунам, – вуҷудамро ҳаяҷон фаро мегирад. Ман, чун актёри кӯҳнакор мефаҳмам, ки ин то чи дараҷа кори масъулиятноку мушкил аст»,-ба ёд оварда буд вай.
Дар ин филми коргардон Тоҳир Собиров қувваю ҳукми сармоя ҳис карда мешавад ва Қорӣ Ишкамбаи ҷуволи пул, муҷассамаи он аст. Ҳукми ӯ бар сари халқ аз ҳукми амиру қозикалон камтар нест. Ҳирси молу зар, мумсикию чоплусии ӯ даҳшатовар аст. Вай мудом аз камбағалӣ менолад, дар тан ҳамеша як ҷомаи ҷанда дорад ва ҳатто аз гадоён ҳам аз садақагирӣ мекунад. Лекин Қорӣ-Ишкамбаи аксионери банки русу осиё ҳамчун анкабут тамоми Бухороро бо торҳои қарзаш печондааст.
Филм аз саҳнаи ба пойтахти хонигарӣ ба назди Бадриддин – номзади хоҳараш Гуландом омадан оғоз меёбад. Гуландомро Қорӣ-Ишкамба ба подоши карзҳои падараш гирифта будааст. Бадриддин медонад, ки барои озод кардани арӯсшавандааш пул лозим аст ва ӯро танҳо бойбабача – писари савдогар Мирзо Абдулло, ки гоҳ-гоҳ ба муллобачаҳои мадраса ёрӣ мерасонд, наҷот дода метавонад. Лекин бойбача ба худи ӯ ин маблағи калонро дода наметавонад. Ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки ба Қорӣ Ишкамбаи тавоно муроҷиат кунад. Бадриддин дар ҳама ҷо Қориро думболагирӣ мекунад ва оқибат ба хонаи ӯ мерасад. Дар он ҷо Гуландомро меёбад ва нақшаи фирори духтарро мекашад, зеро медонад, ки бо роҳи рост ба мақсад расиданаш маҳол аст.
Дар айни замон Қорӣ Ишкамба ба Мирзо Абдулло дар сари духтар савдо мекунад. Судхӯр ҳис намекард, ки Мирзо Абдулло – як дарандаи аз ӯ ҳам маккортар аст. Ин бойбачаи айёр судхӯрро ғорат мекунад. Муборизаи байни ду даранда муддати дуру дароз давом карда метавонист. Вале ин вақт ҳодисае рӯй дод, ки дуяшон ҳам чашмдор набуданд: дар Русия инқилоб ғалаба кард. Амир аз тахт афтод, банки мустамликавии русу осиёгӣ шикаст. Қорӣ Ишкамба ба шикасту барбодравии боигарияш тоб оварда натавониста, ҷон дод.
Муносибати эҳтиёткорона ба сарчашмаи адабӣ, интихоби хуби ҳунармандон, режиссура ва филмгирӣ аниқу фасеҳ ба муаллифон имконият дод, ки асари барҷастае офаранд, ки дар он манзараи васеи ҳаёти аморати Бухоро пурра ва равшан инъикос ёфтааст. Ба ғайр аз Зоҳир Дӯстматов дар офаридани ин филм хизмати ҳунармандони нотакрор Ҳабибулло Абдураззоқов (Бадриддин), Ато Муҳаммадҷонов (Мирзо Абдулло) ва З. Ҳасанова (Гуландом) хеле бузург аст.
Хонандагон метавонанд ин филмро аз бойгонии толори аудио-видеои маводҳои мусаббати шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дастрас намоянд.
Нигина Маҳмудова
корманди шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар