Чунин ном дорад китобе, ки нашриёти “Маориф” дар ҳаҷми 232 саҳифа чоп кардааст ва чуноне аз номаш пайдост, як дастури маслиҳативу машваратӣ барои касонест, ки дар остонаи интихоби касб қарор дорад. Китоб тозанашр нест, ҳанӯз соли 2017 чоп шудааст, вале бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд.
Муаллифони китоб мегӯянд “наврасону ҷавонон бояд донанд, ки дар дунё беш аз 50 ҳазор касби гуногун мавҷуд аст.Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозорӣ, талаботи бозори кор ва пешравии ҷомеа теъдоди касб рўз то рўз зиёд шуда, гуногунии касб ва пайдоиши талаботи бозорӣ истеҳсолӣ ва касбии муосир ҷавононро ба худ ҷалб намуда, интихоби он мутахасисони ояндаро ба меҳру садоқат,малакаву маҳорат ҳидоят мекунад”.
Суоле ба миён меояд, ки оё интихоби касб дар байни ҷавонон аз рўйи хоҳиш ва қобилияташон ба роҳ монда шудааст? Оё ҷавонон қобилияти дурусти интихобро доранд? Маҳз омўзгор метавонад майлу хоҳиш, қобилият ва шавқу ҳаваси хонандаро ба инобат гирифта, дар қалби ў нисбат ба касби дўстдоштааш меҳру муҳаббатро бедор кунад.Бо ин мақсад бояд дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гўшаҳои интихоби касб бо унвони «Ҳамаи касбҳо муҳиманд», «Касби ман –ифтихори ман», «Кӣ шудан мехоҳӣ?» ва ғайраҳо ташкил карда шуда, бо кормандони соҳаҳои гуногун мунтазам вохўриву сўҳбат гузаронида шавад.
Ҷавонон дар интихоби касб ба иштибоҳу шитобкорӣ бояд роҳ надиҳанд. Онҳо бояд касберо интихоб кунанд, ки ба дониш, шавқу рағбат ва маҳораташон мувофиқ бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд:
«Дар хотир бояд дошт,ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи даваронро ба воя расонад,пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо кунад».
Муаллифони китоби “Асосҳои интихоби касб”, аз 3 боб ва 24 бахш иборат аст, Давлатзода С., Назирӣ Л., Миралиев А., Расулзода А. мебошанд. Он чун китоби дарсӣ барои дарсҳои тарбиявии хонандагони синфҳои 10 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешниҳод шудааст.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши Шуъбаи кўдакон ва наварсон мутолиа намоянд.
Фирӯза Раҳимова, мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.