Эй ҷавони миллати боғайратам…
Нашр шуд 2018-11-12 12:08
10-уми ноябрро дар саросари ҷаҳон ҳамчун рўзи ҷавонон ва ҷавонӣ ҷашн гирифтанд, ки ин ифтихорот ба мо низ ошно аст. Қатори дигар давлатҳовумиллатҳои дунё ин санаи муҳимро қиммат доштан мебояд моро.
Ҷавонӣ овони шодиву сурур, даврони мунавварии ҳаёт аст. Қадри ин аёми мунавварро аз забони пирони барҷомондаю модарони солхўрда зиёд мешунавем ва чӣ дароваранд суханони ҳасратомез. Умри инсон ба мисли як субҳи баҳор аст, ки як шукуфтан дораду рӯ ба хазон овардан.
Мунаввар дидаи мову дили мо,
Зи нури оламафрўзи ҷавонӣ.
Ба қадри он расидан фарзу қарз аст,
Кӣ айёми азизи зиндагонӣ.
Баҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо, ҷавонони сарбаланди тоҷик кофист, ки имрўз бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ сазовори ифтихори Пешвои муаззам гардидем. Имрўз фаъолияти ҷавонони тоҷикро дар арсаи ҷаҳон чӣ дар соҳаи илм, сиёсат, варзиш, забондонӣ арҷ мегузоранд. Бале ҷовононро ҳамеша нерўи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат унвон мекунанд. Тоҷикистон, ки имрўз аз назари демографӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас бояд ҷавонон нерўи пешбарандаи сиёсӣ бошанд.
Ҷавоне, ки аз сиёсат канор меравад ва аз масоили сиёсии дохилу хориҷ огоҳ нест, чӣ гуна метавонад дар бартараф кардани мушкилоти печидаи сиёсиву фарҳангии миллати хеш саҳм гузорад? Бе иштироки фаъолонаи нерўи бузурги ҷавонон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатеро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таҷрибаи таърих низ баёнгари он аст, ки ҳеҷ таҳаввулоти чашмгир дар гўшаву канори олам бе ширкати ҷавонон сурат нагирифтааст ва нахоҳад гирифт. Табиист, ки бо мурури вақт як насл пир мешавад ва бояд насли дигар давомдиҳандаи кори пешиниён бошад.
Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд мекунанд, ки: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандўстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.”
Имрўзу фардои насли ҷавон дурахшон аст, дар зери сиёсати ҷавонпарваронаи Сарвари шоистаи миллати тоҷик. Боварӣ ба ҳар як ҷавони бедордили сарзамин илҳоми эҷод, талоши нек ва зиндагии комилро ҳадя сохт.
Насли неки ин кишвари аҷдодӣ пойдору ҷовидон бимонад!
Абдуғаюр Саломов,
Шуъбаи маркетинг ва менҷмент.