Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон ба кори худ поён дод
Нашр шуд 2017-04-14 19:56
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон- муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» ба кори худ поён дод. Ин Форум дар доираи таҷлили Соли ҷавонон ҷараён гирифт.
Дар Форум намоиши инноватсионии дастовардҳои соҳибкорони ҷавон ва ҷавонони фаъол ташкил шуд, ки дар рӯзи аввал аз он ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ҳамроҳ бо дигар меҳмонону иштирокдорон дидан карданд.
Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардида, дар он ҳудуди 400 нафар соҳибкорони ҷавон иштирок намуданд.
Форуми дар доираи силсилабарномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мусоидат дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ баргузор шуд.