Таътили тирамоҳӣ хонандагони мактабҳоро ба Китобхонаи миллӣ овард
Нашр шуд 2018-11-08 14:48
Эълони таътили тирамоҳӣ барои муҳассилини мактабҳои миёна онҳоро ба толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ овард. Зарфи шаш рӯзи аввали таътил ба ин толори хониш 991 нафар ташриф оварданд, ки бештар аз 150 тани онҳо нав аъзои китобхона шуда буданд.
Имсол бори аввал баъди солиёни зиёд таътилҳои тирамоҳиву баҳорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз сар гирифта шуданд. Ва аввалин таътили тирамоҳӣ хонандагони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои наздик ба онро ба толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ овард. Ҳамарӯза кормандони ин толор ба ба 160 то 200 нафар хонандагони наврас хизмат мерасониданд. Ҷамъ дар шаш рӯзи аввали таътил 991 нафар вориди ин толор шудаву адабиёти хостаи худро мутолиа кардаанд.
Дида мешуд, ки хонандагон бештар майл доранд тибқи супориши омӯзгоронашон адабиёт фармоиш диҳанд. Аз ҷумла онҳо “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт”, асарҳои Садриддин Айнӣ, Саййидои Насафӣ, Афсонаҳо, Зарбулмасалу чистону мақолҳо ва китобҳои дарсӣ низ дархост намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки толори намоишгоҳи шуъба пурра бо китобҳои тозанашре, ки нав қабул гардида буд, оро ёфтааст. Ба ҷуз ин китобҳо хонандагон китобҳои дигар фармоиш медиҳанд, ки далел ба ҷӯёи китоби хонданӣ шудани онҳост. Ва ё ин китобҳоро касе аз омӯзгорон ё калонсолон барои хондан тавсия додаанд.
Хонандагон ҳамчунин имкон доранд аз компутерҳои толор истифода баранд ва дарсҳои вижаро аз худ кунанд.