Комёри Шопур-фарзанди шоираи маъруфи эронӣ Фурӯғи Фаррухзод ва Парвизи Шопур дар синни 66 солагӣ бар асари сактаи қалбӣ аз олам даргузашт. Афсона Баёт-духтархолаи Комёри Шопур ин хабарро ба хабаргузориҳо тайид кардааст ва гуфтааст, ки рӯзи душанбе қалби Комёр аз задан бозмонд.
ВВС ин иқтибосро аз мусоҳибаи Комёр бо рӯзномаи “Шарқ” овардааст: “Аз тарафе хушҳолам, аз тарафе афсурдаам, чун нохудогоҳ мебинам, ки марг наздик аст ва хеле чизҳо бароям аҳамияташонро аз даст медиҳанд. Қаблан субҳҳо хеле зуд аз хоб бедор мешудам, аммо ин рӯзҳо ангезае барои бедор шудан надорам. Хеле куллӣ ба ҳама чиз нигоҳ мекунам, ҳисс мекунам ин кураи замин ва ин одамҳо чаро зиндагӣ мекунанд, вақте ҳеч чиз пойдор нест ва ҳама чиз нобуд мешавад? 40 соли дигар ман, ки ҳатман бо дунё худоҳофизӣ кардаам ва албатта тамоми касоне, ки мешиносам! Барои ҳамин як ҳисси бегонагӣ, ғарибӣ пайдо мекунад...”
Комёр ягона фарзанди Фурӯғ ва Шопур буд ва вақте ҳамагӣ се сол дошт, падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд. Падараш иҷоза намедод, ки Комёр бо модараш дидор кунад. Фурӯғ дар шеърҳояҳ ҷо-ҷо ишора ба номи Комёр дорад ва Шопур ҳам ин номро чун Комӣ ба худ тахаллус карда будааст.
Комёр бо модаркалон ва падараш мезиста ва хабари марги модарашро вақте дар мактаб мехонд, аз як ҳамсинфаш шунидааст. Баъди хатми мактаб ба Лондон рафтаву дар риштаи рассомӣ таҳсил намудааст ва баъдан ба Теҳрон баргаштааст.
Комёри Шопур як зиндагии миёнҳолона доштааст. Дар сӯҳбатҳояш бо расонаҳо аз шуғлаш ёдовар мешуда ва мегуфта, ки наққошӣ мекунад, пайкара метарошад, шеър ҳам менависад ва гиторе ҳам дорад, ки дар паркҳо оҳангҳои солҳои ҷавонии худро менавозад.
Аз суҳбатҳо маълум мешавад, ки ҳеч нашире, ки китоби модари ӯро чоп мекунад, ҳақе барои вай намедиҳад ва се сол пеш дар як мусоҳиба низ таъкид намудааст, ки “пайгирии ин моҷаро барои ман бо 63 сол син кори биёр сахте аст, магар дар чанд ҷабҳа бояд биҷангам”.
Дар маҷмуъ ду китоби шеъри Комёр интишор ёфта ва китоби сеюмаш ҳамоно дар вазорати иршоди Эрон, ки рӯи чоп надид.
Фурӯғи Фаррухзод охирин шеъраш дар бораи писараш Комёрро дар маҷмуъҳояш ҷо дода, ки ин аст:
Шеъри барои ту
Тақдим ба писарам Комёр ва бо умеди рузҳои оянда
Ин шеърро барои ту мегӯям,
Дар як ғуруби ташнаи тобистон.
Дар нимаҳои ин раҳи шумоғоз,
Дар кӯҳнагӯри ин ғами бепоён.
Ин охирин таронаи лолоист,
Дами пои гоҳвораи хоби ту
Бошад, ки бонги ваҳшии ин фарёд
Печида дар осмони шубоби ту.
Бигзор сояи ман саргардон
Аз сояи ту дуру ҷудо бошад.
Рӯзе ба ҳам расем, ки гар бошад
Кас байни мо, на ғайри Худо бошад.
Ман такя додаам ба даре торик,
Пешонии фишурда зи дардамро
Месоям аз умед бар ин дари боз
Ангуштҳои нозуку сардамро.
Он доғи нангхӯрда, ки механдид
Ба таънаҳои беҳуда, ман будам.
Гуфтам, ки бонги ҳастии худ бошам,
Аммо дареғу дард, ки “зан” будам.
Чашмони бегуноҳи ту чун лағзад,
Бар ин китоби дарҳами беоғоз.
Исёни решадори замонҳоро,
Бинӣ шукуфта дар дили ҳар овоз.
Ин ҷо ситораҳо ҳама хомӯшанд,
Ин ҷо фариштаҳо ҳама гирёнанд
Ин ҷо шукуфаҳои гули Марям
Беқадртар аз хори биёбонанд.
Ин ҷо нишаста бар сари ҳар роҳе,
Деви дурӯғу нангу риёкорӣ.
Дар осмони тира намебинам
Нуре зи субҳи равшани бедорӣ.
Бигзор то дубора шавад лабрез,
Чашмони ман зи донаи шабнамҳо.
Рафтам зи худ, ки парда барандозам
Зи чеҳраи поки ҳазрати Марямҳо.
Бигсастаам зи соҳили хушномӣ,
Дар синаам ситораи тӯфон аст.
Парвозгоҳи шуълаи хашми ман,
Дардо, фазои тираи зиндон аст.
Бо ин гуруҳи зоҳиди зоҳирсоз,
Донам, ки ин ҷидол на осон аст.
Шаҳри ману ту - тифлаки ширинам
Дерест, к –ошёнаи шайтон аст.
Рӯзе расад, ки чашми ту бо ҳасрат
Лағзад бар ин таронаи дардолуд.
Ҷӯӣ маро даруни суханҳоям,
Гӯӣ ба худ, ки модари ман ӯ буд.