Кормандони ҷавони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва номзади Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти кишвар
Нашр шуд 2020-10-08 16:53
Имрӯз бо ташаббуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши кормандони ҷавони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавриди ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар сухани ифтитоҳии худ гуфт, ки дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ ва Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятие, ки ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мебошад, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар ин замина, санаи 31 августи соли 2020 дар Анҷумани 14 ғайринавбатии худ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамовозии амиқ номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
Ҷавонони мо низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеъа иштирокчии фаъоли ҳамоиши “Интихоби мо-Пешвои миллат” гардида, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати имрӯзу фардои тақдири миллату давлати тоҷик бетарафӣ зоҳир накарда, тасмим гирифтанд, ки бо иштироки Шумо мавқеи устувори худро вобаста ба ҳамовозӣ аз муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзадии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд”.
Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ дар бораи нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот дар кишвар, рушди иқтисодиву иҷтимоии он, ғамхориҳои пайваста барои таъмини некуаҳволии халқ ибрози назар намуд. Вай гуфт, ки имрӯз ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, дӯстро аз душман фарқ кунанд, бинанд, ки бесуботӣ ба ҳамсояҳо чӣ меорад ва мо аз ин ибрат гирем ва нагузорем, ки душманон ба амнияту суботи мо халал расонанд.
Баъдан Убайдуллоева Манижабону – сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ” дар мавзӯи, “Тоҷнома”- ифтихори тоҷикон”, Ҳадиятуллоҳи Амриддин – сардори шуъбаи котибот дар мавзӯъи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаи китобдорӣ”, Мирзоева Фарзона – сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар мавзӯъи “Ҷойгоҳи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар тарғиби китоб шунида шуд.
Дар охир, Орзузода Фаромуз – сармутахассиси Маркази иттилооти ҳуқуқӣ матни изҳоротро қироат намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Мо – кормандони ҷавони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустаъқили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, бо шурӯи рисолати олии тамаддунсозии хеш, такя ба арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангӣ, фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.
Маҳз, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати оқилонаю фарҳангдӯстонаи Ҳукумати мамлакат, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дигаргунии куллиро ба вуҷуд овард, ки ин боиси беҳтар гардидани шароити зиндагии арзандаи мардуми кишвар гардид.
Бинобар ин, мо ба хотири фардои осудаву обод, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз эҳтиромона аз номи тамоми кормандони ҷавони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамовозӣ аз муроҷиатномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзади пешниҳодамудаи Иттифоқи қасабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем.”
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш ба анҷом расид.
Фарзонаи МИРЗО