Собиқадорони мо: Савриниссо Саидова

Исми Савриниссо Саидова барои аксари касоне, ки собиқаи тӯлонии кор дар Китобхонаи миллӣ доранд, ошност. Ҳамсари маҳбубтарин ҳунармандони кишвар, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳум Ато Муҳаммадҷонов, шахсе, ки бештар аз 30 соли умри пурбаракаташро дар китобхона сарф кардааст, муррабии даҳҳо ҷавонон буду ҳаст. Имрӯз бознишаста аст ва ҳамеша дар ёду хотири ҳамкор мебошад. Соатҳое фориғ аз кору ташвишҳои зиндагӣ ба аёдаташ меравем, ҳамроҳаш менишинем, аз суҳбатҳои хушу гуворояш баҳра мебардорем.

Инсони ба дилу дида наздик, шахсе, ки сӯҳбаташ аслан касро хаста намекунад, зиёд медонад, кам мегӯяд, ҳол он ки мехоҳем зиёд гӯяд ва мо бишнавем.

Савриниссо Саидова   муддати сӣ сол сарпарастии  як шуъбаи муҳим-библиографияи миллиро ба уҳда дошт ва дар пешрафти кори ин шӯъба хизматҳое шоистае кардааст. 

Савриниссо Саидова 25-уми апрели соли 1953 дар ноҳияи Шаҳринав  дар оилаи коргар ба дунё омад ва тоҷик ҳаст. Соли 1960 то соли 1970 дар мактаби миёнаи №4 ба номи А. Ҷомӣ ноҳияи номбурда таҳсил кард.

Соли 1971 таҳсили худро дар Донишгоҳи  санъати ба номи Мирзо Турсунзода факултаи актёри драма ва кино давом дода, соли 1975 Донишгоҳи номбурдаро бо муваффақият хатм кардааст.
Баъди анxоми таҳсил бо роҳхати Вазорати фарҳанги Тоxикистон ба театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор даромад ва муддате дар намоишномаҳои зиёде нақшҳо офарид. Вале баъдан муҳаббати китоб ӯро аз театр ба китобхона овард ва 8-уми октябри соли 1986 мудири бахши билиографияи миллӣ таъин гардид.
Муддати тӯлонӣ кор кардан дар як шуъба муҷиби он шуд, ки дар баробари корҳои хизматрасонӣ ба муштариён, созмон ва таҳрири дастгоҳи маълумотдиҳии шуъба (феҳрист ва картотекаҳо), кор бо хазинаи шуъба ва омода намудани дастурҳои библиографӣ дар якҷоягӣ бо ҳамкоронаш ҳисса гузошта, дар маҷмуаҳои тахассусӣ ва маҷаллаву рӯзномаҳо мақолаҳои зиёде таълиф ва чоп кард.
Ҳамчуноне ёдовар шудем, Савриниссо Саидова ҳамсари яке аз маҳбубтарин ва машҳуртарин ҳунармандони кишвар Ато Муҳаммадҷонов мебошад. Ҳамсари чунин шахсияте будан барояш осон набуд. Вале чун ҳарду ҳунарманд буданд, ҳамдигарро хуб дарк мекарданд. Ҳамин муҳаббату самимият барояшон имкон дод, ки солҳои тӯлонӣ ҳаёти хонаводагиро бо ҳама мушкилоташ пушти сар гузоранд. Имрӯз устод  Ато Муҳаммадҷонов, он ҳунарманди маъруф аз дори дунё рафта ва се фарзанди аз онҳо монда номбардорони волидони некноми худанд.  

Соҳиби се фарзанд ва 8 набера ҳастанд. Фарзанди калониашон Шаҳбоз ба корҳои тиҷорат машғул аст. Бахтиёр корманди Вазорати корҳои хориҷӣ буда, ҳоло дар Амрико маъмурияти хизматӣ дорад. Мирзо бошад коргардон ва танзимгари барномаҳо дар шабакаи телевизионии “Варзиш” аст.
Савриниссо Саидова Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Наргис Валиева,
сардори Шӯъбаи
библиографияи миллӣ.