Донишманди маъруфи тоҷик, пири муаррихони кишвар, академик Раҳим Масов дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд. Академик Масов баъди як бемории начандон тӯлонӣ аз сактаи мағзӣ аз олам даргузашта буд.
Бино ба гузориши расонаҳо ва шаҳодати шоҳидон дар аснои кандани қабри таърихшиноси варзида академик Раҳим Масов дар оромгоҳи Лучоб бозёфти нодир- кӯза, пораҳои он ва мӯҳраву марвориди қадима дарёфт шуд.
Сайидмурод Бобомуллоев, яке аз шогирдони муваффақи академик Масов гуфтааст, ки ин бозёфтҳои нодир муталлиқ ба асри биринҷӣ буда, таърихи беш аз 3500-сола доранд.
Академик Раҳим Масов умре таърихи миллат меҷусту дар ин бора менавишт ва як маъхази таҳқиқоташ ҳамин ёдгориҳои ёфтаи бостоншиносон буд.
Басо рамзист, ки дар охирин лаҳзаҳое, ки миллат бо олими барӯмандаш падруд мегуфт, аз зери хок нишонаҳои асрҳои қадим пайдо шуданд ва бисёриҳо инро як пайванде ба кору пайкори устод Масов донистанд.
Аз академик Раҳим Масов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед пайдо ва мутолиа намоед:
Массов, Р., Султонов, Ш. Абдураҳим ҳоҷибоев: Нахустин раиси Шўрои Комисарони халқии РСС Тоҷикистон // Ҳақиқати таърих: Саҳифаҳои ноаёни таърихи ПК Тоҷикистон. – Душанбе, 1990. – С. 134-146.
Масов, Р., Султонов, Ш. Нусратулло Махсум: Оид ба аввалин раиси Комитети инқилобии Республика, Раиси комитети иҷроияи Марказии республика // Ҳақиқати таърих: Саҳифаҳои ноаёни таърихи ПК Тоҷикистон. – Душанбе, 1990. – С. 123-134.
Масов, Р., Султонов, Ш. Абдулқодир Муҳиддинов: Яке аз роҳбарони Ҷумҳурияти Тоҷикистон // Ҳақиқати таърих: Саҳифаҳои ноаёни таърихи ПК Тоҷикистон. – Душанбе, 1990. – С. 146-161.
Аз таърихи маорифи халқ дар уезди Хуҷанд // Маориф ва маданият. – 1963. – 23 март.
Манбаҳои аввалини корҳои маданӣ-маърифатӣ: Барпо кардани муассисаҳои маданӣ-маърифатӣ дар Тоҷикистон // Маориф ва маданият. – 1969. – 20 декабр.
Тадқиқи пурарзиш: Доир ба дигаргунии бузурги мадании республика ва нишон додани роли роҳбарияти партия // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1977. – 13 январ.
Дар васфи дўстию бародарӣ: Дар бораи китоби номзади илмҳои таърих М. Наимов таҳти унвони «Бо роҳи ленинии дўстӣ ва бародарӣ» бо сарсухани Академики Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон С.А. Раҷабов // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 19 октябр.
Таҷрибаи таърихии сохтмони сотсиалистӣ дар Бадахшони советӣ // Коммунисти Тоҷикистон. – 1983. – №6. – С. 93-95.
Тантанаи сиёсати миллии Ленин: Таърихи халқи тоҷик пас аз ғалабаи Октябри Кабир ва барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 4 декбр.
Аз таърихи муборизаҳои Инқилобӣ: Асарҳои оммавӣ-сиёсӣ, таърихӣ, адабӣ-ба муносибати 60-солагии Республикаҳои Иттифоқи Советии Сотсиалистии Миёна // Тоҷикистони советӣ. – 1985 . – 15 июн.
Маданияти Тоҷикистон дар солҳои санҷиши ҷанг // Коммунисти Тоҷикистон. – 1985. – №9. – С. 91-93.
Табаддуллоти қатӣ: Таърихи халқи тоҷик // Комсомоли Тоҷикистон . – 1987 . – 29 ноябр.
Вассофи октябр: Асарҳо ва эҷодиёти доктори илми таърих профессори кафедраи КПСС Т.Р. Каримов // Гапзетаи муаллимон . – 1988. – 12 апрел.
Меҳтари Тоҷикистон: Рўзгори нахустин раиси КИМ – и республика дар ҳуҷҷатҳои таърих // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 8 январ.
Дар бораи олими шинохта:
Кўҳзод, Ў. Таърихи илми таърих: Ба муносибати нашри китоби муаррих Р.М. Массов «Таърихи илми таърихӣ ва истериографияи сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон» // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 12 январ.
Субҳон, А. Боз як китоби рўи мизӣ: Ё қиссаи доғҳои сафеди таърихи тоҷикон // Овози тоҷик. – 1992. – 19 март.
Бекзода, К. Риндона сухан гуфтӣ: Ба муносибати 60-солагии академик Раҳим Массов // Наврўзи ватан. – 1999 . – №2. – феврал. – С. 5.
Самад, А. Фидоии миллат: Ба ифтихори 60-солагии таърихшинос академик Раҳим Массов // Ҷумҳурият. – 1999. – 13 ноябр.
Асрориён Ҷ. Як ҷаҳон оинаи бо санге шикастан метавон: Андешаҳо дар гирди «воқеияти таърихӣ…»-и академик Раҳим Массов / «Ориё Пресс, №2, 11. 01. 2001 // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2002. – 15 феврал.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова, Ҳусния Назарова
кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ