Ҳаққи устод аз падар беш аст...
Устод Шарифҷон Комилзода ба синни мубораки 60 қадам гузоштанд. Муборакашон бод ин шасти камолот!
Аммо боварнакарданист, чун гумонам ҳамагӣ дирӯзакак буд, ки дар Донишгоҳ гӯш ба суханони устод аввалин дарси саводи китобдорӣ меомӯхтам. Гумонам дирӯзакак буд, ки китоб ва китобхона ва муқаддас будани суханро аз забони устод мешунидам.
Аммо замони донишҷӯӣ низ чун боди даргузар зуд гузашту рафт. Мо донишкадаро хатм кардем, дигар зангӯла моро ба синфхонаҳо намехонад ва мо низ дигар аз ҳарфу садои устодонамон маҳрумем. Рафтем паси кор, бояд андӯхтаҳоро дар амал татбиқ мекардем. Дипломи хатми донишкада дар даст, бори аввал ба нияти пайдо кардани ҷойи кор дари Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсиро кӯфтам. Ва аз устодам Шарифҷон Комилзода, ки он замон Директори ҳамин китобхона буданд, хоҳиш кардам маро ба кор қабул кунанд. Посух мусбат буд. Ман ба кор қабул шудам.
Ёд дорам аввалин суҳбати мо дар утоқи қабулро. Устод аз ину он пурсон шуданд, дар бораи таҳсилу корҳои дипломиву ҳимояи рисолаи дипломӣ ва имтиҳонот суолҳо карданд. Ва ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, ба ёд меорам, ки ҳамаи пурсишҳои устод ба хотири он буд, ки майли ман ва қобилияти маро донанд, ки ба кадом шуъбаи китобхона метавонам кор кунам. Ва бо пешниҳоди он кас ба шӯъбаи библиографияи миллӣ ҳидоят шудам. Шӯъбае, ки баъдан дӯсташ доштам ва инак 12 сол аст, ки дар он кор мекунам.
Ман устодро равоншиноси хубе дарёфтам. Дар як сӯҳбат дарк мекунанд, ки корталаб чӣ истеъдод дорад ва дар кадом шӯъба метавонад ифои вазифа кунад. Ва аслан иштибоҳ намекарданд.
Дар ҷараёни кор борҳо шуда, ки чун ҳамаи дигар кормандон бо устод сӯҳбатҳо доштам. Ҳамеша мепурсидам ва баъзан аз пурсишҳоям хиҷолат мекашидам. Вале як сухани устод ҳамеша дар гӯшҳоям садо медиҳанд: “Пурсидан айб нест, надонистан айб аст. Пурсед, то ки донед ва чун пурсанд тавонед посух диҳед”.
Ин суханони ҳикматдор 12 сол аст, ки маро раҳнамоӣ мекунад. Ва дигар аз пурсидан шарм намедорам, мепурсам, то ки бидонам, донам, то ки ба саволи дигарон посух диҳам.
Устод Комилзода мураббии сахтгир, вале дилсӯзанд. Шогирдонашонро дӯст медоранд, вақте сухани сахт мегӯянд, мо дарк мекунем, ки хатое аз мо рафта, ки бояд ислоҳаш кунем. Ва ин сахтгирӣ ба нафъи мо будаву ҳаст.
Дар бораи устод Шарифҷон Комилзода гуфтаниҳои зиёд дорам, ки дар мавриде хоҳам гуфт. Ҳоло аз номи шигирдонашон дар Шӯъбаи библиографияи миллии Китобхоани миллӣ Зафар Ғолибов, Бибикубрия Қурбонова ва ҳамаи кормандони дигар устодро ба муносибати шасти камолоташон муборакбод мекунам. Барояшон беҳтарин хушиҳои оламро таманно дорам!
Наргис Валиева,
сардори Шӯъабаи библиографияи миллӣ.
Аз Шариф Комилзода ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин мавод қобили дарёфт аст:
Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ: Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ / Мураттибон Ҳ. Маҳмадҷонов, Ё. Сучонӣ; Зери назари умумии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ш. Тошев. –Душанбе: Эҷод, 2004. – 88 с.
Нашрияҳои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ: Нишондиҳандаи библиографӣ (1983-2003) / Мураттибон Ҷ. Раҷабов, Г. Мадиева, И. Рытикова; Муаллифи пешгуфтор ва муҳаррири масъул Ш.К. Тошев, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент. – Душанбе: Эҷод, 2004. – 116 с.
Соли 2006 – соли тамаддуни ориёӣ: Феҳристи адабиёт / Мураттибон Ҷ. Раҷабов, З. Содиқова; Муҳаррир ва муаллифи пешгуфтор Ш. Тошев. – Душанбе: Эҷод, 2006. – 28 с.
Менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ: Дастури методӣ-амалӣ / Таҳияи С. Шосаидов ва Ш.Тошев; Муҳаррир Ҷелмат Шерматов. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 112 с.
Китобшинос: Китобномаи шарҳиҳолии Шариф Комилзода (Тошев) / Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқадимавӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Авғонов; Зери назари номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ҷелмат Шерматов. – Душанбе: Эҷод, 2008. – 104 с.
Библиографияи адабиёт барои кўдакон ва наврасон: Мавод барои омўзиши фан / Зери назари Қ.Бўриев. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2011. – 128 с.
Иҷлосияи сарнавиштсоз: Феҳристи адабиёт / Мураттибон Ш. Комилзода, М. Акобирова; Зери назари Н. Салимов. – Душанбе: Бухоро, 2012. – 206 с.
Осорхонаи Тоҷикистон дар даврони истиқлол: Феҳристи адабиёт /Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ Ф. Шарифзода; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 224 с.
Эшонқулова, М. Фаъолияти абонементи байни китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастур барои китобдорон / Муҳаррир ва муаллифи пешгуфтор Ш. Комилзода. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 86 с.
Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб Ш. Комилзода; Зери назари Н. Салимов. – Душанбе: ЭР-граф, 2013. – 656 с.
Ваҳдати миллӣ: Китобнома / Мураттиб Ш. Комилзода; Зери назари М. Асрорӣ. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 342 с.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Дирўз ва имрўз: Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 196 с.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: Феҳристи осор ва адабиёт доир ба ў / Мураттибон Ш. Комилзода, С. Иброҳимова; Муҳаррир Қ. Бўриев. – Душанбе: Аржанг, 2015. – 128 с.
Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945): Рисолаи библиографӣ / Муаллифон-мураттибон Ф. Қараев, Ф. Аминов; Зери назари Ш. Комилзода. – Душанбе: Андалеб-Р, 2015. – 328 с.
Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ: Китобнома / Мураттиб Ш. Комилзода; Зери назари академик А. Раҳмонзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 224 с.
Бўриев, Қ. Б. Таърихи библиографияи тоҷик (аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХ1) / Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2017. – 260 с.
Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб Д. Раҳимов; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: ЭР-граф. – 2017. – 280 с.
Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон: Маҷмўаи мақолаҳо / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Қ.Б.; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2017. – Китоби 6. – 640 с.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар масири таърих // Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб Д. Раҳимов; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: ЭР-граф. – 2017. – С. 291-304.
Мақолаҳо аз матбуоти даврӣ
Нақши Китобхонаҳо дар тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ // Китобдор. – 2007. – №1 (2). – С. 20-21.
Андешаҳои муаллиф пас аз боздиди китобхонаҳои Иёлоти Мутаҳидаи Амрико // Китобдор. – 2008. – №2 (4). – С. 32-34.
Густариши ҳамкориҳои мутақобили Китобхонаҳои миллӣ: Ҷаласаи 10-уми ҷамъияти ғайритиҷоратии “Асамблеяи китобхонаҳои Авруосиё дар Ҷумҳурии Озорбойҷон // Китобдор. – 2008. – №2 (4). – С. 25-26.
Дастовардҳои фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон” // Китобдор. – 2008. – №1 (3). – С. 35-36.
Нақши Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А. Фирдавсӣ дар рушду нумўи илми китобдории тоҷик // Китобдор. – 2008. – №1(3). – С. 12-17.
Фонди тиллоии Китобхонаи Фирдавсӣ: Шўъбаи дасхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир // Китобдор. – 2009. – №2 (6). – С. 24-25.
Китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ: Робита ва тафовут: Воситаҳои нави интиқоли матни электронӣ, ҷорӣ шудани интернет дар фаъолияти китобхонаҳо // Китобдор. – 2010. – №1(7). – С. 13-15.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он // Паёмномаи фарҳанг. – 2012. – №3. – С. 4-8.
Нашри китобҳои электронӣ ва тарғиби онҳо тавасути сомонаҳои интернетӣ: Китобшиносӣ // Паёмномаи фарҳанг. – 2012. – №2. – С. 73-79.
Нақш ва мақоми китобхона дар ҳаёти ҷомеа: Дар ҳошияи суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни кишвар // Китобдор. – 2013. – №1-3. – С. 11-13.
Робита бо китобхонаҳои ҷаҳон густариш меёбад: Китобхонаи миллии Тоҷикистон // Ҷумҳурият. – 2013. – 5 январ.
Гуфтугўи тамаддунҳо омили рушди ҳамкориҳои башардўстона дар Иттиҳод // Форуми Х-уми илмӣ ва эҷодии зиёиёни кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Остона (Қазоқистон) // Баҳори Аҷам. – 2015. – 30 октябр.
Дар бораи Шариф Комилзода
Комилзода, Ш. Аниси кунҷи танҳоӣ...: Сўҳбати рўзноманигор Хайруллоҳ, Д. Бо директори Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ Комилзода, Ш. оиди намоишгоҳи байналмилалии китоб // Фараж. – 2011. – 1 июн.
Комилзода, Ш. Китобномаи президентӣ интишор ёфт: Мусоҳибаи рўзноманигор Нусратулло, Р. бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода // Дунёи китоб. – 2013. – №6-7 август- сентябр.
Бўриев, Қ., Муродӣ, М. Маъвои ганҷ: Муарифии китоби Шариф Комилзода бо унвони “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ”// Ҷумҳурият. – 2016. – 1 апрел.
Комилзода, Ш., Маҳмудов, Г. Муҳимтарин ихтирои башар китоб аст: Сўҳбати Б. Каримзода бо Директори Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода ва муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобеки Маҳмуд роҷеъ ба рушди соҳаи китобу китобдорӣ // Садои мардум. – 2017. – 17 октябр.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ