Оҳангсоз, шоир, Арбоби намоёни сиёсӣ-ҷамъиятии замони шўравӣ, устод Зиёдулло Шаҳидӣ (1914-1985) зодаи шаҳри Самарқанд буда, аввалин бастакори тоҷик, хатмкардаи мактаби компазитории консерваторияи Москва мебошад. Бо эҷоди баландмазмунаш мусиқии миллиро бо мусиқии ҷаҳони пайвастааст.
Зиёдулло Шаҳидӣ ба ҳайси роҳбари бадеии Филармонияи давлатӣ, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, котиби масъули Иттифоқи композиторони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Депутати Шўрои олии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Достонҳои симфонии «Бузрук», «Симфонияи мақом» ва увертюраи операи «Комде ва Мадан» кофист, ки номаш то абад миёни офарандагони мусиқии ноб зинда бимонад.
Зиёдулло, Шаҳидӣ тамоми умр ба омўхтани мусиқии тоҷик ва ҷаҳонӣ машғул буда, бисёр асарҳояш дар шаҳрҳои Москва, Тошканд, Олмотӣ рўи чоп омада, санъаткорон ва овозхонони миллатҳои гуногун иҷро кардаву ба навор гирифтаанд.
Зиёдулло Шаҳидӣ муаллифи зиёда аз 300 суруд мебошад, ки аксари онҳо дар хазинаи тилоии радиои кишвар ва телевизион маҳфузанд. Маҳз бо дарназардошти ҳамаи ҳамин заҳматҳову дастовардҳо дар замони соҳибистиқлол Колеҷи мусиқии касбӣ ба номи ў номгузорӣ гардидаву, Осорхонаи давлатии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ таъсис гардида, ҳамчунин яке аз кўчаҳои шаҳри Душанбе ба номи ў номгузорӣ гардидааст.
Барои хизматҳои эҷодиаш Зиёдулло, Шаҳидӣ бо ордениҳои «Нишони фахрӣ», «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шуда, ба унвони «Артисти хизматнишондодаи республика» қадршиносӣ гардидааст.
Таронаҳои Зиёдулло Шаҳидӣ навоварие дар фарҳанги мусиқӣ миллии замони шуравӣ буда, дар дили мардум хеле хуб ҷой гирифтаанд. Зиёдулло, Шаҳидӣ зодаи шаҳри Самарқанд буда аввалин композитори тоҷик, хатмкардаи мактаби композитории консерваторияи Маскав буда, зимни фаъолият мусиқии миллиро бо мусиқии ҷаҳони пайвастааст.
Ин ҳақиқат дар операи «Комде ва Мадан» ва «Ғуломон» симфонияҳо ва асарҳои камеравиву инструменталӣ, сюитаву романсҳо ва мусиқиҳои кинову театр мушоҳида мегардад. Саҳми боризу нотакрори Зиёдулло Шаҳидӣ дар ҷаҳонӣ гардидани «Шашмақом» низ фаромўшношуданист. Ў тавонист, ки мусиқии тоҷику аврупоро ба ҳам омезиш дода, ба дастовардҳои бузург ноил гардад.
Зикр намудан бамаврид аст, ки имрўз дар махзани Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» китобҳо ва нотаҳои зиёде аз устод маҳфуз буда, хоҳишмандон метавонанд ин нотаҳоро аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дасрас намоянд.
Аз ҷумла:
Таҳияи Зебиниссо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар