Покистон беш 100 адад нусхаи электронии китобҳои нодирро ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард

Аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Покистон ба махзани электронии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон  беш аз 100 адад нусхаҳои электронии китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ тақдим гардид.

 Дар байни нусхаҳои тақдимшуда  чанд адад нусхаи нодир, аз ҷумла «Девон»-и Нуриддин Воизи Шопурӣ, «Таърихи Шокирхонӣ», «Изҳори адвия ва тасовири ҷонварон» ва «Таърихи ҳашт биҳишт» мавҷуд аст, ки дар махзани шуъбаи мазкур нигоҳдорӣ мешаванд. Ҷамъи ин нусхаҳо барои муҳаққиқону пажуҳишгарони тоҷик ҳадяи маънавии хубе мебошанд.

Ёдовар бояд шуд, ки моҳи феврал ва июли соли ҷорӣ ва ҳамчунин соли гузашта ҳам аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон чанд адад китобу маҷалла ва нусхаҳои электронии хаттӣ ва чопи сангӣ тақдим гардида буд.

Роҳбарияти китобхонаи миллии Тоҷикисон ва кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир аз ин ташаббуси ходимони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон сипосгузор аст.

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ
Сардори шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодири КМТ

Барчаспҳо: